Ҳалокати шаш муҳоҷири тоҷик бар асари сӯхтор дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав

644
(Таҷдидшуда 15:43 07.01.2020)
Дар ноҳияи Раменскоеи вилояти Маскав чанд хобгоҳи коргарон, ки дар дохили хоҷагии гармхона қарор дошт ба коми оташ гирифта шуд. Дар натиҷа шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 7 янв — Sputnik. Субҳи имрӯз бар асари сӯхтор дар деҳаи Нестеровои ноҳияи Раменское вилояти Маскав шаш шаҳрванди Тоҷикистон ҷони худро аз даст доданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раёсати КҲФ вилояти Маскав.

“Субҳи рӯзи сешанбе дар деҳаи Нестеровои ноҳияи Раменское чанд хобгоҳи коргарон, ки дар дохили хоҷагии гармхона қарор дошт ба коми оташ гирифта шуд”, - зикр намудааст КҲФ вилояти Маскави Русия.

Тибқи иттилои КҲФ Русия Масоҳати умумии сӯхтор 240 метри мураббаъро ташкил додааст.

Дар натиҷаи сӯхтор шаш шаҳрванди Тоҷикистон ба ҳалокат расида, як нафари дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошта ба беморхона интиқол дода шудааст.

Пештар КҲФ Русия хабар дод, ки ҳамаи қурбониёни сӯхтор зодагони Осиёи Миёна мебошанд ва эҳтиомл дорад шаҳрвандони Тоҷикистон бошанд.

Аммо чанд лаҳза пештар хабаргузории РИА Новости дар истинод ба мақомоти КҲФ вилояти Маскав хабар дод, ки ҳамаи қурбониён – ҳам 6 нафари ҳалокшуда ва ҳам он як захмӣ – шаҳрвандони Тоҷикистон мебошанд

Дар ҳоли ҳозир сӯхтор комилан хомӯш карда шудааст ва сабаби ин сӯхтор аз тарафи мақомоти дахлдори Русия тафтиш мегардад.

644
Барчаспҳо:
муҳоҷири тоҷик, ҳалокат, оташ, гармхона, ҳалокати шаш нафар, сӯхтор, Маскав