Сбор грибов, архивное фото

Истеъмоли занбурӯғ боиси марги се кӯдак аз як оила шуд

579
(Таҷдидшуда 15:37 22.04.2020)
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бар асари истеъмоли занбурӯғ аз як оила се кӯдаки ноболиғ заҳролуд шуда, дар беморхонаи марказии ноҳия фавтидаанд.

ДУШАНБЕ, 22 апр — Sputnik. Сардухтур оид ба корҳои табобатии Беморхонаи  марказии ноҳияи Ҷайҳун  Аҳлиддин Бозоров, ба хабаргузаории АМИТ "Ховар" хабар додааст, ки ноболиғон Нигора Ҳомидова, соли таваллудаш 2010, Нозанин Ҳомидова, соли таваллудаш 2012, Басонат Ҳомидова, соли таваллудаш 2015 ва Рустамҷон Ҳомидов, соли таваллудаш 2018  санаи 14 апрел, ба шуъбаи эҳёгарии Беморхонаи  марказии ноҳияи Ҷайҳун  бо  нишонаҳои дилбеҳузурӣ бистарӣ шуданд.

Вай афзуд, барои наҷоти онҳо мутахассисон аз шаҳри Душанбе ва маркази вилоят даъват карда шуданд.  Вале новобаста аз кӯшишу талошҳои духтурон аз 17 то 19 апрел  Нигора, Нозанин ва Рустамҷон  вафот намуданд.

Аҳлиддин Бозоров, ҳамчунин қайд кардааст, ки ноболиғон бегоҳии 13 апрел занбурӯғ чида, аз модарашон хоҳиш мекунанд, ки ба онҳо бирён карда диҳад.

"Ба гуфтаи модари кӯдакон, шавҳараш зуд –зуд занбурӯғ чида меовард, аз ин рӯ модар фикр мекунад, ки ин занбурӯғҳо аз ҳамон навъест, ки қаблан шавҳараш меовард. Баъди бирён карда ба кӯдакон хӯрондан Басонат як соат пас қайд карда,  аз дилбеҳузурӣ шикоят мекунад. Дар Нигора, Нозанин ва Рустамҷон нишонаҳои дилбеҳузурӣ соати 3-и шаб мушоҳида мешаванд ва онҳо 14 апрел ба беморхона расонида мешаванд", -зикр кардааст Аҳлиддин Бозоров.

579
Барчаспҳо:
фавт, беморхона, заҳролуд, ноболиғ, Ҷайҳун, Хатлон
Коровы на лугу

Дуздии чорво ба маблағи наздики 12 ҳазор сомонӣ

15
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти марди 34-сола бо иттиҳоми дуздии чорвои калони шохдор дар Хатлон хабар дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милисаи ноҳияи Восеъ, марди 60-солаи сокини ҳамин ноҳия дар бораи дуздии чорвои калони шохдораш ариза навиштааст. 

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки шаби 1 ба 2-юми июни соли 2020, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ вориди оғилхонаи ҳавлии истиқоматиаш шуда, аз он ҷо 2 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилӣ зарари расонда ба соҳиби чорворо 11 ҳазору 800 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Оғози истеҳсоли “Антиковид-19” дар Тоҷикистон: дорусоз гуфт, сироятро 99% кам мекунад

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 34-солаи сокини ҷамоати деҳоти Гулистони, ҳамин ноҳия бо гумони содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД таъкид намуд, ки аз руи ҳодисаи мазкур тафтишот идома дорад.

15
Автомобили на проезжей части, архивное фото

Пиёдагарди 28-сола зери чархи "Лексус" ҷон дод

79
(Таҷдидшуда 13:14 02.06.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз садамаи маргбор хабар дод, ки шаби 31 май бар асари ноуҳдабароии ронандаи "Лексус" рух додааст

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, садама санаи 31-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30 дақиқа дар роҳи Ваҳдат - Рашт ба вуқуъ пайваст.

"Ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус RX-350”, Мухторов Шараф Насриддинович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Файзобод, ҳангоми ҳаракат кардан дар роҳи автомобилгарди “Ваҳдат-Рашт”, воқеъ дар деҳаи Бӯстон, аз уҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард, Кучкинов Нуриддин Худойбердиевич, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Қубодиёнро пахш намудааст", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа, Кучкинов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

ВУД такъид намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

79
Барчаспҳо:
ҳалокат, садамавӣ, Тоҷикистон

Мясников: дар Маскав аз COVID -19 бештар қафқозҳо ва осиёиҳо азият кашиданд

0
Феълан олимон дақиқ накарданд, ки чаро маризии коронавирус дар як қатор кишварҳо сабук мегузарад, аммо шаҳрвандони дигар давлатҳоро дар ҳолати ногувор қарор дод

ДУШАНБЕ, 2 июн - Sputnik. Дар доираи як мулоқоти онлайнӣ бо рӯзноманигорон, коршинос Александр Мясников гуфт, ки коронавирус афзалияти гендерӣ, синну солӣ ва нажодиро дорад.

"Ин маризӣ дар вуҷуди занон нисбати мардон камтар хуруҷ кард. Ҳамзамон аксари кӯдакон бемориро бо сабукӣ паси сар карданд. Муайян гардидаст, ки назди 80 дарсади қурбониёнро афроамрикоиҳо ташкил додаанд", - афзудааст Мясников.

Коршинос тавзеҳ додааст, ки дар қаламрави Маскав аз ин маризӣ бештар қафқозҳо ва шаҳрвандони Осиё азият кашиданд. Эҳтимол, ин далел ба ҳузури сафедаи муайян дар таркиби хун бошад, ки хусусан ба формулаи вирус ҳассос аст.

Аммо Мясников таъкид кард, ки то ҳол олимон дақиқан муайян накардаанд, ки чаро маризии сироятии коронавирус дар як қисмат кишварҳо ба таври даҳшат мегузарад, вале дар кишварҳои дигар баръакс сабук ва бидуни талафоти бузург.

Шаҳрҳои калон, аммо қатораҳои холӣ: чигуна метрои Маскав дар замони коронавирус тағйир ёфт

Александр Мясников мегӯяд, роҳи ягонаи пешгирӣ аз ин маризӣ ин риоя намудани фосилаи иҷтимоӣ аст. Ба ақидаи ӯ тадобирҳои дигар барои пешгирӣ аз паҳншавӣ ба мисли пӯшидани дастпӯш ва ниқоб на онқадар муасир ҳастанд.

0
Барчаспҳо:
Осиё, Қафқоз, шаҳрвандон, маризӣ, Маскав
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон