Колодец, архивное фото

Чоҳ канду худаш афтод: ҳалокати сокини 33 солаи Истаравшан ҳангоми чоҳканӣ

821
(Таҷдидшуда 14:27 12.03.2020)
Як сокини шаҳри Истаравшан, ҳангоми берун баромадан аз дохили чоҳе, ки худаш канд, аз беэҳтиёть афтида, ҳалок шудааст.

ДУШАНБЕ, 12 мар - Sputnik. Як манбаъ аз ҷамоати Қалъачаи калони Истаравшан мегуянд, Облоназар сокини 33 солаи ин ҷамоат ҳангоми берун шудан аз дохили чоҳ, пояш лағжида ба қаъри чоҳ афтида фавтидааст.

Бино ба иттилоъи Ҷамшед Ҳасанов, раиси ҷамоати Қалъачаи калон, ин ҳодисаи нохуш шоми рӯзи 10-уми март дар ҳоле рух додааст, ки Облоназар ва ду ҳамкораш ба кофтани як чоҳи то 18 метраи об дар манзили Умматқул Нуриддинов машғул буданд. 

Ба иттилои манбаъ, онҳо чоҳро то 12 метир чуқурӣ кандаанд ва дар пайи ҳодисаи нохуш як коргар ба он афтидаст.

 “Онҳо се нафар бо соҳибхона барои кофтани чоҳи 20 метраи  об аҳд карда буданд. Аммо Облоназар дар вақти хокро гирифта ба боло баромадан, пояш аз зина лағжиш хӯрда бо тахтапушт  ба чуқурӣ зада ҳалок шуд. Дар ин ҳодиса ягон аломати марги зуракӣ дида намешавад ва мақомотҳои тафтишотӣ ҳам ин санҷишро гузаронидаанд”, иброз намуд Ҳасанов.

Ба гуфти раиси ҷамоати Қалъачаи калон, мушкили камбуди оби нушокӣ дар ин ҷамоат бештари сокинонро водор намудааст, ки дар манзилҳои худ ба сохтмони чоҳҳои хурд машғул шаванд.

821
Барчаспҳо:
фавт, Истаравшан, Тоҷикистон
Кровать в номере, архивное фото

Боздошти боз як ҷавоне, ки дар Душанбе даст ба ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона задааст

477
(Таҷдидшуда 12:49 07.08.2020)
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 21-сола хабар дод, ки дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар пойтахти кишвар аз ҷониби кормандони милитсия ҷавони 21-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.

Гуфта шудааст, ки номбурда, санаи 6-уми августи соли 2020, хонаи истиқоматиаш дар кӯчаи М.Қурбонов воқеъбударо ба фоҳишахона табдил додаааст.

Инчунин ВУД қайд кардааст, ки номбурда барои алоқаи ҷинсӣ намудани марди 35 ва зани 38-солаи сокинони пойтахт дар хонааш шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

477
Барчаспҳо:
чолокӣ, ҷавон, нигаҳдорӣ, фоҳишахона, ВУД, Тоҷикистон
Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Отеллои тоҷик: мард ҳамсари 26-солаи худро аз рашк бӯғӣ карда кушт

566
(Таҷдидшуда 11:36 07.08.2020)
Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон аз боздошти марди 35-сола хабар доданд, ки ҳамсари ҷавони худро аз ҳисиёти рашк бӯғӣ карда ба ҳалокат расондааст

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран аз ҷониби кормандони милитсия марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ бо гумони содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карда шуд.

Масъулини ВКД таъкид доштанд, ки номбурда, санаи 4-уми августи соли равон, тахминан соати 22:30-дақиқа, дар хонаи истиқоматиаш бо ҳамсараш ҷавонзани 26-сола, аз ҳисиёти рашк ҷангу ҷанҷол карда, ӯро бо роҳи бӯғӣ кардан ба ҳалокат расонидааст.

Манбаъ қайд кардааст, ки марди 35-сола баъдан, бо мақсади рӯйпуш кардани кирдорҳои ҷинояткоронаи худ, бо ресмон гардани марҳумро баста, ба сутуни хонаи истиқоматиаш овезон карда, ресмонро бурида ба наздиконаш нишон додааст, ки ҳамсараш ҷавонзани 26-сола худро бо роҳи доркашӣ ба ҳалокат расонидааст.

Дар ҳоли ҳозир, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

566
Барчаспҳо:
зан, ҷавон, ҳалокат, ҳамсар, мард, боздошт, Тоҷикистон

Вазорати тандурустӣ омори тозаи коронавирусро нашр кард

0
То санаи 7 август дар мамлакат 6484 (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта, бар асари он 62 нафар фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 7 авг — Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар як шабонарӯзи охир 99  нафар гумонбарон зери назорати табибон қарор дошта, 41 нафар баъд аз муолиҷа ба хонаҳояшон рухсат дода шуданд.

Инчунин,  дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 41 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ ба  7706  нафар баробар гардид.

Ҳамзамон, то санаи   7 август дар мамлакат  6484  (84,1%) нафар аз бемории COVID-19 шифо ёфта,  бар асари он 62  нафар фавтидаанд.

Коронавирус ба раванди муҳоҷирати меҳнатӣ аз Тоҷикистон чӣ гуна таъсир расонд

Маврид ба зикр аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

 

0