Сел, акс аз бойгонӣ

Фоҷиаи маргбор дар Наврӯз: сели харобиовар дар се ноҳияи Тоҷикистон

2588
(Таҷдидшуда 12:08 22.03.2020)
Рӯзи 21 март, ки дар Тоҷикистон Наврӯз ҷашн гирифта мешуд, дар бархе аз навоҳии Хатлон ва тобеи марказ сели харобиовар фаромадааст

ДУШАНБЕ, 22 мар – Sputnik. Дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари  ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки баробари хисороти зиёди молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт, хабар доданд сокинони маҳаллӣ.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон тасдиқ кард, ки селфароӣ тақрибан 19:30 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Айнии ноҳияи Хуросон рух дода, як сокини 59-солаи деҳаи Ҳалқаҷар ба ҳалокат расидааст. Манобеи ғайрирасмӣ аз талафоти ҷонии бештар хабар дода буданд, аммо расман танҳо ҳалокати як нафар тасдиқ шудааст.

КҲФ аз қурбонии сел дар Ҳалқаҷар Мирзоқул Раҳмонқул ном бурд, ки ҳангоми фаромадани сел ба корҳои саҳроӣ машғул будааст. Ҷасади Мирзоқул Раҳмонқул пайдо карда шуда, ба наздиконаш супорида шудааст.

Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, инчунин бисёре аз хонаҳо дар деҳаи Ҳалқаҷар хароб гардиданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки рӯзи гузашта инчунин селфароӣ дар деҳоти Зафарободу Меҳрободи ноҳияи Восеъ ва ҷамоати Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух додаст, ки талафоти ҷонӣ дар пай надошт, аммо ба хоҷагии мардум хисорот овардааст.

2588
Барчаспҳо:
ҳалокат, Наврӯз, сел, Хатлон, Тоҷикистон
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Эълони ҷазои Зиёев барои таҷовузи духтарчаи сесола - акс

9210
(Таҷдидшуда 23:53 09.07.2020)
Додгоҳи шаҳри Душанбе Зиёев Юсуфро дар таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола гунаҳкор дониста, барои як умр равонаи зиндон кард

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии додгоҳи пойтахт, ҳукми зиндони Зиёев Юсуф имрӯз, 9 июли соли 2020 дар мурофиаи пӯшидаи судӣ эълон гардид.

  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    Судя ҳукми Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесоларо мехонад
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
  • Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола
    дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
1 / 3
дафтари матбуоти додгоҳи Душанбе
Юсуф Зиёев, маҳкумшуда барои таҷовуз ба номуси духтарчаи сесола

Ба иттилои манбаъ,  бо ҳукми суди шаҳри Душанбе, Зиёев Юсуф Раҷабалиевич бо моддаҳои 138 қисми 3 банди “а”, 139 қисми 4 банди “а”  ва  127 қисми 1  КҶ  Ҷумҳурии  Тоҷикистон гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазоҳои зерин таъйин кардааст.

"Бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди якумра аз озодӣ маҳрум сохтан, бо моддаи 139 қисми 4 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 20 (бист) сол ва бо моддаи 127 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазо дар намуди корҳои ислоҳӣ ба муҳлати 2 (ду) сол таъин карда шуд"-афзуд манбаъ.

Ҳамин тавр, додгоҳи пойтахт мутобиқи қисми 4-и моддаи 67 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Зиёев Юсуф Раҷабалиевич ҷазои ниҳоӣ дар намуди ҳабси якумра дар колонияҳои ислоҳии дорои низоми махсус таъйин кардаааст.

Феълан назари маҳкумшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи қазия ва ҳукми додгоҳ маълум нест.

9210
Река Варзоб, архивное фото

Ҷаҳиши маргбор ба дарёи Варзоб: ҷавон ҳангоми оббозӣ ба санг заду фавтид

225
(Таҷдидшуда 23:46 09.07.2020)
Як сокини 25-солаи шаҳри Душанбе, ки аз баландии 5-6 метр худро ба оби дарёи Варзоб андохта буд, бар асари ба санги зери об бархӯрдани сараш ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 9 июл – Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ин ҳодиса баъд аз зӯҳри рӯзи гузашта дар ҳудуди ноҳияи Сино, дар наздикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон рух додааст.

Ба иттилои манбаъ, бо расидани хабар ба Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, дастаи ғаввосон ба маҳалли ҳодиса сафарбар шуданд.

“Ҷустуҷӯ то фаро расидани торикӣ идома дошт, баъди соати 20:00 дигар кофтуков имкон надошт ва субҳи имрӯз наҷотдиҳандагони Раёсат корҳои ҷустуҷӯиро аз сар гирифтанд”.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода таъкид кардааст, ки ҳамеша мегуфтем ва имрӯз ҳам такрор мекунем, ки як сабаби фоҷеа ҷаҳиш аз баландиҳоест, ки он маконҳо барои оббозиву шиноварӣ пешбинӣ нашудаанд.

Дарёфти ҷасади писари 15-сола ва духтари 17-сола аз об

Ин ниҳод аз шаҳрвандон хоҳиш кардааст, ки ҷиддан қоидаҳои маъмулии оббозиву шиновариро донанд ва дар маҳалҳое, ки барои оббозӣ ҷудо нашудаанд, ҷони худро дар хатар наандозанд.

225
Таджикские сомони и рубли, архивное фото

Бонки миллӣ арзиши рубл, доллар ва евроро барои имрӯз эълон кард

0
(Таҷдидшуда 11:47 10.07.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 10 июли соли равон эълон кард

ДУШАНБЕ, 10 июл — Sputnik.  Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, имрӯз 1 рубли русӣ — 0.1454 сомониро ташкил медиҳад.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 10.3096 то 10.3100 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро аз 11.6973 то 11.9000 сомонӣ арзёбӣ кардааст. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ дар муассиcаҳои ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1454 то 0.1470 сомонӣ арзиш дорад.

Пешбинии коршинос: арзиши доллар тобистон поён мераваду рубл боло

Ҳамин тавр, Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст: 1 доллари ИМА — 10.3096 сомонӣ, 1 евро – 11.6973 сомонӣ ва 1 рубли русӣ — 0.1454 сомонӣ.

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, боиси ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0
Барчаспҳо:
қурби асъор, сомонӣ, асъори хориҷӣ, Тоҷикистон