Сотрудник МЧС во время учений, архивное фото

Сӯхтори шабона: дар Душанбе ошхонаи назди бозори "Саховат" оташ гирифт

338
(Таҷдидшуда 12:37 30.12.2019)
Сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надоштааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik. Сӯхтор нимишабии 30-уми декабр, тахминан соати 02:25 дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён” воқеъ дар кӯчаи Крупская 1 ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, ки дастаи махсуси зудамали наҷоти Раёсати Кумита дар шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса сафарбар гардидааст.

Ҳалокати се кӯдак аз сухтор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров

Ҳамзамон, Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ 9 мошини сӯхторнишонии худро ба маҳалли ҳодиса эъзом кардааст.

"Дар як муддати кутоҳ сӯхтор хомӯш карда шуд", - омадааст дар хабарнома. 

"Сӯхтор" дар бозори "Корвон плюс"-ро 634 корманди мақомот хомӯш карданд

Манбаъ афзуда, ки сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.

338
Барчаспҳо:
душанбе, сӯхтор, Тоҷикистон