Горная дорога в Таджикистане

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе-Кӯлоб

622
(Таҷдидшуда 10:43 12.01.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз ҳодисаи нохуши нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 12 янв — Sputniк. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилӣ ҳодиса, рӯзи 9-уми январи соли 2020, тахминан соати 20:00 ба вуқӯъ пайвастааст.

Бархӯрди маргбори 2 “Опел зафира” дар роҳи Душанбе-Чаноқ-аксҳо

Бино ба иттилои ин ниҳод, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”, Табаров Рамазон Амонуллоевич, соли таваллудаш 1983, сокини ноҳияи Восеъ, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Кӯлоб, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Оқсуи ноҳияи Данғара, дучархарон (велосипедрон) Файзов Ҷамолиддин Бегиҷонович, соли таваллудаш 1997, сокини деҳаи Данғараи-болоро пахш намудааст.

Ҳалокати духтарчаи ҳаштсола зери чархи мошин

Гуфта мешавад, ки сабаби садамаи нақлиётӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромадани ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” будааст.

"Дар натиҷа, дучархарон Файзов Ҷ.Б. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

622
Барчаспҳо:
Данғара, Тоҷикистон, маргбор, садама
Девочка плачет, архивное фото

Шарҳи пурраи ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар Душанбе

49
(Таҷдидшуда 13:59 10.08.2020)
Прокуратураи генералии Тоҷикистон шарҳи бештари ҳодисаи таҷовузи духтарчаи сесола дар пойтахтро аз суи як ҷавон нашр кард

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич, ки қаблан ду маротиба суд шуда буд, аз гузаштаи худ хулосаи зарурӣ набароварда, боз дар ҳолати ретсидиви хавфнок ба содир намудани ҷиноятҳои қасдонаи махсусан вазнин - таҷовуз ба номус ва ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ нисбат ба шахси баръало ба синни чордаҳсолагӣ нарасида даст задааст. 

Манбаъ мегӯяд, ӯ бо мақсади мардикорӣ ба шаҳри Душанбе омада, дар ҳудуди шаҳри Душанбе ҷои зисти доимӣ надошт, мунтазам машруботи спиртӣ истеъмол намуда, дар даромадгоҳҳои хонаҳои истиқоматии баландошёна, майдончаҳои варзишӣ ва кӯчаву паскӯчаҳои беодам шабҳоро гузаронидааст.

  “05 майи соли 2020 ҳангоми гузаштан аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев, бинобар ҳолати мастии майзадагӣ ҳиссиёти шаҳвониаш боло рафта буд, хурдсол “А”, соли таваллудаш 2017-ро танҳо дида, дар вуҷудаш қасди содир намудани алокаи ҷинсӣ ва ҳаракатҳои зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ ба вуҷуд омадааст”,-афзудааст манбаъ.

  Ӯ бо роҳи фиреб, бо баҳонаи аз мағоза барояш харидани маводи хурока, охиринро тариқи автомашинаҳои мусофиркаши ҷамъиятӣ аз кӯчаи Н.Ҳувайдуллоев ба кӯчаи Зарафшон-2 ноҳияи Сино бурдааст.

  “Зиёев Ю.Р. баъд аз ин, ба назди истгоҳи трансформатори № 9/4 ноҳияи Сино омада, аз ҳолати кушода будани дари хуҷраи трансформатори мазкур ва набудани одамони гирду атрофи он истифода карда, духтари хурдсол “А”-ро дохили ҳуҷраи номбурда, ки тавоноии 1000 кВА-ро дорад, даровардааст. Барои озодона анҷом додани қасди ҷинояткоронаи худ, шароит фароҳам оварданӣ шуда, аз гирду атроф як адад палос ва курпаи истифодашудаи фарсударо пайдо карда, дар замин партофтааст”,-мегӯяд манбаъ.

  Тибқи иттилои манбаъ, ӯ аз ҳолати оҷизии духтари хурдсол “А” истифода карда, нафси шаҳвонии худро қонеъ намудааст. Баъди содир намудани ҷинояти таҷовуз ба номус ва анҷом додани ҳаракати зӯроварии дорои хусусияти шаҳвонӣ аз ҷои ҳодиса ғайб задааст.

 Гуфта мешавад духтарчаро 7 майи соли 2020 шаҳрвандон дар кӯча танҳо дарёфт намуда, дар ин хусус ба ШВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе хабар додаанд.

Дар пайи чорабиниҳои оперативӣ ҷустуҷӯйи номбурда боздошт гашта, аз суи додгоҳи шаҳри Душанбе санаи 9 июли соли 2020 бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а” ва 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамеша зиндонӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол мақомот, аз вазъи саломативу равонии духтарча иттилоъ надодааст.

 

49

Эълони натоиҷи пешакии интихоботи президентӣ дар Белорус: Лукашенко пешсаф

81
(Таҷдидшуда 13:05 10.08.2020)
Ба гуфтаи Лидия Ермошина, шабона аъзои КМИР аз бинои Ҳукумат кӯчонида шуданд ва натиҷаҳои пешакӣ дар арафаи нишасти матбуотӣ ҷамъбаст карда шуданд.

ДУШАНБЕ, 10 авг — Sputnik.  Кумитаи марказии интихоботӣ ва раъйдиҳии Белорус натоиҷи пешакии интихоботи президентии ин кишварро эълон кард, хабар додааст, Sputnik Белорусия.

Бар асоси эълони натоиҷи пешакии интихоботӣ Александр Лукашенко, президенти кунунии ин кишвар бо ба даст овардани бештари овозҳо пешсаф аст.

Тавре ки роҳбари Комиссияи марказии интихоботӣ соати 9-и субҳи имрӯз эълон кард, натиҷаҳо чунинанд:

- Александр Лукашенко 80,23%

- Светлана Тихоновская 9,90%

- Анна Канопатская 1.68%

- Сергей Черечен 1.13%

- Андрей Дмитриев 1.04%

Мувофиқи маълумоти КМИР, 84,23% аҳолии Белорус ширкат карда,  6,02%  муқобили ҳама овоз додаанд.

Ермошина инчунин гуфт, ки навбатҳои тӯлонӣ дар ҳавзаҳои интихоботӣ рӯзи якшанбе ба адолат ва шаффофияти интихобот шубҳа доштан намегузоранд.

Дар пайи интихоботи рӯзи гузашта дар Минск бетартибиҳои зиёде аз суи шаҳрвандон сар зад, мақомоти ин кишвар ба боздошти афрод ва таҳқиқи он пардохтааст.

Раҳбари КМИР низ бо шарҳи ин бетартибиҳо гуфтааст, "эҳтимол ин моро водор мекунад, ки дар оянда ба овоздиҳии электронӣ гузарем, то касе ба ягон таъсир ва фишор дучор нашавад".

81