ВКД садамаи маргбори шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ-ро шарҳ дод: 8 нафар фавтидаанд

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон садамаи маргбори 25-уми апрелро дар роҳи мошингарди Душанбе-Чанок, ки ҳашт кушта барҷой гузошт, шарҳ дод

ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Тибқи иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, садама тахминан соатҳои 12:00 дар 245 киллометри роҳи мошингарди Душанбе-Чаноқ сар задааст.

ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Садамаи мудҳиш дар шоҳроҳи "Хуҷанд-Истаравшан" ҷони 8 нафарро рабуд

Ба иттилои манбаъ, ронандаи худрави “Мерседес-Бенс”, Шокиров Манучеҳри 31 сола сокини ноҳияи Зафаробод, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба шаҳри Хуҷанд, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, таҳти идораи Хоҷамуродов Бахтиёри 37 сола сокини ҳамин ноҳия бархурдааст 

Манбаъ мегӯяд, дар натиҷа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс”, Шокиров Манучеҳр ва мусофиронаш: Бахтиёри Бойназар, соли таваллудаш 1989, Муродов Фарҳоди 30 сола, Пулотов Далери 26 сола, сокинони шаҳри Гулистон фавтидаанд.

Се садамаи маргбор дар роҳҳои Тоҷикистон ҷони як ноболиғ ва ду ҷавонро гирифт

Гуфта мешавад, инчунин ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Вектра”, Хоҷамуродов Беҳрӯз ва мусофиронаш Турдиев Қурбони 47 сола, Сангинов Уммати 58 сола, Ҳайдаров Алишери 23 сола, сокинони ноҳияи Зафаробод, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Вуд мегӯяд аз рӯйи ин  ҳодиса таҳқиқот идома дорад.

Лентаи хабарҳо
0