Фельдшер станции скорой медицинской помощи

Ронандаи "Мерседес-Бенс" як марди урупоиро пахш кард: шахсияти ҳалокшуда муайян мешавад

251
(Таҷдидшуда 14:25 21.01.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як марди шахсияташ номаълум хабар медиҳад, ки дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зери чархи мошин монд ва дар беморхона ба ҳалокат расид

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбор рӯзи 19 - уми январи соли ҷорӣ дар ҳудуди деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес - Бенс", сокини шаҳри Гулистон, ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Конибодом-Деҳмой", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардро пахш намудаст.

Ҷарроҳии нуҷумшиноси куриёӣ пас аз садама дар роҳи ВМКБ - Душанбе

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа ҷабридида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳияи мазкур ба ҳалокат расидаст.

Гуфта мешавад, феълан шахсияти марди ҳалокшуда номаълум аст. Эҳтимол меравад, марҳум шаҳрванди яке аз кишварҳои Аврупоӣ мебошад ва тахминан 40 - 45 сол дошт.

Вакили қирғиз дар Тоҷикистон дучори садама шуд

Қайд мегардад, ки барои муайян намудани шахсияти пиёдагард чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ идома дорад.

251
Барчаспҳо:
ҳалок, пиёдагард, мошин, садама
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

6452
(Таҷдидшуда 23:53 09.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуфро дар таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
1 / 3
дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Ба иттилои манбаъ,  бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.

"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.

Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

6452
Река Варзоб, архивное фото

Ҷаҳиши маргбор ба дарёи Варзоб: ҷавон ҳангоми оббозӣ ба санг заду фавтид

145
(Таҷдидшуда 23:46 09.07.2020)
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Варзоб андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо расидани хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.

“Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.

145

Паҳнсозони COVID–19 дар Тоҷикистон чӣ ҷазо мегиранд?

0
(Таҷдидшуда 21:14 09.07.2020)
Тағйироти ҷадид ба қонунгузории Тоҷикистон, ки мавриди амал қарор гирифтанд, барои паҳн кардани бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус ҷазои маъмурӣ ва ҷиноиро пешбинӣ мекунанд
Кадом ҷаримаҳо паҳнкунандагони коронавирусро дар Тоҷикистон таҳдид мекунанд
© Sputnik /

Тибқи меъёрҳои ҷадиди қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳни иттилои бардурӯғ дар шароити пандемия ва амалисозии чораҳои қарантинӣ шахсони инфиродӣ аз 580 сомонӣ боло ва шахсони ҳуқуқӣ то 11,6 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ хоҳанд шуд.

Инчунин нақзи қоидаҳои ниқобпӯшӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, аз ҷумла дар боғҳо, бозор, мағоза, қаҳвахона, нақлиёт ва ҳатто ҷои кор ҷарима дар ҳаҷми аз 116 то 290 сомонӣ дар пай дорад.

Ҷаримаҳои алоҳида барои риоя накардани меъёрҳои санитарию эпидемиологӣ пешбинӣ гардидаанд. Аз ҷумла барои нақзи қоидаҳои беҳдошт ҳангоми паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷазои пулӣ дар ҳаҷми аз 2 то 5 маоши ҳадди ақал пешбинӣ шудааст.

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

Барои вайрон кардани қоидаҳои санитарию эпиемиологӣ ба шаҳрвандони қаторӣ аз 406 то 696 сомонӣ, ба соҳибкорон - аз 1160 то 3480 сомонӣ, мансабдорон - аз 3480 то 4640 сомонӣ, шахсони ҳуқуқӣ - аз 8700 то 11 600 сомонӣ таҳдид карда, дар сурати такрори қоидавайронкунӣ афзоиши ҷарима дар назар аст.

Инчунин бар асоси тағйирот дар қонунгузории Тоҷикистон, барои паҳнсозии бемориҳои сироятӣ ҷазои ҷиноӣ низ пешбинӣ шудааст. Аз ҷумла барои сирояти оммавии атрофиён аз 2 то 5 сол ва барои расондани зарари вазнин ба саломатӣ ё сироят, ки марг дар пай дорад, аз 5 то 10 соли зиндон дар назар аст.

0
Барчаспҳо:
дурӯғ, дезинформация, ниқоби сиёҳ, ҳабс, ҷарима, Тоҷикистон