Руки в наручниках, архивное фото

ВУД Тоҷикистон: марди 36-сола барои қочоқи беш аз як кило симоб боздошт шуд

617
(Таҷдидшуда 13:23 14.04.2020)
Масъулини Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон хабар доданд, ки дар вилояти Суғд марди 36-сола, ки дар муомилоти ғайриқонунии симоб гумонбар дониста мешавад, боздошт шудааст

ДУШАНБЕ, 14 апр - Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, ахиран дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд барои қочоқи беш аз як кило симоб марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расулов боздошт шуд.

Тибқи иттилои ВУД Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 36-солаи сокини ҷамоати деҳоти Сомониёни ноҳияи Ҷаббор Расуловро дар муомилоти ғайриқонунии моддаҳои сахттаъсир ё заҳролуд, гумонбар медонанд. 

“Аз номбурда санаи 11-уми апрели соли 2020, дар ҳудуди минтақаи Галамайдони ноҳияи Б.Ғафуров як зарфи шишагӣ, ки дар дохилаш моеъи рангаш нуқрагӣ буд, дарёфт ва гирифта шуд. Моеъи мазкур моддаи заҳролуди “симоб” буда, вазни хоси умумиаш 1 килою 167 граммро ташкил медиҳад”, - таъкид доштааст манбаъ.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони ВУД Тоҷикистон нисбати ин шахс парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 206 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон оғоз намуда, тафтишот идома дорад.

617
Барчаспҳо:
гумонбар, симоб, ғайриқонунӣ, Суғд, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Задержание, архивное фото

"Аттестат"-у диплом мефурӯхт: боздошти директори мактаб бо шариконаш

1109
(Таҷдидшуда 17:15 31.05.2020)
Оҷонсии мубориза бо фасод як роҳбари мактаби миёнаро боздошт кардааст, ки дар фурӯши шаҳодатномаи хатм муттаҳам мешавад.

ДУШАНБЕ, 31 май — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии Оҷонсӣ Ҳусейн Қаюмов дар вазифаи Директори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №18-и ноҳияи Деваштич кор карда истода, бо маслиҳати пешакӣ бо омӯзгори МТМУ №2-и шаҳри Истаравшан Фатулло Маҷидов ва Нодир Бобоев ба ин кор даст задаанд.

Генерал-майор Сулаймон Султонзода, сардори Ожонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон
акс аз сомонаи Агентии мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон

Ба иттилои манбаъ, номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба ӯ бидуни таҳсил омода кардани додани шаҳодатномаи хатми мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ, маблағи 5000 сомонӣ талаб карда гирифта, бар ивази он ба ӯ шаҳодатномаи қалбакиро додааст.

“Инчунин, Қаюмов Ҳ.А. дар якҷоягӣ бо Бобоев Н.П. бо тарзу усули болозикр моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҷуразода Ш.Ш. барои ба номи шиносаш - Ғаффоров Б.Б. омода кардани додани дипломи хатми Омӯзишгоҳи касбии шаҳри Исфара, маблағи 4000 сомонӣ талаб карда гирифта, тасарруф намудаанд”,- афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд,вобаста ба ҳолатҳои мазкур нисбат ба Ҳусейн Қаюмов, Фатулло Маҷидов ва Нодир Бобоев бо моддаи 247 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

Ба иттилои Сулаймон Султонзода, раҳбари Оҷонсии зидди фасод, давоми соли гузашта 122 корманди Вазорати маориф ва илмро бо гумони даст доштан дар амалҳои коррупсионӣ боздошт карда буданд.

 

1109

Ҳушдори муовини вазири беҳдошти Афғонистон аз афзоиши гирифторони коронавирус

109
(Таҷдидшуда 14:00 31.05.2020)
Ваҳиди Маҷруҳ, муовини вазири беҳдошти Афғонистон дар бораи паёмадҳои густариши коронавирус ба мардуми ин кишвар ҳушдор дод

ДУШАНБЕ, 31  май — Sputnik. Ваҳиди Маҷруҳ рӯзи якшанбе ҳушдор дод, ки агар мардум дар мубориза бо бемории КОВИД-19 бо ин вазоратхона ҳамкорӣ накунанд, Афғонистон ба мусибати бузург гирифтор хоҳад шуд, навиштааст хабаргузории "Парстудей".

Манбаъ аз қавли ин мақоми Вазорати беҳдошти Афғонистон илова намуд, ки мутаассифона доманаи коронавирус дар ин кишвар дар ҳоли густариш аст ва танҳо роҳи муқобила бо он, истифода аз ниқоби тиббӣ, ҳифзи фосилагирии иҷтимоӣ, пешгирӣ аз ҳузур дар маконҳои серодам ва шустани дастҳо аст.

Бар асоси Вазорати беҳдошти Афғонистон то кунун 13 ҳазору 660 нафар дар ин кишвар ба коронавирус гирифтор ва 246 нафар низ фавт шудаанд.

Дар ҷаҳон низ то кунун ҳудуди шаш миллиону 200 ҳазор нафар ба бемории КОВИД-19 мубтало шуда ва 380 ҳазор нафар низ ҷон бохтаанд.

Ба даҳгонаи кишварҳое, ки дар онҳо теъдоди зиёди гирифторони коронавирус ба қайд гирифта шудааст, Амрико(1 805 745 нафар), Бразилия (498 440), Русия (396 575), Испания (239 228), Британияи Кабир (272 826), Италия (232 264), Олмон (183 234), Ҳиндустон (182 143) ва Туркия (163 103) Перу (155 671) дохил мешаванд.

109
Барчаспҳо:
гирифторони беморӣ, беҳдошт, вазир, Афғонистон

Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад

0
(Таҷдидшуда 03:31 01.06.2020)
Донишманди ӯзбекистонӣ эълом кардааст ҳавои гарм метавонад сирояти COVID-19-ро коҳиш диҳад

ДУШАНБЕ, 1 июн - Sputnik. Сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии вирусологияи вазорати тандурустӣ Хайрулло Мустафоев, эълон кардааст, ки ҳавои гарм метавонад пеши коронавирусро гирад, иттилоъ додааст рӯзномаи “Ҷумҳурият” дар истинод ба “Правда Востока”.

Вай афзудааст, ки ҳавои Ӯзбекистон торафт гарм мешавад ва дар чунин шароит вирус инкишоф ёфта наметавонад.

Карантин дар Ӯзбкистон тамдид шуд: то 15 июн

Хайрулло Мустафоев, таъкид доштааст, ки беҳтарин ҳарорат барои мавҷудияти коронавирус 5 – 8 дараҷа селсия ва на камтар аз 60 дарсад намӣ ба ҳисоб меравад.

“Дар кишвари мо иқлим хушку гарм аст. Умуман, ҳама бемориҳои шамолхӯрӣ дар давраи гармо ҳамеша аз байн мераванд”, - афзуд вирусшинос.

Ёдрас мешавем, ки тибқи омори ахири вазорати тандурустии Ӯзбекистон, дар давоми як рӯзи охир дар ин кишвар 8 ҳолати нави сироятшавӣ ошкор карда шуд, ки ҳамакнун сафи умумии маризон ба 3554 нафар расид.

Қайд карда мешавад, ки як рӯз пеш дар ин кишвар 58 ҳолати нави коронавирус ба қайд гирифта шуда буд, рӯзи ҷумъа афзоиши он 44 нафар буд ва рӯзи панҷшанбе шумораи беморон якбора ба 75 нафар зиёд шуд.

Вазорати тандурустӣ илова кард, ки ҳоло 757 бемори коронавирус таҳти муолиҷа қарор доранд. Пизишкон вазъи саломатии нӯҳ маризро вазнин ва аҳволи як беморро шадидан вазнин арзёбӣ мекунанд.

Ёдовар мешавем, ки бурузи ин маризӣ дар Ӯзбекистон аз 12 - уми март шурӯъ шуд.

0
Барчаспҳо:
коҳиш, вирус, гарм, гармо, ҳаво, донишмандон, Ӯзбекистон