Близ Душанбе сель смывает улицы и топит дома

КҲФ зарари сели маргбор дар Наврӯзро эълон кард

175
(Таҷдидшуда 08:57 03.04.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон зарари сели маргбори  21 март дар ноҳияи Хуросонро эълон кард

ДУШАНБЕ, 3 апрел - Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулода маблағи умумии хисорот дар ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 миллион сомониро ташкил додааст.

Ба иттилои манбаъ, то 2 апрел аз лою об таҳхонаҳои 40 хонаи истиқоматӣ ва қитъаҳои наздиҳавлигӣ, ҳамчунин 370 метр шабакаи новаҷӯйҳо тоза карда шуда, техникаи Кумита 560 метр шабакаи заҳбуриро пок намуд. Корҳо оид ба рафъкунии оқибатҳои офати табиӣ идома доранд.

Манбаъ мегӯяд, бар асоси натиҷагирии комиссияи ноҳиявӣ оид ба ҳолатҳои фавқулода хисороти аз фаромадани сел дар ноҳияи Хуросон ду хонаи истиқоматӣ, 6,3 км роҳи мошингарди деҳот, 7,3 км хатҳои обёрӣ ва каналҳо, 7,3 км хати заҳбур ва обравҳо, 186 иншооти ёрирасон қисман осеб бардоштанд.

Ёдовар мешавем, дар натиҷаи боришоти шадиди рӯзи 21 март дар деҳаи Ҳалқаҷари  ноҳияи Хуросон сел фаромад, ки баробари хисороти зиёди молӣ, талафоти ҷонӣ низ дар пай дошт.

КҲФ аз қурбонии сел сокини 59-солаи деҳаи Ҳалқаҷар Мирзоқул Раҳмонқул ном бурд, ки ҳангоми фаромадани сел ба корҳои саҳроӣ машғул будааст.

175
Барчаспҳо:
хисороти сел, сел, Хуросон, Тоҷикистон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

790
(Таҷдидшуда 16:42 28.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол" - и деҳаи Туғмазори вилояти Хатлон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як кӯдаки 12-солаи деҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли "Комсомол" аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 17:20 дақиқа ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба хешовандонаш супориданд.

Ногуфта намонад, ки ин аввалин ҳодисаи марги ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар соли 2020 аст.

Дарёфти ҷасади духтари 16 - сола аз рӯди Вахш: иллати ғарқшавии ӯ номаълум аст

КҲФ мегӯяд, беназорат гузоштани кӯдакон ҳамеша сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад.

Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст

Кумитаи аз волидону пайвандон даъват мекунад, ки ҳатман нозири ҷигарбандони худ бошанд.

790
Барчаспҳо:
КҲФ, ғарқшавӣ, Норак
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане

Сел дар ВМКБ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ - ро боздошт

970
(Таҷдидшуда 14:53 28.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз боришоти сахти борон дар ду деҳоти ВМКБ хабар медиҳад, ки боиси баста шудани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 27 – уми майи соли 2020 тахминан соати 22:20 дақиқа бар асари бориши шадиди борон дар километри 347, мавзеи деҳаи Санғев, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омадааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сели азим муддате ҳаракати нақлиёт ба ду самтро боздошт. 

"Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 00:46 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, роҳ барои ҳаракати нақлиёт пурра боз шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз нимишабӣ низ бар асари бориши сахти борони баҳорӣ  дар километри 324, мавзеи деҳаи Шикев, ҷамоати деҳоти Нулванд шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад ва он муваққатан роҳи ҳаракати мошинҳоро баст.

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, то ин соате, ки хабар омода мешуд, корҳои бартарафсозии паёмади ин сели азим идома дошт ва бо расидани хабари тоза, хонандагонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Навраси 13 солаи Хоруғ дар руди Ғунд афтиду нопадид шуд

970
Барчаспҳо:
боришоти шадид, сел, ВМКБ
Президент Кыргызской Республики Сооронбай Жээнбеков

Сооронбой Жээнбеков барои таҷлили Рӯзи Пирӯзӣ ба Маскав меравад

0
(Таҷдидшуда 18:43 28.05.2020)
Гузашти низомӣ ба муносибати Рӯзи Пирӯзӣ дар Маскав рӯзи 24 июн баргузор мешавад. Рӯзи таҷлили ид дар Маскав чораҳои амниятӣ шадид мешавад

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Президенти Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков дар гузашти низомӣ ба муносибати 75-умин солгарди Рӯзи Пирӯзӣ ширкат хоҳад кард, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.

Ин хабарро раҳбари хадамоти матбуотии президент, Толгонай Стамалиев таъйид кардааст.

Ёдрас мешавем, ки имсол ба далели паҳншавии коронавируси навъи COVID - 19 таҷлили оммавии Рӯзи Пирӯзӣ дар Русия, ки ҳамасола рӯзи 9 май, баргузор мешуд, лағв шуд.

Президенти Русия Владимир Путин, рӯзи 26 май фармон дод, ки омодагӣ барои таҷлили 75-умин солгарди Пирӯзӣ дар Ҷанги Бузурги Ватаниро дар пойтахти Русия шаҳри Маскав ва дигар шаҳрҳо оғоз шавад.

Беш аз миллион нафар аз 60 кишвари ҷаҳон суруди "Рӯзи Пирӯзӣ" - ро сароиданд - видео

Ӯ қайд кард, ки рӯзи 24 июн барои таҷлили ин иди бузург рӯзи мувофиқ аст, чун маҳз дар ин таърих нахустин бор соли 1945 гузашти низомии қаҳрамонон баргузор шуда буд.

Дақиқаи хомӯшӣ барои поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Дар баробари ин президент ба вазири дифоъ Сергей Шойгу фармуд, то замони таҷлили ид амнияти шаҳрвандон қатъиян таъмин шавад ва хатари сироятёбӣ ба коронавирус дар он рӯз кам карда шавад.

0
Барчаспҳо:
ҷашни рӯзи Ғалаба, Маскав, сафар, Сооронбой Жээнбеков, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон