Суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон, акс аз бойгонӣ

Барқияи тасаллияти Эмомалӣ Раҳмон ба Қосим-Жомарт Тоқаев

93
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Қосим-Жомарт Тоқаев, раисиҷумҳури Қазоқистон барқияи тасаллият ирсол намуд

ДУШАНБЕ, 27 дек — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон, Раҳмон андуҳашро аз хабари ғамангези суқути ҳавопаймо дар Қазоқистон баён дошта, ба наздикони қурбониён изҳори ҳамдардӣ кардааст.

“Бо андӯҳи гарон хабари ҳузнангези суқути ҳавопаймои мусофирбарро дар наздикии фурудгоҳи Алмаато дарёфтам. Ба наздикону пайвандони қурбониён изҳори тасаллияти амиқ намуда, ба ҳамаи осебдидагон шифои оҷил хоҳонем”, - омадааст дар барқияи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба Тоқаев.

Ҳавопаймои ширкати "Бек эйр", ки дар масири Алмато-Нурсултон, соати 7:05 парвоз дошт, аз назари дастгоҳҳо нопадид гашт. Фурудгоҳи Алмато хабар дод, ки дар дохили ҳавопаймо 95 мусофир ва 5 узви ҳайати халабонҳо буданд.

Қаблан хабар дода шуд, ки сарнишинҳои ҳавопаймои суқуткарда шаҳрвандони Қазоқистон, Украина, Чин ва Қирғизистон будаанд.

То ҳол мақомоти Қазоқистон марги 15 нафарро тасдиқ карда, даҳҳо нафари дигар дар беморхона бистарӣ мебошанд.

93
Барчаспҳо:
ҳавопаймо, суқут, Тоҷикистон-Қазоқистон