Кишти замин, акс аз бойгонӣ

Парванда барои фиреби намояндаи "Ширкати кимиёвӣ"

155
(Таҷдидшуда 14:39 27.03.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ҷавони 29-сола хабар дод, ки дар қаллобӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 27 мар — Sputnik. Маъмурини милиса сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Кирови шаҳри Ваҳдатро ҳамчун гумонбаршаванда дар содир намудани кирдори қаллобӣ дастгир кардаанд, хабар дод ВУД Тоҷикистон.

Ба иттилои ВУД, номбурда моҳи октябри соли 2019, ба боварии намояндаи ҶДММ “Ширкати Кимиёвӣ”-и шаҳри Ҳисор, марди 40-сола, сокини шаҳри Душанбе даромада, наздики 200 тон нуриҳои минералӣ гирифтааст.

Мақомоти тафтишотӣ мегӯянд, гумонбар дар қаллобӣ нуриҳои минералиро тариқи ғайринақдӣ гирифта, пулро баъди фурӯш барнагардондаст.

"Гумонбаршаванда бо мақсади ба фурӯш аз намояндаи “Ширкати кимиёвӣ” 100 тона нуриҳои менералии навъи “Афу” ва 97 тонаю 500 килограмм нуриҳои навъи “Карбомид”, гирифта, маблағи ба даст овардаашро ба манфиати шахсиаш сарф намудааст", - омадааст дар иттилоия.

"Латукӯб барои 208 сомонӣ аз сӯи ҳамкор": наздикони Шомиров дар бораи марги ӯ - акс

ВУД арзиши нуриҳои минералии гирифташударо дар маҷмуъ 736 ҳазор сомонӣ арзёбӣ кардааст. Ин ниҳод афзуд, ки нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Назари боздоштшуда ва ҷониби ҳимояаш дар бораи ин қазия маълум нест.

155
Барчаспҳо:
парванда, фиреб, қаллобӣ, Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, Тоҷикистон
Разбитое стекло автомобиля, архивное фото

Садамаи маргбор: Аз шиддати зарбаи "Опел" Нозигул парида ба “Тайота" заду ҳалок шуд

747
(Таҷдидшуда 12:20 19.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз рухдоди як садамаи мудҳиши нақлиётӣ хабар медиҳад, ки дар натиҷаи он як нафар ҳалок шудааст

ДУШАНБЕ, 19 январ - Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садамаи нақлиётӣ рӯзи 17-уми январи соли ҷорӣ, тахминан соати 14:20-дақиқа, дар роҳи "Ваҳдат-Душанбе" сар задааст.

Ба иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", Гулаев Акмалҷон Нуралиевичи 27 сола, сокини ҷамоати деҳоти С.Раҳимови ноҳияи Темурмалик, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди "Ваҳдат-Душанбе", дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат аз уҳдаи идораи автомашина набаромадааст.

Ӯ дар ҳамин ҳол, пиёдагардон: Мирзокаримова Гулизор Шодиевнаи 45-сола ва ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовнаи 20-соларо пахш намудааст.

"Дар натиҷа, пиёдагарди ноболиғ Маҳмадиева Нозигул Ҳабибовна аз шиддати зарбаи сахт парида, ба қисмати пеши автомашинаи тамғаи “Тайота-Кемри”, таҳти идораи Ҳалимов Абдукарим Раҷабалиевичи 21 -сола, сокини ҳамин шаҳр, бархӯрда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст",-афзудааст манбаъ.

Садамаи маргбор: Ғафурҷон бо "Дамас"-аш Ҷаъфарбеки хурдсолро пахш карду гурехт

Гуфта мешавад, шаҳрванд, Мирзокаримова Г.Ш. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

ВУД мегӯяд, аз рӯйи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

747
Барчаспҳо:
фавт, ВАҳдат, садама, Тоҷикистон
Машина пожарной службы

Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозор дар Душанберо гуфтанд-видео

300
Мақомот сабаби сӯхтори хонаи раиси бозори “Зарафшон”-и маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе Меҳрӣ Бӯриеваро, ки шоми 17 январ рух дод, расиши ноқилҳои барқӣ гуфтаанд

ДУШАНБЕ, 18 янв — Sputnik. Сӯхтор дар хонаи Меҳрӣ Бӯриева тахминан соати 19:30, замоне рух додааст, ки аъзои оила дар хона ҳузур доштанд, хабар додааст сомонаи “Фараж”.

Манбаъ аз қавли корманди  хадамоти сӯхторхомӯшкунӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ, Нурмаҳмад Хӯшаев афзудааст, ки оташсӯзӣ масоҳати 50 метри мураббаъро дарбар гирифтааст.

Таъкид шудааст, ки сабаби сӯхтор расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар боми манзили истиқоматии соҳибкор Меҳрӣ Бӯриева будааст.

Оташнишонҳо саривақт ба ҷои ҳодиса расиданд ва аз зарари бештар ҷилавгирӣ карда шуд. Хушбахтона, ягон нафар аз аъзои оила дар сӯхтор зарари ҷисмонӣ набардоштанд, таъкид намудааст подполковник Нурмаҳмад Хӯшаев.

Дар баробари ин сомонаи Фараж хабар додааст, ки дар макони ҳодиса, яке аз ҳамсояҳои хонум Бӯриева гуфт, зарардида барои гарм кардани хонааш аз ангиштсанг истифода мекардааст ва пас аз гармии зиёди дудбаро боми хона, ки аз масолеҳи бомпӯши навъи “Ондулин” иборат аст, оташ гирифтааст.

300
Президент Дональд Трамп

Паёми хайрбодии Трамп: Амрико кишвари инсонҳои ноустувор нест

0
Сиёсатмадор таъкид кард, ки ӯ "аввалин президент дар даҳсолаҳо шуд, ки ягон ҷангҳои навро оғоз накардааст"

ДУШАНБЕ, 20 янв – Sputnik. Доналд Трамп ба ҳайси президент паёми хайрбодӣ ироа кард, порчаҳо аз суханронии ӯро Кохи Сафед нашр кард. Ҳамчун сарвари давлат, Трамп гуфт, ки "идеяи муқаддасро, ки дар Амрико мақомот дар назди мардум ҷавоб медиҳанд" бори дигар тасдиқ кард.

"Мо он чиро, ки барои карданаш омадем, ва бештар аз он",- гуфт ӯ.

Сиёсатмадор таъкид кард, ки ӯ "аввалин президент дар даҳсолаҳо шуд, ки ягон ҷангҳои навро оғоз накардааст".

Маъмурияти ӯ "қудратро ба Иёлоти Муттаҳида ва" роҳбарияти Амрико дар хориҷа "барқарор кард" гуфт Трамп.

"Мо ба иттифоқҳоямон нафаси нав бахшидем (бо дигар давлатҳо. - Ред.) ва дигар кишварҳои ҷаҳонро гирд овардем, то ба Чин мисли пештара муқобилат кунанд",-гуфта мешавад дар муроҷиатнома.

Ба ақидаи ӯ, бузургтарин хатар дар назди Иёлоти Муттаҳида аз даст додани эътимод ба худ ва "бузургии миллии" онҳост.

"Амрико кишвари хоксору инсонҳои ноустувор нест, ки бояд аз онҳое пинҳон ва муҳофизат карда шавад, ки мо бо онҳо ихтилофи назар дорем", - илова кард Трамп.

Вай гуфт, ки барои муваффақияти маъмурияти нави Ҷо Байден дар таъмини амният ва шукуфоии кишвар дуо мегӯяд.

Ҳамзамон, вай қайд кард, ки ҳаракати сиёсии ӯ дар оғози роҳ аст.

Дар ниҳоят Байден пирӯз шуд: чаро Трамп реванш пешниҳод накард

"Ҳоло, вақте ки ман барои супоридани қудрат ба маъмурияти нав дар нимаи рӯзи чоршанбе омодагӣ мебинам, мехоҳам шумо бидонед, ки ҳаракате, ки мо оғоз кардем, танҳо ибтидо аст", - гуфт ӯ.

Трамп бори дигар ҳамлаи рӯзи шашуми январ ба бинои конгрессро маҳкум кард, ки пас аз як суханронияш дар гирдиҳамоие сар зада буд, ки панҷ қурбонӣ дар пай дошт.

"Ҳамаи амрикоиҳо аз ҳамла ба Капитолияи мо ба ваҳшат афтоданд. Зӯроварии сиёсӣ ин ҳамла ба ҳама чизест, ки мо ҳамчун амрикоиҳо қадр мекунем. Ҳеҷ гоҳ набояд таҳаммул кард",-гуфт ӯ.

Пас аз ошӯбҳо, палатаи намояндагон Трампро бо иттиҳоми ташвиқ ба ошӯб импичмент эълон кард.

Ҳоло парвандаи ин амалкард ба Сенат рафтааст, ки имрӯз аз таътил баргашт.

“Лаънати Трамп”: коҳиши 51 - миллиарддолларии арзиши Фейсбук ва Твиттер

Ҳамзамон, маросими савгандёдкунии президенти тозаинтихоби ИМА Ҷо Байден бояд имрӯ 20 январ баргузор шавад.

 

0
Барчаспҳо:
Кохи сафед, Доналд Трамп, ИМА