Девушка в наручниках, архивное фото

Соҳиби мошин фанд хӯрд: зани 42-сола мошини 20 ҳазор доллараро гирифту пул надод

293
(Таҷдидшуда 23:42 21.01.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти зани 42 - сола хабар медиҳад, ки дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 21 янв — Sputnik. Кормандони милитсия сокини 42 - солаи ноҳияи Синоро боздошт намуданд, ки дар қаллобӣ гумонбар дониста мешавад.

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, номбурда моҳи апрели соли 2019 бо роҳи фиреб ба боварии зани 53-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ 1-адад автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс С"-ро гирифтааст.

Соҳибкорро фиреб дод: боздошти зани 47 сола бо иттиҳоми қаллобӣ

Манбаъ меафзояд, соҳиби мошин, худравашро 20 ҳазор доллар нархгузорӣ карда буд, вале то ҳол маблағи фурӯши онро ба даст наовардааст.

Гуфта мешавад, номбурда ба аризаи шикоятӣ аз болои зани 42 - солаи қаллоб ба кормандони милитсия шикоят бурд, ки дар асоси шикояти ӯ, гумонбаршуда боздошт гардиданд.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

293
Барчаспҳо:
қаллоб, мошин
Детская игрушка возле дороги

Пахши ду ноболиғ дар роҳ: якеш ба ҳалокат расид дигаре дар беморхона бистарӣ гардид

144
(Таҷдидшуда 11:36 02.07.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз рух додани садамаи марргбор дар ноҳияи Ховалинг, ки бар асари он як писар 9 ба ҳалокат расидааст хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 июл — Sputnik.  Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июли соли равон, тахминан соати 16:00, дар наздикии шаҳраки Ховалинг рух додааст.

ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ки ронандаи автомашинаи тамғаи “Форланд”, Мансуров Фирӯз Исматуллоевич, соли таваллудаш 1987, сокини ҷамоати деҳоти Ғ.Мирзои ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳраки Ховалинг ба самти деҳаи Лоҳутӣ дар гардишгоҳи роҳи деҳаи Токак аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ноболиғон, Ҳусейнов Сафарбек Ҳамиддулоевич, соли таваллудаш 2005, ва Хуршеди Ҷамшед, соли таваллудаш 2011, сокинони ҷамоати деҳоти Ҷонбахтро пахш намудааст.

Манбаъ қайд намудааст, ки дар натиҷа ноболиғ, Хуршеди Ҷ. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расиддааст.

Ҳамзамон ноболиғи дигар Ҳусейнов С.Ҳ. ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Дар ҳоли ҳозир кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома доранд.

144
Барчаспҳо:
писар, ҳалокат, пахш, Ховалинг, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Журналисты на открытии выставки победителей IV международного конкурса фотожурналистики имени Андрея Стенина в Москве.

Озмуни ёдбуди Стенин овоздиҳиро барои истифодабарандагони интернет оғоз мекунад

67
(Таҷдидшуда 00:25 02.07.2020)
Ҳадафи озмун дастгирии ҷавонон ва ҷалби таваҷҷӯҳи ҷомеа ба чолишҳои фотожурналистикаи муосир мебошад

ДУШАНБЕ, 1 июл — Sputnik. Тибқи анъана дар муаянсозии беҳтарин кори иштирокдорони озмуни ба номи Андрей Стенин—2020 корбарони интернет низ иштирок карда метавонанд, ки барои онҳо овоздиҳӣ бо забонҳои русӣ ва англисӣ дар сомонаи озмун нашр шудааст.

Барои иштирок дар овоздиҳии онлайн, шумо бояд дар яке аз шабакаҳои иҷтимоӣ: ВКонтакте, Facebook, Twitter ё нармафзори чинӣ Weibo дошта бошед. Овоздиҳӣ то соати 23.59 (бо вақти Маскав) 31 июл кушода аст. Ғолиби овоздиҳии онлайн дар авоили моҳи август эълон хоҳад шуд ва муаллифи аксҳои маъмул дар Интернет дипломи озмунро хоҳад гирифт.

Ба гуфтаи баргузоркунандаи озмуни ба номи Андрей Стенин, роҳбари лоиҳаҳои визуалӣ дар МИА "Россия сегодня" Оксана Олейник, овоздиҳии интернетӣ ба аудиторияи онлайнӣ имконият медиҳад, ки бо хулосаи коршиносону доварони байналхалқӣ баҳс кунанд.

"Имрӯз, вақте ки ҳама метавонанд ба таври оддӣ ба воситаи пахш кардани тугмаи камера дар дастгоҳи мобилӣ акс бигиранд, бисёр одамон дар бораи акс доварӣ мекунанд ва аксар вақт - бо дониш ва диди хуб. Озмуни мо беҳтаринҳоеро интихоб менамояд, ки дар ҷаҳони фотожурналистикаи муосири ҷаҳонӣ мавҷуданд ва ба мо бениҳоят аҷиб аст, ки интихоби озмунро аз тарафи тамошобин, ки барои онҳо аксҳо сохта шудаанд, баҳо медиҳад”,-гуфт Олейник.

Гуфта мешавад барандагони озмун моҳи сентябр дар сомонаи stenincontest.ru | stenincontest.com эълон шуда, баъдан намоиши кори барандагон доир мешавад.

Ба гуфтаи Оксана Олейник, кадом навъи кор барои аудиторияи интернет дурахшонтарин ва муҳимтарин аст - овоздиҳии онлайнӣ нишон хоҳад дод.

“Мо ҳама ҳавасмандони аксбардориро даъват менамоем, ки дар он ширкат варзанд ва мунтазири натиҷаҳои он бошанд! ", - гуфт Олейник.

Озмуни байналмилалии фотожурналистии ёдбуди Андрей Стенинро хабаргузории байналмилалии "Россия сегодня" бо ҳамкорӣ ва сарпарастии Кумисюни Русия дар умури ЮНЕСКО баргузор мекунад. Ҳадаф аз баргузории он пуштибонӣ аз фотожурналистҳои ҷавон ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеа ба вазифаҳои фотожурналистика дар ҷаҳони имрӯз аст.

Ин озмун майдоне барои ҳунарнамоии хабарнигорону аккосҳои ҷавон аст, ки истеъдод доранд ва ҳар падидаеро бо диде навҷӯёна менигаранд ва рухдодҳоро бо тасвир ба намоиш мегузоранд.

Шарикони байналмилалии ВАО-и озмун: агентии хабарӣ ва радиои Sputnik, агентии иттилоотии Askanews, медиахолдинги Independent Media, агентии хабарии Notimex, агентии иттилоотии ANA, шабакаи телевизион ва сомонаи RT, Shanghai United Media Group (SUMG), сомонаи рӯзномаи интернетии China Daily, сомонаи интернетии The Paper, шабакаи расонаҳои Al Mayadeen, агентии хабарии Prensa Latina, агентии хабарии News1, сомонаи хабарии DBW, пойгоҳи хабарии Brasil247.

Ҳамчун шарикони соҳа озмунро дастгирӣ мекунанд: Маҷаллаи National Geographic Россия, портали Russian Photo, портали Photo-study.ru, мактабӣ аккосии “Академияи аксбардорӣ”, портали иттилоотӣ YOung JOurnalists, маҷаллаи Fotoargenta, клуби фотожурналистикаи Ню-Дели, маҷаллаи Enfoque Visual, маҷалла LF Magazine, сайти шарики байналмилали шарик - фестивали PhotON.

67

Омори сирояту шифоёбӣ аз COVID - 19 дар моҳи июн

0
(Таҷдидшуда 21:01 02.07.2020)
Омори гирифторон, шифоёфтагон ва фавтидагон аз коронавируси навъи COVID - 19 дар моҳи июнро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бубинед
Коронавирус дар Тоҷикистон: омори моҳи июн
© Sputnik /

Тибқи додаҳои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми моҳи июн дар Тоҷикистон 2024 нафар ба коронавирус сироя 2564 нафар аз ин беморӣ шифо ёфт ва 5 кас ҷони худро аз даст дод.

Дар умум бино бар омори Вазорати беҳдошти кишвар аз 30 апрели соли равон то 30 июн дар Тоҷикистон 5954 кас гирифтори коронавирус шуда, 4568 нафар шифо ёфтанд ва 52 кас қурбони ин вабои аср гардиданд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии ин беморӣ чораҳоеро дар моҳи май роҳандозӣ карда буд, ки бархе аз онҳо бардошта шуданд ва баъзеи дигар ҳамоно фаъол боқӣ мемонанд.

Ҳамин тавр, боғчаҳо ва мактабҳо то 18 август баста буда, донишҷӯён пеш аз муҳлат ба таътил фиристода шуданд. Дар кишвар пӯшидани ниқоб ҳатмӣ буда, масҷидҳо баста шуда, намози дастаҷамъома манъ шуд.

Кадом маҳдудиятҳо дар Тоҷикистон бардошта шуданд

Равуо миёни вилоятҳо ва навоҳии кишвар озод шуд. Баргузории маросими дафн иҷоза дода шуд.

Аз 15 июн дар шаҳри Душанбе фаъолияти бозорҳои либоса, марказҳои савдо, кинотеатрҳо, театрҳо, сартарошхонаҳо, кошонаҳои ҳусн оғоз шуд.

Баргузории маросими арӯсӣ иҷоза дода шуд: бо ширкати на бештар аз 100 меҳмон, пӯшидани ҳатмии ниқоб, дастпӯш ва санҷиши ҳарорати бадан.

Бозии футбол бидуни тамошобин иҷоза дода шуд.

Аз 25 июн барои бозгардонии шаҳрвандони Тоҷикистон, аз Русия ба Тоҷикистон парвозҳои махсус роҳандозӣ шуд. То имрӯз беш аз 600 шаҳрвандони Тоҷикистон ба Ватан бозгардонида шуданд.

0
Барчаспҳо:
омор, вируси нав, Тоҷикистон