Марги мармузи пиразани танҳо дар Душанбе: кай ва бо кадом иллат фавтидаст, номаълум аст

CC0 / Pixabay / congerdesign / Руки пожилой женщины, архивное фото
Руки пожилой женщины, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ҳалокати пиразани 60 - сола, ки дар манзилаш танҳо ба сар мебурд, хабар медиҳад. Феълан маълум нест, ки марҳум кай ва дар кадом шароит ҷон додаст

ДУШАНБЕ, 16 янв — Sputnik. Дар кӯчаи Бухорои шаҳри Душанбе як пиразани 60 - сола ба таври мармуз фавтидаст, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон.

Машина скорой помощи в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Марги мармузи писараки 4-солаи тоҷик ҳангоми парвози Маскав-Душанбе

Ба иттилои манбаъ, сокинони ин кӯча ба дафтари КҲФ тамос гирифта, афзуданд, ки ҳамсояи онҳо чанд рӯз боз аз хона берун наомадааст.

Онҳо аз он изҳори нигаронӣ доштаанд, ки эҳтимол ин зани солхӯрдаи танҳо ба ягон мусибате гирифтор шудааст.

Зимнан, барои рӯшанӣ андохтан ба ин ҳодиса, панҷ корманди кумитаи мазкур ба ҷойи лозима ҳозир шуда, вориди хонаи ӯ шуданд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

Манбаъ меафзояд, наҷотбахшон дар ҳамдастӣ бо намояндагони мақомоти ҳокимияти давлатии маҳал ва ниҳодҳои дахлдор, ҷисми беҷони пиразанро дарёфтанд. 

Феълан маълум нест, ки ӯ кай,  бо кадом иллат ва дар чигуна шароит ҷони худро аз даст додаст.

Гуфта мешавад, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҷасади пиразанро ба мақомоти дахлдор барои таҳқиқу ташхис супориданд.

Лентаи хабарҳо
0