Знак Учебный автомобиль на крыше автомобиля, архивное фото

Боздошти масъули мактаби ронандагии “Мисбоҳиён”: барои дохил кардан пора талаб кардаст

252
(Таҷдидшуда 10:04 17.04.2020)
Оҷонси мубориза бо фасоди Тоҷикистон як масъули мактаби ронандагии хусусиро дар пойтахт боздошт кардаас

ДУШАНБЕ, 17 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Аҳлиддин Зоидов муовини директори мактаби хусусии роннандагии “Мисбоҳиён” барои дохил кардан ба курси ронандагӣ маблағ талаб кардаасст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда замони фаъолият, санаи 18 январи соли ҷорӣ аз шаҳрванд “А” барои ба курси ронандагӣ дохил намудани шаҳрвандон “Б”, “В” ва “Г” маблағи 8100 сомонӣ ба сифати ришва талаб намуда, онро 23 январи соли 2020 аз охирин гирифт.

Манбаъ мегӯяд, Аҳлиддин Зоидов баъди гирифтани маблағи мазкур аз ҷониби кормандони Агентӣ дар ҷои ҳодиса дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ аз ӯ ёфта гирифта шуд.

Гуфта мешавад, нисбати Аҳлиддин Зоидов бо моддаи 279 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ ба додгоҳ ирсол карда шуд.

 

252
Барчаспҳо:
Оҷонсии зидди фасод, пора, боздошт, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

524
(Таҷдидшуда 12:07 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2019, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

524
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд

66
(Таҷдидшуда 18:20 25.05.2020)
Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

66
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ
Самолет авиакомпании Уральские авиалинии, архивное фото

Парвози махсуси ҳавопаймои ширкати русӣ: 162 муҳоҷир ба Ватан баргашт

0
(Таҷдидшуда 12:05 26.05.2020)
Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон хабар дод, ки субҳи имрӯз бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” 162 муҳоҷири тоҷик аз Русия ба кишвар баргардонида шуд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, субҳи 26 май дар ҳамкорӣ бо ҷониби Русия 162 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки тайи чанд моҳи охир дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Русия қарор доштанд, бо парвози махсуси ҳавопаймои ширкати “Уральские авиалинии” аз Екатеринбург ба Душанбе баргардонида шуданд.

 Манбаъ қайд кардааст, ки бо ин ҳавопаймо инчунин ду ҷасади муҳоҷири тоҷик барои хоксупорӣ баТоҷикистон интиқол дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш сафорати Тоҷикистон дар Русия хабар дод, ки аз ин кишвар дар марҳилаи аввал шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии (МНМШХ) Русия тайи се моҳи охир қарор доранд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

Дар ин росто, тайи рӯзҳои охир ва давоми ҳафтаи ҷорӣ дар мувофиқа бо мақомоти Русия ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар марказҳои нигоҳдории муваққатӣ мондаанд, ба Ватан баргардонида мешаванд.

0
Барчаспҳо:
Русия, муҳоҷир, ҳавопаймо, парвоз, вазорати умури хориҷа, Тоҷикистон