Ҳалокати ду пиёдагард дар як рӯз

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкДорожный знак пешеходный переход, архивное фото
Дорожный знак пешеходный переход, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз марги ду пиёдагард дар роҳҳои кишвар хабар дод, ки ба иттилои ин ниҳод дар пайи ноуҳдабароии ронандагон рух додааст

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Ба иттилои ВУД, як садамаи маргбор, рӯзи 11-уми апрели соли 2020, тахминан соати 21:00 дар шаҳри Душанбе рух дод.

Дорожный знак, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи маргбор дар шаҳри Хоруғ як кушта ва ду захмӣ барҷой гузошт

Манбаъ афзуд, ронандаи автомашинаи тамғаи “БМВ”, Раҳматзода Миралӣ Сайфулло, соли таваллудаш 1966, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти кӯчаи 50-солагии Тоҷикистон ба самти кӯчаи Деҳотии пойтахт, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Файзов Тоҷиддин Муҳиддинович, соли таваллудаш 1980, сокини ноҳияи Рӯдакиро зер намудааст.

Дар натиҷа пиёдагард Файзов ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои ВУД, садамаи дигар низ 11-уми апрели соли 2020, тахминан соати 21:00 дар ноҳияи Файзобод рух додаст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Ҳалокати кӯдаки 7 - сола зимни чаппа шудани мошин

“Ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Зикруллоев Алиакбар Абдуҷаборович, соли таваллудаш 1986, сокини ҷамоати деҳоти Қ.Дашти ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан аз самти шаҳри Ваҳдат ба самти шаҳри Роғун дар километри 29-и шоҳроҳи Ваҳдат-Рашт-Лахш, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди хурдсол, Раҳимова Мадина Худойназаровна, соли таваллудаш 2014, сокини ҷамоати деҳоти Д.Алиеви ноҳияи Файзободро пахш намудааст”, - омадааст дар иттилоия.

Дар натиҷа, хурдсол Раҳимова бар асари ҷароҳатҳои гуногун дар беморхона ба ҳалокат расид.

ВУД таъкид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодисаҳо таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0