Сӯхтор, акс аз бойгонӣ

Сӯхтори “Ҳоҷиён” ва 2 ошхонаи дигар дар Душанбе: нақли шоҳидону шарҳи мақомот-аксҳо

986
(Таҷдидшуда 14:34 30.12.2019)
Сӯхтори шаби 30-юми декабр дар маҳалли бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе ошхонаҳои машҳури "Сафо" - собиқ “Ҳоҷиён”, "Сомониён", "Наврӯз" ва як манзили истиқоматиро хароб кардааст

ДУШАНБЕ, 30 дек — Sputnik.  Сӯхтор шаби 30 декабр ошхонаҳои "Сафо", "Сомониён", "Наврӯз"-ро пурра нобуд сохта, як манзили истиқоматӣ дар қафои ошхона қисман осеб дидаст, хабар дод Шамсулло Фозилов, хабарнигори нашрияи “Фараж” дар сафҳаи фейсбукияш.

“Чанд шоҳиди ҳодиса, ки дар наздикии бозор зиндагӣ мекунанд, ба "Фараж" гуфтанд, соат аз 1-и шаб гузашта буд ва аз садоҳои баланди мардуми дар назди ошхонаҳо ҷамъшуда бедор шуда, ба ҷои ҳодиса шитофтанд, вале мақомот мегӯянд, сӯхтор соати 2:30 дақиқа сар задааст ва дар муддати як соат аз ҷониби сухторнишонҳо хомӯш карда шудааст. Зарари расида феълан маълум нест”, - навиштааст Фозилов.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, сӯхтор дар ошхонаи “Ҳоҷиён”, воқеъ дар кӯчаи Крупская 1 ноҳияи  Фирдавсии  шаҳри Душанбе, ба амал омадааст.

Гуфта мешавад, ки Сарраёсати хадамоти давлатии оташнишонӣ низ 9 мошини сӯхторнишонии худро ба маҳалли ҳодиса эъзом кардааст.

"Дар як муддати кутоҳ сӯхтор хомӯш карда шуд", - омадааст дар хабарнома. 

Манбаъ афзуда, ки сабаб ва ҳаҷми сӯхтор аз тарафи мақомотҳои дахлдор муайян карда мешавад. Оташсӯзӣ талафоти ҷонӣ надоштааст.

986
Барчаспҳо:
нобуд, оташ, сӯхтор, Душанбе, Тоҷикистон