Панорама города Худжанд, архивное фото

Зани 37-сола дар Хуҷанд худро ба дарё андохт

469
(Таҷдидшуда 16:48 23.04.2020)
Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар вилояти Суғд аз наҷоти зани ҷавоне хабар дод, ки худро ба дарёи Сир андохтааст

ДУШАНБЕ, 23 апр – Sputnik. Тибқи иттилои КҲФ, ҳодиса рӯзи 22 апрел рух дода, наҷотдиҳандагон дар як фурсати кӯтоҳ ба ҷойи ҳодиса расида, хонуми ҷавонро саломат аз об берун оварданд.

Манбаъ афзуд, маълум гардид, ки зан  37 сол дошта, сокини шаҳри Хуҷанд будааст.

“То омадани мошини “Ёрии таъҷилӣ” имдодгарон ба зани ҷавон кумакҳои аввали тиббиро расонданд ва баъдан ӯро ба бемористон интиқол доданд”, - омадааст дар иттилоия.

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаи қабл Раёсати КҲФ дар вилояти Суғд аз қасди худкушии як хонуми 53-солаи дигар хабар дода буд.

"Зан аз шаҳраки Бӯстон ба қасди худкушӣ ба Хуҷанд омадааст ва худро аз болои пул ба дарёи Сир андохтааст", - тавзеҳ дода буд КҲФ.

Наҷотдиҳандагон фаврӣ худро ба об заданд ва бонуро саломат ба соҳил бароварданд, итттилоъ дод КҲФ.

469
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

790
(Таҷдидшуда 16:42 28.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол" - и деҳаи Туғмазори вилояти Хатлон хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 28 май – Sputnik. Тибқи маълумоти Хадамоти наҷоти кӯҳии ҷумҳуриявӣ дар шаҳри Норак рӯзи 27-уми майи соли равон, тахминан соати 16:00 як кӯдаки 12-солаи деҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли "Комсомол" аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шудааст.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода, ҳайати шахсии дастаи Норак ҳамроҳ бо ғаввосони НБО-и шаҳри Норак, ҳайати шахсии шуъбаи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Хатлон дар шаҳри Норак ва мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ соати 17:20 дақиқа ҷасади марҳумро аз об бароварда, ба хешовандонаш супориданд.

Ногуфта намонад, ки ин аввалин ҳодисаи марги ноболиғ ҳангоми оббозӣ дар соли 2020 аст.

Дарёфти ҷасади духтари 16 - сола аз рӯди Вахш: иллати ғарқшавии ӯ номаълум аст

КҲФ мегӯяд, беназорат гузоштани кӯдакон ҳамеша сабабгори ҳодисаҳои нохӯш мешавад.

Дарёфти ҷасад аз ҳавзи моҳипарварии Конибодом: сабаби ғарқшавӣ номаълум аст

Кумитаи аз волидону пайвандон даъват мекунад, ки ҳатман нозири ҷигарбандони худ бошанд.

790
Барчаспҳо:
КҲФ, ғарқшавӣ, Норак
Ликвидация последствий после ливневых дождей в Таджикистане

Сел дар ВМКБ ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ - ро боздошт

970
(Таҷдидшуда 14:53 28.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз боришоти сахти борон дар ду деҳоти ВМКБ хабар медиҳад, ки боиси баста шудани шоҳроҳи Душанбе - Кӯлоб - Хоруғ гардид

ДУШАНБЕ, 28  май — Sputnik. Тибқи маълумоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар ВМКБ, рӯзи 27 – уми майи соли 2020 тахминан соати 22:20 дақиқа бар асари бориши шадиди борон дар километри 347, мавзеи деҳаи Санғев, ҷамоати деҳоти Қалъаи Хумб воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омадааст.

Тибқи иттилои манбаъ, сели азим муддате ҳаракати нақлиёт ба ду самтро боздошт. 

"Бо ҷалби 1 адад техникаи муҳандисӣ, борбардори фронталӣ аз тарафи МДНРА-и ноҳия соати 00:46 дақиқа ҳолати баамаломада бартараф карда шуда, роҳ барои ҳаракати нақлиёт пурра боз шуд", - омадааст дар хабарнома.

Ҳамчунин хабар дода мешавад, ки дирӯз нимишабӣ низ бар асари бориши сахти борони баҳорӣ  дар километри 324, мавзеи деҳаи Шикев, ҷамоати деҳоти Нулванд шоҳроҳи Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ сел омад ва он муваққатан роҳи ҳаракати мошинҳоро баст.

Ҳушдори КҲФ аз гармои шадид ва тавсия ба сокинон: либоси тунук пӯшед, дар сар кулоҳ монед

Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода мегӯяд, то ин соате, ки хабар омода мешуд, корҳои бартарафсозии паёмади ин сели азим идома дошт ва бо расидани хабари тоза, хонандагонро дар ҷараён хоҳанд гузошт.

Навраси 13 солаи Хоруғ дар руди Ғунд афтиду нопадид шуд

970
Барчаспҳо:
боришоти шадид, сел, ВМКБ
День 29 мая

Ҷашнҳои рӯзи 29 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 20:45 28.05.2020)
Рӯзи бисту нуҳуми май дар Ҷумҳурии Доминикан Рӯзи модар таҷлил мешавад. Ин рӯз ҳамчунин рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия, буда дар Ҷумҳурии Қирғизистон Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад

Рӯзи 29 май дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1923 Иттифоқи ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Шӯравӣ таъсис ёфтааст.

День 28 мая
© Sputnik / Стас Этвеш / Вишнякова Мария

Соли 1964 Никита Хрушов эълон намуд, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барои аксбардории ҳудуди ИМА аз спутник-ҷосус истифода мебарад.

Соли 2002 Ассамблеяи генералии СММ қатънома қабул намуд, ки тибқи он имрӯз дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи байналмилалии сулҳофарон ҷашн гирифта мешавад.

Рӯзи 29 май дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1992 муносибатҳои дипломатии Тоҷикистон ва Озарбойҷон барқарор карда шуданд.

Соли 2009 дар шаҳри Душанбе вохӯрии навбатии Гуфтугӯи минтақавии сиёсӣ байни сегонаи Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказӣ бо иштироки вазирони корҳои хориҷии ин кишварҳо баргузор гардид.

Соли 2010 Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон  дар робита ба садамаи қатораҳои мусофиркашон, ки муҷиби талафоти бузурги ҷониву хисороти бузурги молӣ гашт, ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Пратибха Патил барқияи тасаллият ирсол намуданд.

Соли 2012 Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 20 – солагии барқарор гардидани муносибатҳои дипломатии байни ду кишвар ба Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев барқияи табрикотӣ ирсол карданд.

Соли 2015 «Стратегияи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2020» қабул гардид.

Сли 2015 дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе дастаҳои футболи «Истиқлол» ва «Регар-ТадАЗ» байни ҳам қувваозоӣ намуданд.

Соли 2018 дар шаҳри Душанбе Конференсияи шашуми ҳамкории минтақавии Русия ва Тоҷикистон доир шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 29 май

  • Дар Ҷумҳурии Доминикан —  Рӯзи модар.
  • Рӯзи автомобилронони ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия.
  • Дар Ҷумҳурии Қирғизистон — Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳ.
0
Барчаспҳо:
таърих, ҷашн, Ҷаҳон, Тоҷикистон
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 25 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 23 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 26 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 27 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 28 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 24 май дар Тоҷикистон ва ҷаҳон