Сейсмография, архивное фото

Дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон заминларза рух дод

797
(Таҷдидшуда 13:02 26.03.2020)
Субҳи имрӯз дар ноҳияи Ашти Тоҷикистон - дар наздикии марз бо ҷумҳурии Ӯзбекистон заминларза рух додааст

ДУШАНБЕ, 26 мар — Sputnik. Субҳи омрӯз, соати 09:45 дақиқа бо вақти маҳаллӣ дар қаламрави кишвар замин ларзид, хабар дод сомонаи КҲФ бо такя ба маълумоти Идораи зилзиласанҷии Тоҷикистон.

Манбаъ афзуд, маркази зилзила 220 киллометрии шимолу шарқи шаҳри Душанбе, 98 киллометрии шимолу шарқи шаҳри Хуҷанд ва 24 километр аз шаҳраки  Шайдони ноҳияи Ашт дуратр будааст.

Бино ба гузориши маркази зилзиласанҷии кишвар қувваи зилзила дар маркази он 3-4 балл ва дар шаҳри Хуҷанд 3 баллро ташкил додааст.

Бино ба ҳамин гузориш дар шаҳри Душанбеди низ заминларза эҳсос шуд, хисорот ва талафоти ҷонӣ низ дар ҷумҳурӣ  ба қайд гирифта нашудааст.

Қаблан як заминларзаи дар наздикии шаҳри Роғун сабт шуда буд, ки ба иттилои зилзилашиносон қувваи он дар марказ 3 дараҷа ва дар шаҳри Роғун 2-3 баллро ташкил дод. 

 

797
Барчаспҳо:
заминларза, Ашт, Тоҷикистон
Пляжный зонт

Наҷоти як кӯдак аз ғарқшавӣ ба марги 11 нафар анҷомид

406
(Таҷдидшуда 17:20 11.07.2020)
Ин ҳодиса дар яке аз пляжҳои Миср рух додааст. Ба далели зиёд сар задани чунин ҳодисаҳо, сокинон онр "пляжи марг" ном гузоштаанд

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Ёздаҳ нафар дар пляжи Александрияи Миср ғарқ шуданд, хабар медиҳад Akhbar el-Youm.

Ҷавони 26 - сола, ки гирифтори бемории рӯҳӣ буд, дар канали Чузӣ ғарқ шуд

Ба иттилои манбаъ, ғарқшавии 11 нафар дар ҳолест, ки қаблан мақомоти давлатӣ дар доираи чораҳои пешгирикунанда аз паҳншавии коронавирус пляжро баста буданд ва аз сокинон дархост намуданд, ки дар ин манотиқ дигар ба шиноварӣ машғул нашаванд.

Гуфта мешавад, ҳодиса соати 05:20 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ рух додааст. Сокинон ба хотири ба дасти кормандони пулис науфтодан, субҳи барвақт ба пляж рафтанд.

"Даҳ нафар ба ҳангоми наҷот додани як кӯдак аз ғарқшавӣ худ зери об рафтанд. Наҷотбахшон танҳо ҷасади 6 нафарро берун оварданд. Корҳои кофтукобӣ идома дорад", - таъкид мешавад дар хабар.

Зикр мегардад, ки дар Миср сар аз моҳи март, аз замони авҷ гирифтани маризии коронавирус ҳамаи пляжҳо баста шудаанд ва кормандони пулис ҳамарӯза аз ҳузури одамон назорат мебаранд.

406
Барчаспҳо:
Миср, ғарқ, кӯдак

Дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳои сохтмонӣ 14% кам шудааст

85
(Таҷдидшуда 16:36 11.07.2020)
Бо вуҷуди кам шудани шумораи ширкатҳои сохтмонӣ, дар Тоҷикистон ҳаҷми манзилҳои сохта ба истифода додашуда 24 фоиз зиёд шудааст

 

ДУШАНБЕ, 11 июл – Sputnik. Дар Тоҷикистон шумораи ширкатҳои сохтмонӣ аз аввали сол кам шудааст, мегӯяд  Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ.

Тибқи маълумоти расмӣ, дар панҷ моҳи соли 2020 шумораи ширкатҳои сохтмонӣ дар Тоҷикистон 14,2% кам шудааст. Ҳамин тариқ, дар аввали моҳи июн дар кишвар 638 корхона фаъол мондааст.

Ҳамзамон, аз моҳи январ то моҳи майи соли 2020, ташкилотҳои пудратӣ ба маблағи зиёда аз 214 миллион доллар корро ба сомон расонидаанд, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо давраи давраи соли 2019 555 ҳазор доллар бештар мебошад.

Тибқи маълумотҳои оморӣ, корҳои асосии пудратӣ аз ҳисоби ширкатҳо ба маблағи 136,4 ҳазор доллар иҷро карда шуданд (62,2% аз ҳаҷми умумии). Ғайр аз ин, пули саҳмияҳо - 81,7 ҳазор доллар ва фондҳои давлатӣ - 2,7 ҳазор доллар ҷалб карда шуданд.

Аз андоз сарпечӣ кард: Ожонси зидди фасод намояндаи "Озод сохтмон"-ро дастгир кард

Аз аввали сол, ширкатҳои сохтмонӣ зиёда аз 20 муассисаи таълимӣ ва тиббӣ, инчунин 365,2 ҳазор метри мураббаъ манзилро ба истифода доданд, ки ин нисбат ба соли 2019 24,6% зиёд аст.

85
День 12 июля

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 19:27 11.07.2020)
Рӯзи дувоздаҳуми июл ҳамчун Рӯзи суратгирон ҷашн гирифта мешавад. Ҳамчунин дар ин рӯз дар Аргентина аз Рӯзи муқимиҳо қайд мекунанд

Рӯзи 12 июл дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1934 дар Белгия ҳарбикунонии ҳизбҳои сиёсӣ манъ карда шуд.

День 11 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2000 олимони бритониягӣ дар бораи сохтани ваксинае хабар доданд, ки ба одамон барои наҷот ёфтан аз ВНМО (СПИД) бояд кумак менамуд.

Соли 2000 дар Аляска заминҷунбии 6,5-балла ба қайд гирифта шуд.

Соли 2010 дар мусобиқаи финалии чемпионати ҷаҳон испаниҳо дастаи мунтахаби Нидерландияро бо ҳисоби 1:0 мағлуб намуданд. Ҳамин тариқ, чемпионҳои Аврупо аввалин маротиба ба Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол  соҳиб гаштанд.

Ҷашнҳои рӯзи 10 июл дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

Соли 1998 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дастаи Фаронса дастаи Бразилияро бо ҳисоби 3:0 мағлуб намуд ва чемпиони ҷаҳон шуд.

Соли 2009 аввалин маротиба зан – Даля Грибаускайте Президенти Литва интихоб гардид.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 2011 ВАО хабар доданд, ки 11 июл дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк маросими супоридани раёсат дар Гурӯҳи Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) аз Тоҷикистон ба Қазоқистон баргузор гардид.

День 9 июля
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария
Соли 2012 дар Озарбойҷон раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо мукофоти олии давлатии Озарбойҷон – Ордени Ҳайдар Алиев ва Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо мукофоти олии давлатии Тоҷикистон Ордени Исмоили Сомонӣ дараҷаи 1 сарфароз гардонида шуданд.

Соли 2012 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон 10 санади нави ҳамкорӣ, аз ҷумла, Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқи муаллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он ба имзо расиданд.

Соли 2014 Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарони соҳаи энергетика ва олимону коршиносон машварати корӣ доир намуда, дар назди масъулин доир ба ҷоннок намудани корҳо ва бартарафсозии камбудиҳои мавҷудаи вақт вазифаҳои мушаххас гузоштанд

Ҷашнҳои рӯзи 12 июл

  •  Рӯзи суратгирон.
  • Дар Аргентина – Рӯзи муқимиҳо.
  • Дар Ҷумҳурии Кирибатӣ – Рӯзи истиқлолият.

Рӯзи 12 июл дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1906-1968)  – нависанда Тоҷӣ Усмон.

Соли 1932 – доктори илмҳои филологӣ Наҷмӣ Сайфиев.

Соли 1933 – актер коргардон Сафо Содиқов.

Соли 1956 – коргардон Қудратулло Эшонов.

0
Барчаспҳо:
ҷашн, ҷаҳон, Тоҷикистон