Нож, архивное фото

Боздошти марди 43 сола барои сӯиқасд ба ҷони ду зан дар ҳолати мастӣ

407
(Таҷдидшуда 11:58 19.03.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон дар шаҳри Турсунзода марди 43 соларо барои сӯиқасд ба ҷони ду зан боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 19 мар — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз боздошти як авбоше, ки дар ҳолати мастӣ ба ҷони ду зан дар шаҳри Турсунзода таҳдид намудааст хабар доданд.

Қарори додгоҳ: 17 соли зиндон барои сӯиқасд ба ҷони ҳамсар

Манбаъ таъкид доштааст, ки ба ШВУД дар шаҳри Турсунзода бо зани 49-солаи сокини шаҳри Турсунзода ариза овардааст, ки санаи 17-уми марти соли 2020, тахминан соати 15:40-дақиқа, марди 43-солаи сокини шаҳри мазкур дар ҳолати мастӣ дар назди бинои истиқоматиаш бо 2-адад корди ошхонагии дар дасташ буда, бо ӯ ва хоҳараш зани 39-сола дарафтода, таҳдиди куштан намудаааст.

Сӯиқасд ба ҷони бародар

“Марди номбурда ба дасти – зани 49-сола бо корд задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштааст”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Дар Маскав ба ҷони як мухолифи тоҷик сӯиқасд сурат гирифтааст

Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, айни ҳол гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта.

Кормандони милитсия нисбати ҳодисаи мазкур тафтишотро идома доранд.

407
Барчаспҳо:
мард, боздошт, сӯиқасд, Турсунзода, милитсия, Тоҷикистон
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

9113
(Таҷдидшуда 23:53 09.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуфро дар таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
1 / 3
дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Ба иттилои манбаъ,  бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.

"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.

Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

9113
Река Варзоб, архивное фото

Ҷаҳиши маргбор ба дарёи Варзоб: ҷавон ҳангоми оббозӣ ба санг заду фавтид

223
(Таҷдидшуда 23:46 09.07.2020)
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Варзоб андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо расидани хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.

“Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.

223
Зонтик, архивное фото

Дар ВМКБ борон : пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

0
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр мешавад. Ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе то 37 дараҷа гарм шуда, дар баъзе навоҳии ВМКБ борони кутоҳмуддат меборад

ДУШАНБЕ, 10 июл – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳаво камабр  шуда, эҳтимоли боришоти сусти марҳилавӣ дар назар аст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 2-7 метр дар як сония мевазад.

Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 10+15 ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм  мешавад. Дар  шарқи вилоят  ҳаво шабона аз 1+6 дараҷа гарм ва рӯзона 13+18 дараҷа гарм мешавад.

Ҳаво дар вилояти Суғд камабри бебориш  мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво  дар водиҳо шабона 18+23 ва рӯзона 32+37  дараҷа гарм  мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 8+13 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати  3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 20+25 ва рӯзона 37+42 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 15+20 ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8  метр дар як сония  мевазад.  Ҳаво  дар водиҳо шабона 15+20 ва рӯзона 33+38 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 10+15 ва рӯзона 26+31 дараҷа  гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 17+19 ва рӯзона 35+37 дараҷа гарм мешавад.

0
Барчаспҳо:
ҳушдори ҳавошиносон, Боду ҳаво, Тоҷикистон