Прохожие в защитных масках и перчатках

Афзоиши якбораи гирифторони коронавирус дар Русия тайи шабонарӯзи гузашта

1085
(Таҷдидшуда 16:27 19.04.2020)
Тайи шабонарӯзи гузашта дар Русия бар асари коронавирус 48 нафар фавтида, теъдоди умумии ҳалокшудагон аз ин маризӣ дар кишвар 361 нафарро ташкил медиҳад

ДУШАНБЕ, 19 апр — Sputnik. Дар Русия тайи шабонарӯзи гузашта 6060 ҳолати нави гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст, хабар дод Ситоди фаврии мубориза бо ин маризӣ.

Ба иттилои манбаъ, ҳолатҳои нави гирифторшавӣ дар 78 минтақаи Русия ба қайд гирифта шудаанд.

Тибқи омори расмӣ, теъдоди умумии мубталоёни коронавирус дар Русия 42 ҳазору 853 нафар дар 85 минтақа ба қайд гирифта шудааст.

Теъдоди бештари маризони коронавирус дар Маскав мебошад. Дар шабонарӯзи гузашта дар пойтахти Русия 3 ҳазору 570 ҳолати гирифторшавӣ ба коронавирус сабт шудааст.

Дар мақоми дуюм аз рӯи афзоиши гирифторони коронавирус вилояти Маскав қарор дорад, ки 709 ҳолати нав ошкор шудааст. Дар мақоми сеюм вилояти Нижегород бо 129 ҳолати нави маризӣ қарор дорад.

Дар беморхонаҳои Петербург бо бемории коронавирус 114 нафар бистарӣ шудаанд.

Ситоди фаврии мубориза бо коронавирус дар Русия иттилоъ дод, ки то ҳол дар кишвар 3291 гирифтори ин маризӣ шифо ёфтанд.

1085
Барчаспҳо:
беморӣ, Русия, фавтида
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (469)
ДТП, архивное фото

Мақомот ҳалокати сардори шуҳбаи КҲФ дар Ванҷ ва писарашро зимни садамаи нақлиётӣ шаҳр дод

6
(Таҷдидшуда 13:00 02.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон садамаи маргбори рӯзи 31 майро ки дар пайи он Худоиев Аслншоҳ,  корманди ин ниҳод сардори бахши Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулода дар ноҳияи Ванҷ бо писараш фавтид, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои сомонаи расмии ин ниҳод, ҳодиса баъд аз зуҳри рӯзи  31-уми майи соли равон  дар километри 109 шоҳроҳи Душанбе – Дарвоз - Хоруғ, мавзеъи  Шаҳидони ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб рух дод.

Ба иттилои манбаъ, автомашинаи тамғаи “Опел Астра”, ки аз ҷониби сокини 51-солаи деҳаи Рохарви ҷамоати деҳоти М.Абдуллоеви ноҳияи Ванҷ Озод Қадамов идора мешуд, дучори садама шуд.

“Ин мошин аз ноҳияи Сангвор ба самти ноҳияи Дарвоз дар ҳоли ҳаракат буд ва сабаби садама маълум нест. Бино ба нақли шоҳидон он ба умқи тақрибан 80 метр ба дарёи Хумбов сарозер мешавад”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, бар асари ин садамаи мудҳиш корманди ин ниҳод бо писараш ба ҳалокат расида, ду нафари дигар бо ҷароҳатҳои вазнин дар бемористони ноҳияи Дарвоз бистарӣ шуданд

Гуфта мешавад, ҷасади Худоиев Умари 9-сола – писари Худоиев Аслншоҳ дирӯз тақрибан 300 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса, дар соҳили дарё пайдо шуд.

6
Барчаспҳо:
фавт, КҲФ Тоҷикистон, Ванҷ, Тоҷикистон
Военный билет. Архивное фото

Боздошти ронандаи Комиссариати ҳарбӣ барои фурӯши билети ҳарбӣ

73
(Таҷдидшуда 12:09 02.06.2020)
Ожонси мубориза бо фасод дар Тоҷикистон аз боздошти Зубайдулло Ҳабибуллоев хабар медиҳад, ки дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад

ДУШАНБЕ, 2 июн – Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, Зубайдулло Ҳабибуллоев ронандаи Комиссариати ҳарбии ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар фурӯши билети ҳарбӣ муттаҳам мешавад.

Солдат пограничник ГКНБ погранслужба
© Официальная страница пресс-службы президента РТ в Facebook.

Ба иттилои манбаъ, номбурда санаи 14 апрели соли 2020 бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ аз шаҳрванд Матазимов А.С. барои ба номи писараш-Матазимов Р.А. омода карда додани билети ҳарбии номуносиб ба хизмати ҳарбӣ, маблағи 10000 сомонӣ талаб кардааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳабибуллоев ин маблағро дар ду маврид гирифта тасарруф намудааст.

Гуфта мешавад, дар ин асос нисбати Ҳабибуллоев З.С. бо моддаи 247 қисми 3 банди “а”  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакӣ он идома дорад.

Қаблан ҳолатҳои фурӯши билети ҳарбӣ аз сӯи кормандони комиссариятҳои ҳарбӣ ошкор шуда буд, аммо ин нахустин ҳолат аст, ки аз ҷониби ронандаи комсарият сурат мегирад. 

 

73
Барчаспҳо:
боздошт, Оҷонсии мубориза зидди коррупсия, билети ҳарбӣ, Комиссариати ҳарбӣ, ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Тоҷикистон