Сотрудник милиции в Таджикистане, архивное фото

Ду порахӯр дастгир шуд: боздошти ду корманди милиса барои гирифтан 10 ҳазор доллар

7988
(Таҷдидшуда 14:38 27.04.2020)
Ожонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти ду корманди милитсияи Тоҷикистон бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллар хабар дод

ДУШАНБЕ, 24 апр – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуолти Ожонсии зидди фасоди Тоҷикистон муфаттиши шуъбаи тафтишотӣ ва ваколатдори калони фаврии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бо ҷурми гирифтани пора дар ҳаҷми 10 ҳазор доллари америкоӣ дастгир гардиданд.

 Тибқи иттилои манбаъ, номбурдагон моҳи феврали соли 2020 аз шаҳрванд Ҳоҷибоев Абдусамад барои нисбат ба ӯ оғоз накардани парвандаи ҷиноятӣ ба гирифтани пора  даст задаанд.

Боздоштшудагон аз номбурда дар хусуси гӯё бо роҳи дуздӣ аз Русия ба Тоҷикистон воситаи нақлиёт ворид намуда бошад, ҳазор доллари америкоӣ талаб намуда, гирифтаанд.

“Инчунин бо ҳамин роҳ аз шаҳрванд И.Ш. низ нуҳ ҳазор доллари америкоиро  тасарруф намудаанд”, таъкид доштааст Ожонсии зидди фасод.

Манбаъ қад намудааст, ки оид ба ҳолати мазкур нисбат ба дастгиршудагон бо моддаи 247, қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиши пешакии он идома дорад.

7988
Барчаспҳо:
доллар, пора, милитсия, боздошт, фасод, коррупсия, Тоҷикистон
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

139
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

139
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Бокал вина, архивное фото

Се литр вино ва дашном: Нуриддин фавтиду Шайдуло паси панҷара рафт - навор

912
(Таҷдидшуда 16:21 22.11.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки ҳамгоми мастӣ даст ба одамкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ, бо гумони одамкушӣ кормандони пулис Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдаровичи 45 соларо боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор санаи 17-уми ноябр дар дохили ошхонаи “Сомғор”-и ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдарович бо ошпази ҳамин чойхона Идрисов Нуриддин Ахмедовичи 60-сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд якҷо майнӯшӣ карда, дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада охиринро то дами марг задааст.

Гуфта мешавад, то лаҳзаи сар задани ҳодиса Шайдуллоев Шайдулло ва Идрисов Нуриддин, ки муносибати дӯстона доштаанд, маслиҳати майнӯшӣ мекунанд. Аз истеъмоли шароби дастӣ омодашуда ҳамқадаҳон ба зудӣ маст мешаванд ва миёнашон мунозираи лафзӣ сар мезанад”,- афзудааст манбаъ.

Шайдуллоев дар бозпурсӣ нишондод додааст, ки дашноми аз ҷониби ошпаз садододаро таҳаммул карда натавониста, бо дасту пой ва мизу курсию ашёҳои дар гирду атроф бударо ба сару рӯи ӯ зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ҳалок мешавад.

Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

Худи Шайдуллоев мегӯяд, ҳодиса пас аз нӯшидани беш аз се литр вино сар зад.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Шайдуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

912
Барчаспҳо:
ошпазӣ, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
День 24 ноября

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон

0
(Таҷдидшуда 17:10 23.11.2020)
Рӯзи бисту чоруми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи Парчами давлатӣ, дар Русия Рӯзи модарон ва дар Амрико Рӯзи дӯстон таҷлил мешавад

Рӯзи 24 ноябр дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1996 дар раъйпурсии умумихалқӣ дар Беларус беш аз 70 фоизи аҳолӣ Конститутсияи пешниҳоднамудаи президент Александр Лукашенкоро ҷонибдорӣ карданд.

БелТА
Президент Беларуси Александр Лукашенко

Соли 1961 изҳороти СММ дар бораи манъи истифодаи яроқи ядроӣ қабул гардид.

День 23 ноября
© Sputnik/ Стас Этвеш/ Мария Вишнякова

Соли 1969 киштии кайҳонии "Аполлон-12" ба самти Моҳтоб парвоз кард.

Соли 2005 дар шаҳри Алмато Анҷумани 5-уми мутахассисони корҳои молияи Қазоқистон доир гардид.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон чӣ рух дод

Соли 1986 дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе аввалин маротиба ҳавопаймои ТУ-154 М фуруд омад.

Соли 2010 бо ширкати раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Душанбе бунёди парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон расман оғоз ёфта, он 30 августи соли 2011 дар пояи 165 — метра, ки дар ҷаҳон баландтарин маҳсуб меёфт, парафшон гардид.

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе ба муносибати 25 — солагии барқарорсозии муносиботи дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корея конфронси илмӣ — амалии байналмилалӣ доир шуд.

Соли 2016 дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе конфронси байналмилалии "Таҳсилоти пайваста барои рушди устувор" доир шуд.

Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото
© Sputnik / Амир Исаев
Исмаилитский центр в Душанбе, архивное фото

Соли 2017 дар шаҳри Душанбе шарҳи муштараки ҳарсолаи  амалигардии барномаи "Стратегияи миллии саломатии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010-2020" гузаронида шуд.

Соли 2014 доираи васеи ҳамкории дуҷонибаи Тоҷикистону Кувайт баррасӣ шуд.

Ҷашнҳои рӯзи 24 ноябр

  • Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - Рӯзи Парчами давлатӣ.
  • Дар Русия - Рӯзи модарон.
  • Дар Амрико - Рӯзи дӯстон.

Рӯзи 24 ноябр дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Солҳои (1939-1984) – адабиётшинос Назира Қаҳарова.

Соли 1942 – Ҳунарманди халқии Сайрам Исоева.

Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву
Пресс-служба мэра Худжанда
Председатель согда Раджаббой Ахмадзода, мэр Худжанда Маъруф Мухамадзода посетили актрису Сайрам Исоеву

Соли 1947 – рӯзноманигор ва нависанда, сармуҳаррири "Курер Таджикистана" Муҳаммадҷон Тоштемиров.

Соли 1950 – хабарнигори Шаҳбозхон Саркориев.

0
Барчаспҳо:
Ҷаҳон, Тоҷикистон, ҷашн
Мавзуъ
Ҷашнҳои рӯзи 17 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Ҷашнҳои рӯзи 19 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Зодрӯзи Бозор Собир ва инқилоб дар Мексика: ҷашнҳои рӯзи 20 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 21 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Пирӯзии Парвиз Собиров ва унвонгирии Майк Тайсон: ҷашнҳои 22 ноябр
Ҷашнҳои рӯзи 23 ноябр дар Тоҷикистон ва ҷаҳон