Ҳалокати кӯдаки 7 - сола зимни чаппа шудани мошин

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 7 апр — Sputnik. Садамаи маргбори нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд - Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух додааст.

Тамбовская областная станция скорой медицинской помощи - Sputnik Тоҷикистон
Шарҳи расмии КҲФ аз садама дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд

Ба иттилои котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодисаи нохуш рӯзи 5-уми апрели соли 2020, тахминан соати 17:20-дақиқа ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ меафзояд, ронандаи автомашинаи тамғаи "Тайота-Авенсис", Одинаев Лоиқбеки 32 - сола, сокини шаҳри Бӯстон, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи "Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ, дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба канори рости роҳ баромада, чаппа шудааст.

Садама дар шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд: шаш нафар аз доми марг наҷот ёфтанд

Дар натиҷа, мусофири дохили автомашина, ноболиғ Маликова Фирӯза Шодимаҳмадовна, соли таваллудаш 2012, сокини шаҳри Бӯстон, хонандаи синфи 1-уми МТМУ, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикисстон мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқ идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0