Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Садамаи маргбор: ҳалокати шаҳрванди Тоҷикистон дар Калуга

360
(Таҷдидшуда 20:01 26.12.2019)
Бар асари садамаи мудҳиши нақлиётӣ дар вилояти Калуга, шаҳрванди Тоҷикистон ҷон бохт. Ронандаи тоҷик, ки бо суръати баланд ҳаракат дошт ба сутуни канори роҳ ба шаст бархурд

ДУШАНБЕ, 26 дек — Sputnik. Дар вилояти Калуга ронандаи тоҷик дар як садамаи маргбори нақлиётӣ ба ҳалокат расид, хабар медиҳад "Комсомольская правда - Калуга".

Ба иттилои манбаъ, садамаи мудҳиш шаби 25 ба 26 - уми декабр дар кӯчаи Борисоглебский Обнинска рух дод.

Гуфта мешавад, ронанда аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба симҷӯби канори роҳ бархӯрд, ки дар натиҷа сутун ба болои мошин чаппа шуда,ронандаро зер кард.

Манбаъ меафзояд, ки ба ҷойи ҳодиса фавран наҷотбахшон омада расиданд. вале танҳо 20 дақиқа пас онҳо тавонистанд ронандаро аз дохили мошин берун кунанд.

Автобус бо 36 мусофир чаппа шуд: 8 нафар ҳалок ва 21 тани дигар захм бардоштанд

Наҷотбахшон барои берун овардани ронанда болопӯши мошинро арра намуданд.

Пизишкони мошини Ёрии таъҷилӣ дар ҷойи ҳодиса ба шаҳрванди тоҷикистон кӯмаки аввалия расонда ӯро ба бемористон интиқол доданд ,вале пизхишкон натавонитанд ҷони ӯро аз марг наҷот диҳанд.

Қайд гардидаст, ки омили асосии рух додани садамаи маргбор суръати тез ва инчунин надоштани чархҳои зимистона арзёбӣ мешавад.

360
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, шаҳрванд, маргбор, садама, Русия