Дар Исфара ронанда дучархарони мастро пахш намуд

CC0 / Pxhere / Велосипед на тропинке, архивное фото
Велосипед на тропинке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳалокати як сокини шаҳри Исфара хабар медиҳад, ки дар ҳолати мастӣ зери чархи мошин монд

ДУШАНБЕ, 23 янв — Sputnik. Ба иттилои Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи мазкур рӯзи 21 - уми январи соли ҷорӣ дар шаҳри Исфара рух дода буд.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати дучархарон ва як духтари пиёдагард дар ду садамаи нақлиётии ахир

Манбаъ  меафзояд, ки ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Наврӯзов Муродҷон, соли таваллудаш 1974, сокини шаҳри Исфара, ҳангоми ҳаракат дар кӯчаи П.Абдуллоев, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, дучархаронро пахш намуд.

Садамаи маргбор: ҳалокати дучархарон ва пиёдагарди 32 - сола

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дучархарон Абдуқодиров Фармон, соли таваллудаш 1981, сокини шаҳри мазкур буда, дар ҳолати мастӣ дар мобайни роҳ ба замин афтида будааст. 

Гуфта мешавад, дучархарон ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Феълан аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0