Руки в наручниках, архивное фото

Гумонбар дар куштори сокини 27 - солаи Душанбе боздошт шуд - акс

1110
(Таҷдидшуда 17:00 28.03.2020)
Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошт гардидани сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар медиҳад, ки дар куштори ҷавони 27 - сола гумонбар дониста мешавад

ДУШАНБЕ, 28 мар— Sputnik. Акси ҷасади Шомиров Диловаршо чанд рӯз боз дар сафҳаи шабакаи иҷтимоии Фейсбук мечархид ва корбарон аз шаҳрандони кишвар барои муайян кардани шахсияти ҳалокшуда, кӯмак мехостанд.

 

Подозреваемый в смерти 27-летнего мужчины
Подозреваемый в смерти 27-летнего мужчины

 

Зимнан, Раёсати умури дохилӣ дар шаҳри Душанбе муайян кард, ки номбурда сокини Душанбе буда, бар асари беморие дар яке аз кӯчаҳои пойтахт ба ҳалокат расидаст. Аммо бо пофишории наздикони марҳум, экспертизаи тиббӣ - судӣ барои маротиба дуввум муайян намуд, ки номбурда на аз беморӣ, балки аз мушту лагад ҷон бохтаст.

Куштор: сокини Исфара марди 37-соларо дар ҳавлияш корд зад

Дар ҳамин ҳол РВУД Тоҷикистон гумонбари асосӣ дар куштори ин ҷавонро дастгир намуданд. Боздоштшуда ҳамроҳ бо Диловаршо дар як нуқтаи шустушӯйи мошинҳо кор карда, санаи 22 - юми март, тахминан соати 22:30 дар асоси ғаразҳои пешакӣ дар назди бинои 2-и кӯчаи Айнии ноҳияи Шоҳмансур бо ӯ муноқиша намудааст.

Манбаъ меафзояд, Халилов Абдулмумин бо мушт як зарба ба қисмати рости мавзеъи гӯши Шомиров Диловаршо задааст, ки дар натиҷа охирон ба замин афтода, баъди чанд лаҳза ба ҳалокат расидааст.

Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Халилов Абдулмумин Асадуллоевич парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, ӯ феълан дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

1110
Барчаспҳо:
боздошт, куштор, Душанбе
Дым поднимается от здания, после взрыва в центре Мадрида

Таркиши мудҳиш дар маркази Мадрид-навори шоҳидон

153
(Таҷдидшуда 20:58 20.01.2021)
Таркиши мудҳише маркази шаҳри Мадридро такон дод ва як кӯчаро тақрибан хароб намуд. Сабаби таркиш мавриди таҳқиқ қарор дорад

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Бар асоси иттилои расида, таркиш дар бинои навбунёде дар кӯчаи Толедо рух додааст ва дар натиҷа биноро тақрибан тахриб намуд.

Сабабҳои таркиш феълан маълум нест. Дар ҷои ҳодиса айни ҳол мақомот кор карда истодаанд. Яке аз сабабҳои эҳтимолӣ хориҷ шудани газ арзёбӣ мешавад.

Бархе манобеи дигар мегӯянд, таркиш дар меҳмонхона рух додааст, бархеи дигар изҳор медоранд, ки дар хонаи пиронсолон.

Дар ин таркиш, ки баъди зуҳри имрӯз рух додааст, чанд нафар ҳалок шуда, бархеи дигар маҷруҳ гардидаанд. Аммо дақиқан теъдоди қурбониён то ҳол ироа нашудааст.

153
Руки в наручниках, архивное фото

Зани ҷавон бо гумони ташкили фоҳишахона дастгир шуд

256
(Таҷдидшуда 14:10 20.01.2021)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ошкоршавии як ҳолати ташкили фоҳишахона дар вилояти Суғд хабар додааст

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия зани 29-солаи сокини шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт дастгир карда шуд.

Манбаъ афзудааст, ки дастгиршуда барои ташкил ё нигоҳдошти фоҳишахона гумонбар мебошад.

"Номбурда, 12-уми январи соли 2021, тахминан соати 16:00, дар хонаи истиқоматиаш ба зан ва марди 34-солаи сокинони ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи мазкур барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё намуда, аз онҳо 150 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст”, - омадааст дар иттилоия.

ВУД изҳор доштааст, ки феълан аз рӯи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

Иҷора гирифту ба фоҳишахона табдил дод: боздошти зани 34 - сола дар Душанбе

Қаблан мақомоти Тоҷикистон ҷазо барои ташкил фоҳишахона, ҳамчунин даллагӣ ё занҷаллобиро сангинтар карданд.

Барои ин ҷиноёт ҷарима ба андозаи аз 1 ҳазор то 2 ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ё маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то панҷ сол ҷазо пешбинӣ шудааст. Бар асоси тағйирот, ба афроде, ки дубора даст ба чунин ҷинояткорӣ мезананд то 8 соли зиндон таҳдид мекунад.

256
Барчаспҳо:
дастгир, боздошт, Тоҷикистон
Тими наврасони Тоҷикистон (U-17)

Рақибони тими наврасони тоҷик дар "Ҷоми Иттиҳод" муайян шуданд

0
(Таҷдидшуда 20:41 20.01.2021)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон рақибони дастаи мунтахаби наврасони ҷумҳурӣ оид ба футбол – “U-17”-ро дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” номбар кард

ДУШАНБЕ, 20 янв — Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, футболбозони то 17-солаи тоҷик дар “Ҷоми рушд-2021” бо тимҳои мунтахаби наврасони Белорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат мекунад.

“Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок мекунад”,  - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Дар “Ҷоми рушд-2021” дар Минск футболбозони навраси тоҷик бо ҳамсолонашон аз Қазоқистон (31 январ), Молдова (3 феврал) ва Белорус (6 феврал) бозӣ хоҳанд кард.

Футбол: бозиҳои ниҳоии Ҷоми Тоҷикистон-2020 маълум шуд

Мусобиқаи анъанавии зимистона дар толори футболи Минск тибқи системаи даврӣ дар як давр баргузор мешавад. Ғолиб аз рӯи холҳои бадастоварда муайян мегардад, тавзещ дод Кумитаи олимпӣ.

0
Барчаспҳо:
Ҷом, Футбол, Тоҷикистон