Молоток судьи

Қатли хоҳар аз сӯи бародар: дар ҳоҷатхона ба сару рӯяш корд задааст

2955
(Таҷдидшуда 14:59 24.03.2020)
Зокирҷон Холмуродов хоҳараш Зарина Холмуродоваро дар ҳоҷатхонаи манзили истиқоматиашон бо корд се маротиба ба фарқи сараш ва баъдан ба қисмҳои рӯй ва гарданаш зарбаҳо задааст, ки ҷабрдида дар натиҷа ба ҳалокат расидааст

ДУШАНБЕ, 24 мар — Sputnik. Додгоҳи шаҳри Ваҳдат ҳукми Зокирҷон Холмуродови 50-соларо, ки дар куштори бераҳмонаи хоҳараш муттаҳам мешуд, содир кардааст.

Бино ба гузориши телевизионии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, додгоҳ Зокирҷон Холмуродовро дар куштори хоҳараш Зарина Холмуродова муттаҳам дониста, ба 13 соли зиндони низомаш сахт равона кардааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор дар ҷамоати деҳоти Симиганҷи шаҳри Ваҳдат дар  дар пайи муноқишаи оилавӣ рух додааст.

Дар гузориш гуфта мешавад, Зокирҷон Холмуродов бо модар, аҳли хонадон ва хоҳараш Зарина Холмуродоваи 45-сола дар як манзил зиндагонӣ мекард ва миёнашон бо сабабҳои ночиз  баҳсу мунозира сар мезадааст, ки он ба дағалӣ, бадбинӣ намудан нисбат ба якдигар оварда расонидааст.

Манбаъ мегӯяд, қасди куштори хоҳар аз суи бародар тарҳрезӣ гашта, ниҳоят шаби 27 ноябри соли гузашта Зокирҷон Холмуродов хоҳараш Зарина Холмуродоваро дар ҳоҷатхонаи манзили истиқоматияшон бо корд се маротиба ба фарқи сараш ва баъдан ба қисмҳои рӯй ва гарданаш зарбаҳо задааст, ки ҷабрдида дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.

Гуфта мешавад, баъди содир кардани ҷиноят Зокирҷон кордро ба дигар ҷой партофта тафтишотро ба роҳгумӣ бурдааст, аммо дар пайи кофтуков ба кормандони пулиси шаҳри Ваҳдат муяссар шудааст, онро пайдо карда гумонбарро ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашанд.

2955
Барчаспҳо:
куштор, хоҳар, ш. Ваҳдат, Тоҷикистон

Афзоиши фавтидагон аз COVID-19 дар Эрон

59
Вазорати беҳдошти Эрон мегӯяд, теъдоди ҷонбохтагон аз COVID-19 дар ҷумҳурӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати беҳдошт, шабонарӯзи гузашта 86 нафар аз COVID-19 фавтида, теъдоди умумӣ ба 56 ҳазору 803 нафар расид.

Радиои тоҷикии Садои Хуросон аз қавли Вазорати беҳдошт, дармон ва омӯзиши пизишкии Эрон хабар додааст, ки дар 24 соати гузашта 6 ҳазору 16 бемори нави гирифтор ба корона дар Эрон шиносоӣ ва 631 нафар аз онҳо бистарӣ шуданд.

Бар асоси маҷмӯи беморони вируси  COVID-19 дар Эрон ба як миллиону 330 ҳазору 411 нафар расидааст, ки то кунун 1 миллиону 119 ҳазору 137 нафар аз ин беморон беҳбуд ёфта ва ё аз бемористонҳо ҷавоб шудаанд.

Манбаъ афзуд, бемории COVID-19бар асоси омори расмии кишварҳо то кунун беш аз наваду панҷ миллион нафарро дар дунё мубтало карда ва беш аз ду миллион нафар низ бар асари ин беморӣ ҷони худро аз даст додаанд.

59
Барчаспҳо:
Эрон

Ҳалокати писарчаи тоҷик ҳангоми бозӣ

253
(Таҷдидшуда 17:19 17.01.2021)
Фоҷиа бо кӯдакон аз оилаи тоҷикистонӣ рӯзи 15 январ дар вилояти Маскав ҳангоми яхмолакбозӣ рух додааст

ДУШАНБЕ, 17 янв — Sputnik. Дар вилояти Маскав писарчаи 8-солаи тоҷик ҳангоми барфбозӣ ба ҳалокат расидааст, хабар додааст ТАСС бо такя ба хадамоти матбуоти додситонии вилояти Маскав.

Зикр шудааст, ки писарча ҳангоми баромадан ба баландӣ барои лағжиш як нӯги гарданбандашро дар боло баста, гирифтани нӯги дигарашро аз гардан фаромӯш кардааст.

“Вақте хоҳар ҷисми беҳаракати бародарашро дидааст, талоши кумаки аввалия кардааст, аммо бенатиҷа. Роҳгузарон низ натавонистаанд, писарчаро наҷот диҳанд”, - хабар дод манбаъ.

Нашрияи "МК" дар мавриди тафсилоти ин ҳодиса хабар додааст, ки кӯдак зодаи Тоҷикистон буда, бо оилааш се моҳи қабл ба ноҳияи Дмитрови назди Маскав омадааст.

Зикр шудааст, ки баъди кумакхоҳии хоҳар, як роҳгузар бо ҳамсараш низ талош кардаанд, кӯдакро наҷот диҳанд, аммо натиҷа надодааст.

Дар робита ба ин қазия додситонии шаҳрии Дмитров санҷишро оғоз кардааст.

253
Барчаспҳо:
кӯдак, Русия, ҳалокат, фоҷиа
День 18 января

Аз ифтитоҳи радиои "Садои Душанбе" то марги 5 ҳазор нафар дар Чин: имрӯзи таърих

0
(Таҷдидшуда 17:45 17.01.2021)
Рӯзи ҳаждаҳуми январ дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ таҷлил мешавад. Дар ин рӯз соли 1999 радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард

Рӯзи 18 январ дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1925 дар Русия аввалин шумораи рӯзномаи "Новый мир" ("Ҷаҳони нав") нашр шуд.

Соли 1960 аввалин маротиба ҳавопаймои Ил-118 аз шаҳри Маскави Русия ба шаҳри Қоҳираи  Миср парвози бетаваққуф анҷом дод.Соли 1964 табибони амрикоӣ аз конгресс даъват карданд, ки ширкатҳои истеҳсолкунандаи тамокуро вазифадор  намояд, то дар қуттиҳои он дар бораи хатари он ба саломатӣ нависанд.

Ҷашнҳои рӯзи 3 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1974 дар ИҶШС се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнат ва медали «Собиқадори меҳнат» таъсис дода шуд.

Соли 1995 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар шаҳри Кобеи Ҷопон беш аз 5 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.

Соли 2018 расонаҳо хабар доданд, Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба масъалаҳои сайёҳӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро яке аз мамлакатҳои барои саёҳат амну бехатар арзёбӣ карда, барои сафар ба шаҳрвандонаш тавсия додааст.

Рӯзи 18 январ дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1993 Ҷумҳурии Тоҷикистон узви Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) шуд.

Соли 1999 Радиои "Садои Душанбе" ба фаъолият оғоз кард.

Соли 2003 бо мақсади такмили низоми идоракунии давлатӣ, президенти ҶТ Фармон дар бораи як қатор тағйирот дар ин низомро ба имзо расонид, ки мутобиқи он ба ҳукумат оид ба барҳамдиҳии баъзе ширкатҳо дастур дода шуд.

Соли 2010 дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Созишнома оид ба тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Созмони ҳамкории Шанхай ва лоиҳаи низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодии «Ишкошим» ва «Данғара» мавриди муҳокима қарор дода шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 8 январ дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 2010 дар шаҳри Душанбе Эмомалӣ Раҳмон дар машварати корӣ масъалаи барқарорсозии мавзеъҳои аз заминларза зарардидаи ноҳияи Ванҷро  баррасӣ намуд.

Соли 2011 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар шаҳри Минск ҷаласаи гурӯҳи тафтишотӣ оид ба мутобиқкунии лоиҳаи Созишнома дар бораи ҳамкорӣ дар самти  омода намудани мутахассисони ҷузъу томҳои зиддитеррористӣ дар муассисаҳои таълимии мақомоти салоҳиятдори давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид.

Соли 2017  дар  шаҳри Душанбе зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон  бо ноиби Президенти Бонки ҷаҳонӣ оид ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Сирил Мюллер вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ шуданд.

Ҷашнҳои рӯзи 18 январ

Дар Тайиланд – Рӯзи қувваҳои мусаллаҳ.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон