Духтар бо завлона, акс аз бойгонӣ

Боздошти ҷавонзан бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори "Корвон"

241
(Таҷдидшуда 16:40 20.03.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавонзани 24-сола бо иттиҳоми дуздӣ дар бозори “Корвон”-и шаҳри Душанбе хабар дод

ДУШАНБЕ, 20 мар – Sputnik. Ба идораи милиса дар ноҳияи Фирдавсӣ, зани 49-сола, сокини пойтахт муроҷиат карда, арз доштааст, ки дастмонаи гаронарзишашро дар бозори “Корвон” дуздидаанд.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки “санаи 18-уми марти соли 2020, тахминан соати 11:00, ҳангоми дар бозори “Корвон” қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили ҷузвдонаш 1 адад дастмонаи тиллоиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст”.

Манбаъ зарари расонидашударо 7 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст.

ВУД афзуд, ки дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ҷавонзани 24-сола, сокини ноҳияи Восеъ, ҳамчун гумонбар дар содир намудани дуздӣ, дастгир карда шуд.

Ба иттилои мақомот, феълан гумонбаршаванда дар боздоштгоҳ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

Ин ниҳод инчунин аз боздошти марди 45-сола, сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфара хабар додааст, ки ба иттилои тафтишот санаи 28-уми феврали соли 2020, тахминан соати 19:30-дақиқа, бо роҳи пинҳонӣ аз бошишгоҳи саҳроии марди 57-солаи сокини маҳаллӣ 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Ба иттилои ВУД аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

241
Барчаспҳо:
манъ, дуздӣ, ҷавон, боздошт, Тоҷикистон