Дорожный знак, архивное фото

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма

1246
(Таҷдидшуда 16:42 02.01.2020)
Дар паи садамаи нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма сокини деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғоб ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 2 янв — Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон ҳодиса рӯзи 31-уми декабри соли 2019, тахминан соати 19:50-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Ҳалокати Маҳмадзамони 32 сола аз сангзании ду ҷавон дар Кӯҳистони Масчо

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "УАЗ-469", Худоназаров Ёрмамад Озодмамадович, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мурғоб, ҳангоми ҳаракат дар километри 930-юми шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Ашимов Идрис Эшбоевич, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Мурғоби ноҳияи Мурғобро пахш намудааст.

Рӯйхати қурбониён: шарҳи расмии КҲФ дар бораи садамаи пурқурбонӣ дар Ваҳдат

"Дар натиҷа, пиёдагард Ашимов И.Э. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

1246
Барчаспҳо:
садамаи нақлиётӣ, ВКД, Тоҷикистон