Автомобильная дорога, ведущая к городу Душанбе

Тарма рӯдхона ва роҳи мошингарди Душанбе - Варзобро баст

403
Бориши шадиди борон ва резиши барф боис ба фармадани тарма дар роҳи мошингарди Душанбе - Варзоб шуд

ДУШАНБЕ, 13 апр — Sputnik. Субҳи барвақти рӯзи 13 - уми апрел дар киломатри 60 - уми роҳи мошингарди Душанбе-Варзоб барфи шадид борид ва ба дунболи он тарма аз баландӣ сарозер шуд, ки роҳ ва ҷараёни рӯдхонаро баст.   

Ба иттилои котиботи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, барои бартараф намудани оқибатҳои ин тармарезӣ кормандони ширкати  "Инновейтив Роуд Солюшнз" ва наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва техникаи зарурӣ сафарбар гардид.

Манбаъ меафзояд, бо талоши ҳар ду ҷониб феълан роҳ аз тӯдаву ғарами барф тоза карда шуд ва мошинҳо дубора дар ин самт ба ҳаракат даромаданд.

Тарма ва сангрезӣ: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон барои имрӯз

Гуфта мешавад, барои таъмини бехатарӣ наҷотдиҳандагони КҲФ дар километри 62-уми роҳи Душанбе – Айнӣ шабонарӯз навбатдорӣ мекнунанд. 

Ёдовар мешавем, ки то охири ҳафта хатари боронҳо боқӣ мемонад, лағзиши тарма, резиши санг ва боло рафтани сатҳи оби рӯдхонаҳо аз эҳтимол дур нест. 

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад дар ин рӯзҳо хеле эҳтиёткор ва ва ҳушёр бошанд.

403
Барчаспҳо:
Варзоб, Душанбе, роҳи мошингард, тарма
Верующий на намазе в мечети, архивное фото

Масоҷид ва марказҳои мусалмонӣ дар вилояти Маскав дубора ба кор даромаданд

3
Ҳоло масҷидҳо танҳо барои ташрифи инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ ба роҳ монда шуданд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Дар вилояти Маскав  пас аз сабукгардонии чораҳои маҳдудсозӣ вобаста ба пандемия масҷидҳо ва марказҳои мусалмонӣ боз шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Шӯрои Муфтиёни Русия.

Аммо, ҳоло онҳо танҳо барои боздидҳои инфиродӣ дастрасанд ва бо риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ амалӣ карда мешаванд.

Қайд карда мешавад, ки намози ҷумъа танҳо дар ҳавои кушод дар Ногинск, Старая Купавна, Орехово-Зуево, Шелково, Солнечногорск, Наро-Фоминск, Звенигород, Родники, Коломна, Яхрома, Зарайск, Домодедово, Тучково ва Шаховский баргузор мешавад.

Дар ҷамоаҳои боқимондаи мусулмонони вилояти Маскав намози ҷумъа баргузор нахоҳад шуд.

То беҳтар шудани вазъи эпидемиологӣ онҳо онлайнӣ баргузор карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ҳамзамон риояи қатъии меъёрҳои санитарӣ ҳатмӣ мебошад. Мӯъминон бояд бо худ ниқобҳои тиббӣ ва дастпӯшак дошта бошанд ва инчунин пешниҳод мешавад, ки бояд масофаи иҷтимоӣ риоя шавад.

Ёдрас мешавем, қаблан маълум шуда буд, ки аз 6 июн дар Маскав масҷидҳо боз хоҳанд шуд. Ва ду рӯз пеш  1 июн, дар пойтахти Русия, дар реҷаи озмоишӣ, Масҷиди марказӣ дарҳои худро барои намозгузорон боз кард.

3
Барчаспҳо:
макони ибодати мусулмонон, мусалмонон, кушодашавӣ, масоҷид, Русия
ДТП, архивное фото

Боз як садамаи марговар: пиёдагарди 38-сола зери чархи “Фолсваген-Пасат” ба ҳалокат расид

381
Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон боз аз як садамаи маргбор, ки дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода рух додааст, хабар дод

ДУШАНБЕ, 3 июн - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон садамаи маргбор санаи 1-уми июни соли равон, тахминан соати 23:40 рух додааст.

Тибқи иттилои манбаъ, ронандаи автомашинаи тамғаи “Фолсваген-Пасат”, Ибрагимов Умедҷон Маҳмуродович, соли таваллудаш 1996, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабобод, ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми ҳаракат кардан дар ҳудуди деҳаи Ҳоҷиёни ҷамоати деҳоти М.Турсунзода, аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Абдуалимов Зоир Тоирович, соли таваллудаш 1982, сокини ҷамоати деҳоти Чимтеппа-ро пахш намудааст. 

Манбаъ қайд кардааст, дар натиҷа Абдуалимов З.Т. ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи Тоҷикистон аз руи ин ҳодиса таҳқиқотро идома дорад.

Чанде пеш, Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намуд

Дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

381
Барчаспҳо:
пахш, пиёдагард, Турсунзода, деҳа, садама, вазорати умури дохила, Тоҷикистон