Пограничники на кыргызско-таджикском участке государственной границы

Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон: сокинон ҳамдигарро сангборон намуданд

630
(Таҷдидшуда 11:26 18.12.2019)
Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ба намояндагони ҳар ду кишвар муяссар шуд, ки  одамони ба хашмомадаро ором кунанд. Дар натиҷаи ин муноқиша касе осеби ҷиддӣ надидааст

ДУШАНБЕ, 18 дек — Sputnik. Дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи навбатӣ ба вуқӯъ омад, хабар медиҳад сомонаи РИА Новости бо истинод ба маълумоти Хадамоти марзбонии Қирғизистон.

Ба иттилои манбаъ, дар муноқиша ҳудуди 200 нафар сокинони ҳар ду ҷониб ҳузур дошта, ҳамдигарро сангборон намуданд.

"Субҳи имрӯз, тақрибан соати 9.30 дақиқаи ба вақти вақти Маскав дар деҳаи Кӯктош байни шаҳрвандони Қирғизистон ва Тоҷикистон баҳси лафзӣ ба вуқӯъ пайваст, ки сипас ба муноқиша печид. Тақрибан 80 шаҳрванди Қирғизистон ва 100 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон якдигарро сангборон карданд", - омадааст дар хабар.

Гуфта мешавад, ба ҷойи ҳодиса фавран сарҳадбонон, роҳбарони мақомоти минтақавӣ ва кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар  омада расиданд.

Хадамоти марзбонии Қирғизистон мегӯяд, ба намояндагони ҳар ду кишвар муяссар шуд, ки  одамони ба хашмомадаро зуд ором кунанд.

манбаъ меафзояд, дар натиҷаи ин муноқиша касе осеби ҷиддӣ надидааст.

Сабаби муноқиша, ба гуфтаи мақомоти марзбонии Қирғизистон, латукӯб шудани шаҳрванди Қирғизистон аз ҷониби тоҷикон арзёбӣ мешавад.

Сангпартоӣ ва шишаҳои шикаста: “бетартибӣ”-и марзбонони қирғиз дар марз

Ёдовар мешавем, ки қаблан 16 - уми сентябр дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша навбатӣ рух дода буд. Дар паи тирпарронӣ се смарзбони тоҷик ҷон бохт.

Мақомоти Тоҷикистону Қирғизистон дар ҷанҷолу тирандозӣ дар марзи ду кишвар ҳамдигарро мутаҳҳам карда буданд.

Мақомти Қирғизистон эълон кардааст, ки дар натиҷаи тирандозӣ як сарбози ин кишвар аз тири нерӯҳои Тоҷикистон ба ҳалокат расидааст.

630
Барчаспҳо:
муноқиша, Қирғизистон, Тоҷикистон