Сотрудник Федеральной службы безопасности, архивное фото

Пешгирии ФСБ аз амалиёти террористӣ дар Санкт-Петербург дар арафаи таҷлили Соли нав

342
(Таҷдидшуда 10:23 30.12.2019)
Хадамоти федералии амният – “ФСБ”-и Русия дар асоси маълумоте, ки ҳамтоёни амрикоӣ ба онҳо пешниҳод намуданд 27 декабри соли равон ду шаҳрванди Русияро, ки тасмим доштанд дар ҳудуди шаҳри Санкт-петербург амалиёти террористӣ анҷом диҳанд, боздошт намуд

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. ФСБ-и Русия дар натиҷаи маълумотҳои пешниҳоднамудаи ҳамтоёни амрикоии худ амалиётҳои террористиро, ки қарор буд дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ дар ҳудуди шаҳри Санут-Петербург сурат мегирифт, пешгирӣ намуданд, иттилоъ додааст маркази матбуоти ФСБ-и Русия.

“Хадамоти федералии амният – “ФСБ”-и Русия дар асоси маълумоти пешакӣ, ки аз ҷониби ҳамтоёни амрикоӣ пешниҳод шуд, санаи 27 декабри соли равон ду шаҳрванди Русияро, ки мехостанд дар ҷойҳои серодам дар шаҳри Санкт-Петербург дар арафаи таҷлили Соли нави мелодӣ амалиётҳои террористӣ анҷом диҳанд, боздошт намуданд”, иттилоъ додааст манбаъ.

Таъкид шудааст, ки аз ин ду шаҳрванди Русия ҳангоми боздошт далелҳои бевосита дарёфт карда шудааст. Хадамотҳои тафтишотии ФСБ-и Русия парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шудааст ва дар ҳоли ҳозир, кормандони ФСБ-и Русия аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Қаблан Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Доналд Трамп, ҳамтои амрикоии худ занг зад ва аз ӯ барои пешниҳоди маълумот дар бораи амалиёти террористӣ, ки қарор буд дар қаламрави Русия сурат бигирад, сипосгузорӣ кард.

Ахиран Владимир Путин, раисҷумҳури Русия рӯзи 19 декабри соли равон, дар рӯзи кормандони хадамотҳои амниятӣ эълон кард, ки дар соли равон дар Русия 33 амалиёти террористӣ пешгирӣ карда шуд.

342
Барчаспҳо:
Соли нав, боздошт, амалиёт, террористӣ, шаҳрванд, Санкт-Петербург, амрикоӣ, Русия, ФСБ