Женщина в платке

Даллагӣ бар ивази 500 сомонӣ: боздошти ҷавонзан дар пойтахт

768
(Таҷдидшуда 13:53 06.04.2020)
Дар пойтахти Тоҷикистон як ҷавонзани 24-сола барои гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ боздошт шудасааст

ДУШАНБЕ, 6 апр — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран кормандони милитсия ҷавонзани 24-солаи сокини шаҳри Бохтарро бо гумони ташкил, нигаҳдошти фоҳишахона ва ё даллагӣ дастгир намуданд. 

Тибқи иттилои ВУД, номбурда, санаи 4-уми апрели соли равон, дар кӯчаи Назаршоеви шаҳри Душанбе барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 29-солаи сокини шаҳри мазкурро бо ҷавонзани 20-солаи сокини шаҳри Бохтар шинос карда, аз онҳо 500-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.

Ҳамзамон ҷавонзани боздоштшуда худи ҳамон рӯз, дар кӯчаи Назаршоев барои алоқаи ҷинсӣ намудан марди 35-солаи сокини пойтахт бо ҷавонзани 23-солаи сокини шаҳри Бохтар боз мукофотпулӣ гирифтааст.

Вай барои ин иқдомаш аз онҳо 450-сомонӣ ҳамчун мукофотпулӣ гирифтааст.

Тибқ маълумоти ВУД, дар ҳоли ҳозир, аз рӯи ҳодисаҳои мазкур  тафтишот идома дорад.

768
Барчаспҳо:
боздошт, даллагӣ, фоҳишахона, гумон, гумонбар, ҷавонзан, пойтахт, Тоҷикистон
Милисаҳо, акс аз бойгонӣ

“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео

545
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши видеоӣ тафсилоти бештари марги падар аз ҷониби писарро дар ноҳияи Вахш ироа кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса Тӯхтаев Холалӣ, сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро барои даст доштан дар марги падараш, Тӯхтаев Холбобои 58 – сола боздошт кардаанд.

Манбаъ афзуд, Холалӣ ба далели он, ки падараш қаблан зани 30-солаашро латукӯб кардааст,  шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ӯро бо офтоба чанд бор задааст. Дар натиҷа падари маҷруҳ дар беморхона ҷон додааст.

Писари муттаҳам дар гузориши видеоӣ изҳор медорад, ки “занма рӯз намедиҳад. Задай, кӯдаки майдаакима тарсондай. Боз занам ҳаштмоҳа ҳомиладорай. Ғам медиҳад, аз хона буро мегӯяд”. Ӯ илова намуд, ки бо офтоба чанд бор ба сари падараш зад.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона  ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

545
Барчаспҳо:
писар, падар, ҷиноят, Тоҷикистон
Председатель Совета улемов Исламского центра Таджикистана Саидмукаррам Абдукодирзода, архивное фото

Шӯрои уламо дар бораи закот ва миқдори он: ба кӣ бояд дод?

201
(Таҷдидшуда 11:07 04.06.2020)
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон ба суолҳои корбари сомонааш дар мавриди нӯшидани нисоби закот ва миқдори он, посух гуфтааст

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Як чанд корбари сомонаи Шӯрои уламои Тоҷикистон аз ин ниҳоди динии кишвар хостаанд дар бораи закот, миқдори он ва дар кадом вақт ба чи кас онро супорид посух диҳад.

Дар посух ба ин суол Шӯрои уламои кишвар гуфтааст, закот бар шахсе фарз аст, ки дорои нисоби закот, яъне молики 21000 сомонӣ бошад.

Шӯрои уламо гуфтааст, пас аз гузаштани як сол аз вақти соҳиби нисоб шудан ба андозаи 525 сомонӣ ба фақире ё мискине ҳамчун закот мепардозад.

“Агар ин миқдор маблағро молик набошад, бар ў закот фарз намешавад.Шарти воҷиб шудани закот ба нисоб расидани мол аст, агар қабл аз ба нисоб расидан ҳам пардохт кунад, ҷоиз ва кори хайр аст”,-афзудааст манбаъ.

Ин ниҳод гуфтааст, додани закот ба ҷуз падару модар ва фарзанду набера ва ҳамсар ба дигар хешовандон дуруст аст, агар моли ба нисобрасида надошта бошанд.

201
Судебный молоток, архивное фото

Жураев 85 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ шуд

0
(Таҷдидшуда 14:51 04.06.2020)
Додгоҳи ноҳияи Ёвон Нурмаҳмад Жураев, собиқ муҳандис-заминсози Ҷамоати шаҳраки Ҳаёти Нави ноҳияро дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ ва ғайриқонунӣ додани қитъаи замин гунаҳкор дониста, 85 ҳазору 800 сомонӣ ҷарима баст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи қарори додгоҳ, Жураев аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои хизмати давлатӣ дар соҳаи замин ба муҳлати 3 сол маҳрум шуд, хабар дод “Ҷумҳурият”.

Манбаъ афзуд, Жураев ба боварии шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов, сокини ноҳия даромада бо роҳи фиреб барои ҷудо ва ҳуҷҷатгузорӣ кардани 0,16 гектар қитъаи замини наздиҳавлигӣ 5000 доллари ИМА талаб карда, 3500 долларро бо роҳи қаллобӣ гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф кардааст.

Ба иттилои додгоҳ, Жураев моҳи феврали соли 2019 барои воқеан ҷудо карда додани қитъаи замини наздиҳавлигии ваъдакардааш аз Шамсиддинов боз 30 ҳазор сомонӣ гирифтааст.

“Ҳамчунин, моҳи марти соли 2019  Нурмаҳмад Жураев ғайриқонунӣ 0,08 гектар қитъаи замини тарҳи 56-и корами обии мансуб ба хоҷагии деҳқонии “Оғабек”-и ҷамоати зикршударо ба У. Шамсиддинов ҳамчун замини фонди наздиҳавлигӣ ҷудо кардааст, ки шаҳрванд дар он корҳои сохтмонии таҳкурсии иҳотавии атрофи заминро анҷом додааст”, - омадааст дар иттилоия.

Зикр шудаст, ки  Нурмаҳмад Жураев аз шаҳрванд Уктамҷон Шамсиддинов бо роҳи қаллобӣ беш аз 47 ҳазор сомонӣ гирифта, ба ӯ зарари калон расондааст.

Ин дар ҳолест, ки вазифаи хизматии Нурмаҳмад Жураев ҳамчун муҳандис-заминсоз назорати самараноки истифодаи қитъаи замини хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоҷагиҳои ёрирасон ва заминҳои наздиҳавлигии ҳудуди ҷамоат буд, на заминфурӯшӣ.

Дар пайи шикояти Уктамҷон Шамсиддинов аз амалҳои фиребкорона ва ғайриқонунии муҳандис-заминсози ҷамоат Нурмаҳмад Жураев ба Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон муроҷиат кардааст.

Таъкид шудааст, дар рафти баррасии ариза, Нурмаҳмад Жураев 3500 доллари ИМА, 30 000 сомонии барои ҷудо кардани қитъаи замин гирифтааш ва 7500 сомонии барои иҳотадевори атрофи замин сарфкардаашро ба ӯ пурра баргардондааст.

Додгоҳ бо назардошти ҳолатҳои кор ҷазоро дар намуди ҷарима ва бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои  муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян таъйин кардаст.

0