Тиркушоии марде дар назди бинои ФСБ дар Маскав-видео

405
(Таҷдидшуда 21:13 19.12.2019)
Дар кӯчаи Лубянкаи шаҳри Маскав дар назди бинои Хадамоти федералии амният – “ФСБ” марде аз автомати Калашников тирпаронӣ кардааст

ДУШАНБЕ, 19 дек — Sputnik. Марди номаълум шоми имрӯз дар назди бинои “ФСБ” аз автомат тир кушода, феълан дар як бино камин гирифта, тирпарониро идома дода истодааст, хабар дод шабакаи телевизионии "360".

Бар асоси иттилои тасдиқнашуда, як нафар ба ҳалокат расида, ду нафари дигар маҷруҳ шудаанд. Дар шабакаи интернет наворҳо аз макони тирпарронӣ нашр шудаанд, ки дар он фарёдзании мардум ва садои тирпаронӣ шунида мешавад.

Феълан роҳ дар макони ҳодиса баста буда, маъмурини мақомоти махсус ва пулис кор мекунанд. Расонаҳо хабар додаанд, ки мард дар биное дар Лубянка камин гирифта, тирпарониро идома дода истодааст. Гуфта мешавад, ки ҳамлагар ва қурбониён метавонанд кормандони мақомоти амниятӣ бошанд.

405