Зиндон, акс аз бойгонӣ

Додситон гуфт, саркардаҳо дар дохили зиндонҳои Тоҷикистон ҷиноят кардаанд

213
(Таҷдидшуда 17:33 16.03.2020)
Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон, мегӯяд, санҷиш дар зиндонҳои кишвар даҳҳо саркардаро ошкор кардааст, ки дар муассисаҳои ислоҳӣ ба фаъолияти экстремистӣ – террористӣ машғул будаанд

ДУШАНБЕ, 16 мар — Sputnik. Шомилшавии  ҷавонон  ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию терористӣ чун пештара аз зумраи таҳдидҳои  ҷиддӣ ба амнияти давлат  ва ҳаёти осоиштаи мардум боқӣ мемонад, изҳор дошт Юсуф Раҳмон дар суҳбат бо “Ховар”.

Ба иттилои манбаъ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ 1 ҳазору 29 ҷинояти  дорои хусусияти террористию  экстремистиро ошкор кардаанд, ки нисбати нишондоди соли пешӣ 296 адад зиёд аст.

“Дар ин  давра нисбат ба 395 нафар барои  шомил шудан ба ташкилотҳои фаромиллии  террористӣ ва  иштирок дар муқовиматҳои  мусаллаҳонаи кишварҳои  хориҷӣ, инчунин нисбати 214 нафар пайравони фаъоли равияи экстремистии “Салафия”  парвандаҳои  ҷиноятӣ  оғоз ва тафтиш карда  шудаанд”, - изҳор доштаст Юсуф Раҳмон.

Додситони кул афзудааст, ки ҷиноятҳои  хусусияти  террористӣ- экстремистидошта, ки дар ҷойҳои  маҳрумӣ аз озодӣ  содир гардидаанд, мавриди тафтиши  пурраю ҳамаҷониба  қарор дода шудаанд.

“Бо анҷоми  тафтишоти пешакӣ 29 нафар  саркардагон ва аъзои фаъоли иттиҳоди  ҷиноятии мазкур  ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, айни ҳол парвандаи  ҷиноятӣ дар  баррасии судӣ қарор дорад”, - илова намудаст ӯ.

Ин дар ҳолест, ки қаблан мақомоти тоҷик аз ошӯбҳо дар зиндонҳои Тоҷикистон хабар доданд, ки даҳҳо куштаю маҷруҳ барҷой гузоштанд.

213