Дорожный знак возле дороги Бишкек–Иссык-Куль, архивное фото

Ҳалокати духтарчаи ҳаштсола зери чархи мошин

130
(Таҷдидшуда 15:56 10.01.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳалокати духтарчаи ҳаштсола зери чархи мошин дар шаҳри Турсунзода, хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 10 янв — Sputniк. Бино ба гузориши Вазорати корҳои дохилӣ, ҳодиса рӯзи 8-уми январи соли 2020, тахминан соатҳои 11:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Мингбоев Маҳмуд Абдуҳамидович, соли таваллудаш 1962, сокини деҳаи Нақшабанди шаҳри Турсунзода хурдсол Маҳмадалиева Уғулой Саъдуллоевна, соли таваллудаш 2012, сокини ҷамоати деҳоти Пахтаободро пахш намудааст.

Садамаи маргбор дар шоҳроҳи Душанбе-Хоруғ-Мурғоб-Қулма

Гуфта мешавад, ки ҳодисаи нохуш дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Пахтаободи шаҳри мазкур ба вуқӯъ пайвастааст. Сабабаш аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронанда, гуфта мешавад.

"Дар натиҷа, хурдсол Маҳмадалиева У.С. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

130
Барчаспҳо:
пахш, садамаи нақлиётӣ, Турсунзода, Тоҷикистон