Боздошти сокини ноҳияи Рӯдакӣ бо 194 кг шираи камол

© Sputnik / Михаил Воскресенский / Гузариш ба медиабонкЗадержание, наручники
Задержание, наручники - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар муомилоти ғайриқонунии шираки камол гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Кормандони милитсия як сокини ноҳияи Рӯдакиро боздошт намуданд, ки дар муомилоти ғайриқонунии шираи камол даст доштаст, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Цветок ферулы - Sputnik Тоҷикистон
Парвандаи ҷиноӣ алайҳи сокини Вахш барои шираи камол

Ба иттилои манбаъ, сокини 30 - солаи ноҳияи Рӯдакиро кормандони милитсия бо 6 адад зарфҳои 20 - литраи ва 2 адад селофани полиэтиленӣ боздошт намуданд, ки дар дохили он шираи камол мавҷуд буд.

Зимнан, Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ маълум намуд, ки маводи мазкур дар асл шираи камол буда, вазни холиси он 194 кг 120 граммро ташкил медиҳад.

Боздошти ду сокини Ишкошим ба иттиҳоми муомилаи шираи камол

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Қаблан кормандони пулис сокини 52 - солаи ноҳияи Вахшро боздошт намуданд, ки дар муомилоти беш аз 575 кг шираи камол даст дошт.

Феълан дар Тоҷикистон барои ҷамъоварии шираи камол танҳо ширкатҳои “Фароз” ва “Мину-фарм” иҷоза доранд.

Бар асоси Кодекси ҷиноӣ барои муомилоти ғайриқонунӣ бо шираи камол, ба миқдори калон, ҷарима ба андозаи аз ҳафтсад то як ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё бо маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати аз се то панҷ сол пешбинӣ шудааст.

Лентаи хабарҳо
0