Пассажирский самолет рухнул в Алматы

Суқути ҳавопаймои мусофирбар дар Алмаато: 14 кас ҳалок шуд

343
(Таҷдидшуда 10:13 27.12.2019)
Дар Алмаато ҳавопаймои мусофирбар суқут кард. Бино ба маълумоти пешакӣ дар паи ин ҳодиса чордаҳ кас ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Дар Алмаатои Қазоқистон ҳавопаймои мусофирбари ширкати "Бек Эйр" суқут кард, хабар медиҳад Sputnik Қазоқистон бо истинод ба Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода.

"Имрӯз ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки тариқи хатсайри 2100 Алмаато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз кард, аз радар ғайб зад. Дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 сарнишин воқеъ буданд", - омадааст дар хабарнома аз фурудгоҳи Алмаато.

Тибқи иттилои манбаъ, дар паи ин ҳодисаи нохуш 14 кас ҷон бохтааст.

343
Барчаспҳо:
ҳалокат, ҳавопаймо, суқут