Сейсмография, архивное фото

Заминларза дар Роғун: хисороте сабт нашудааст

235
(Таҷдидшуда 16:24 26.03.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон, аз заминҷунбӣ дар наздикии шаҳри Роғун хабар додааст

ДУШАНБЕ, 12 мар – Sputnik. Шаби гузашта, 11 март, соати 22:11 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид, хабар дод сомонаи КҲФ бо такя ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, ки маркази заминҷунбӣ 82 километр шимолу шарқи пойтахти кишвар шаҳри Душанбе  ва 8 километр аз шаҳри Роғун буд.

Таъкид шудааст, ки қувваи заминларза дар маркази он 3 бал ва дар шаҳри Роғун 2-3 балро ташкил дод. 

Бино ба ҳамин гузориш дар дигар шаҳру ноҳияҳо кишвар заминларза эҳсос нашуд, хисорот ва талафоти ҷонӣ низ дар ҷумҳурӣ  ба қайд гирифта нашудааст.

Қаблан як заминларзаи дар ноҳияи Лахши Тоҷикистон сабт шуда буд, ки ба иттилои зилзилашиносон қувваи он дар марказ 5 дараҷаи Рихтерро ташкил дода, шиддати он шаҳри Душанбе ба 2 дараҷа баробар буд.

235
Барчаспҳо:
хисорот, заминларза, Тоҷикистон