Члены группировки Аш-Шабаб. Архивное фото

Ҳамлаи интиҳории ҷангҷӯён ба пойгоҳи баҳрии Амрико дар Кения

412
Субҳи барвақти имрӯз ҷангҷӯёни мусаллаҳ ба базаи баҳрии Амрико мустақар дар Ҷумҳурии Кения ҳамла оварданд

ДУШАНБЕ, 5 янв - Sputnik. Ҷангҷӯёни ал-Шабоб ба пойгоҳи баҳрии Амрико дар ноҳияи Ламу дар уқёнуси Ҳинд ҳамла карданд, гузориш медиҳад Daily Nation, бо истинод ба мансабдори ҳукумати маҳаллӣ.

Комиссари ноҳиявӣ Ирунгу Мачария ба нашрия гуфтааст, ки террористони мусаллаҳ субҳи якшанбе ба лагер ворид шуда, оташ кушодаанд. Ҳамзамон, сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки  тирпаронӣ аллакай пеш аз паҳн гардидани ин хабар дар расонаҳо қатъ карда шуд.

"Ин хабар саҳеҳ аст. Ҷангҷӯёни ал-Шабаб ба пойгоҳи баҳрии Manda Mahogoni ҳамла карданд. Нерӯҳои мудофиаи Кения бо ҷинояткорон, ки имрӯз соати 04:00 ба лагер ҳамла кардаанд, мубориза мебаранд", - гуфт Мачария.

НАТО ба муноқишаи калон омода мешавад. Оё ҷанг мешавад?

Зимнан, манобеи Nation низ гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои Қувваҳои мусаллаҳи Кения ҳам дар ҷавоб чанд мушак партоб намуданд.

Гуфта мешавад, ки ҷангиёни Аш - Шабоб аз маҳали аҳолинишини Ҳиндӣ зада даромаданд ва қабл аз ҳамла ҳатто неруи барқро хомӯш намуданд.

Зикр мегардад, ки мақомоти амниятии ин кишвар ҳамлаи интиҳории ҷангҷӯёнро бартараф кард, вале то ҳол маълумот дар мавриди талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ рӯи даст нест.

Дар ҳамин ҳол намояндгони гурӯҳи террористии аш - Шабоб масъулиятиин ҳамларо бар ӯҳда гирифтанд.

412
Барчаспҳо:
ҷангҷӯён, ҳамла
Машина пожарной службы

Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозор дар Душанберо гуфтанд-видео

252
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозори “Зарафшон”-и маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Меҳрӣ Бӯриеваро, ки шоми 17 январ рух дод, расиши ноқилҳои барқӣ гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи Меҳрӣ Бӯриева тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.

Манбаъ аз қавли корманди  хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Нурмаҳмад Хӯшаев афзудааст, ки оташсӯзӣ масоҳати 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.

Таъкид шудааст, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева будааст.

Оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, таъкид намудааст подполковник Нурмаҳмад Хӯшаев.

Дар баробари ин сомонаи Фараж хабар додааст, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.

252
Сотрудники милиции

Пулис ду сокини Хатлонро дар Душанбе барои ташкили "алик-малик" боздошту ҳабс кард

254
(Таҷдидшуда 14:05 18.01.2021)
Ин ду ҷавони боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт ва ҷазо дода шуданд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Ҳафтаи гузашта кормандони милитсия дар шаҳри Душанбе назди бозорҳо ва ҳамчунин дар кӯчаҳо рейдҳо роҳандозӣ намуданд, хабар медиҳад Раёсати умури дохила дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, кормандони пулис асосан қиморбозонро дастгир мекарданд.

Рейд: боздошти гургҳои қиморбози "алик-малик" дар Душанбе

Ҳамин тариқ, РВУД дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду ҷавони 26 ва 27 - сола хабар медиҳад, ки яке сокини шаҳри Кӯлоб ва дигаре сокини ноҳияи Фархор мебошанд.

"Ҳомидов Хуршед ва Юнусов Самандар, ки дар кӯчаи Муҳаммадҷон Қосимови ноҳияи Фирдавсӣ ба бозии "алик-малик" машғул буданд, дастгир шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ меафзояд, ки ҳар ду боздоштшуда қаблан низ аз ҷониби кормандони милитсия барои кирдорҳои ғайриқонунӣ боздошт шуда буданд.

Ҳамин тариқ, бо ҳукми суд нисбати ҳар кадоме ҷазо дар намуди ҳабси маъмурӣ ба муҳлати 7 шабонарӯзӣ таъин карда шуд.

254
Барчаспҳо:
ҷилавгирӣ аз фаъолияти қиморхонаҳо, боздошт, Душанбе
Рустами Шоҳмурод, вакили парлумони Тоҷикистон, акс аз бойгонӣ

Қонуни нави хизмати ҳарбӣ: маблағу тартибро Ҳукумат муайян мекунад

815
Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ”-ро ҷонибдорӣ кард

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Рустам Шомурод, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният зимни ҷаласаи Шӯро аз ҳадафҳои қонуни нав гуфт.

“Уҳдадории ҳарбиро шаҳрвандони ҷинси марди Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ, таҳсилот ва молу мулк, ки аз ҷиҳати саломатӣ ва инкишофи ҷисмонӣ қобили адои хизмат мебошанд, инчунин шаҳрвандони ҷинси зани Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба талаботи муқарраршуда ҷавобгӯ буда, аз рӯи ихтисосҳо барои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қӯшунҳо ва воҳидҳои дигари ҳарбӣ ихтиёран тайёрии заруриро гирифтаанд, иҷро мекунанд”, - изҳор доштааст Шомурод.

Ба иттилои котиботи Маҷлиси намояндагон, лоиҳи қонуни мазкур бо мақсади пурра ба танзим даровардани муносибатҳои хизмати ҳарбӣ, аз ҷумла даъвати шаҳрвандон ба хизмати ҳарбӣ, таҳия ва пешниҳод гардидааст.

“Дар лоиҳаи Қонун тартиби нави хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ пешбинӣ гардидааст. Айни ҳол шаҳрвандони дар ҳайати эҳтиётӣ қарордошта сол ба сол бинобар синну соли ниҳоии дар ҳайати эҳтиётӣ будан кам шуда истодаанд, ки ҳангоми сафарбарӣ ё ҳолати ҷангӣ пуррагардонӣ ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амнияти кишвар мушкилиро ба миён меорад”, - омадааст дар иттилоия.

Таъкид шудааст, ки татбиқ намудани чунин намуди хизмати ҳарбӣ ба зиёд гардидани шаҳрвандони ҳайати эҳтиётӣ ва ҷалби бештари ҷавонон мусоидат намуда, саркашии онҳо аз иҷрои вазифаи конститутсионӣ бартараф мегардад. Тартиб ва андозаи маблағи хизмати ҳарбии мазкурро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад, афзудааст котиботи Маҷлиси намояндагон.

“Зимнан, дар лоиҳаи Қонуни мазкур ҷиҳати басанда будани афсарони ҳайати эҳтиётӣ ва ба танзим даровардани фаъолияти кафедраҳои ҳарбии назди муассисаҳои таълимии давлатии таҳсилоти олӣ, ба хатмкунандагони кафедраҳои ҳарбӣ додани рутбаи ҳарбии афсарӣ пас аз адои 12 моҳи хизмати ҳарбии ҳатмии муҳлатнок пешбинӣ карда шудааст”, - омадааст дар иттилоия.

815
Барчаспҳо:
қонун, хизмати ҳарбӣ, Тоҷикистон