ДТП, архивное фото

Ҳалокати комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар садамаи нақлиётӣ

5146
(Таҷдидшуда 13:24 27.04.2020)
Манучеҳр Шокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон дар пайи садамаи нақлиётии мудҳише, ки дар  шоҳроҳи Хуҷанд – Истаравшан рух дод ба ҳалокат расидааст.

ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Аз Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, яке аз ҳашт нафари фавтида дар садамаи нақлиёт Манучеҳр Шокиров, комиссари ҳарбии шаҳри Гулистон мебошад.

Ба иттилои манбаъ, ҳодиса нимаи рӯзи 25-уми апрел дар километри 245 -уми роҳи мошингарди Душанбе – Чаноқ воқеъ дар ҳудуди даромадгоҳи шаҳри Истаравшан рух додааст.

Манбаъ мегӯяд, Шокиров Манучеҳр, сокини ноҳияи Зафаробод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Истаравшан ба  шаҳри Хуҷанд, дар роҳи мошингарди Душанбе -Чанок аз уҳдаи идора намудани воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи “Opel -Vectra”, таҳти идораи Хоҷамуродов Бахтиёр, сокини дигари ноҳияи Зафаробод, бархӯрдааст.

Гуфта мешавад, дар пайи ин садама ронандаву мусофирони ҳарду мошин, ҷамъ 8 нафар ба ҳалокат мерасанд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ дар шарҳи расмии ин садама гуфт, таҳқиқ идома дорад.

5146
Барчаспҳо:
бархӯрди худравҳо, фавт, нақлиёт, садама, Истаравшан, Суғд, Тоҷикистон
Учения спасательного отряда в водоеме, архивное фото

Боди шадид духтари 11-соларо дар дарёи Сурхоб ғарқ кард

5
(Таҷдидшуда 16:49 30.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз ғарқ шавии ноболиғи 11-сола дар дарёи Сурхоб хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30 мая — Sputnik. Ҷасади Зулайхои 11-сола, ки шаби 27-уми май аз хона баромада бедарак шуда буд, нисфирўзии дирўз дар соҳили дарёи Сурхоб, дар деҳаи Навободи поёни ҷамоати деҳоти Зафари ноҳияи Фархор пайдо шуд.

Баъди муайян кардани шахсияти ҷасад ўро ба волидонаш супурданд.

Маврид ба ёдоварист, ки шаби 27-уми май, тахминан соати 22:00, ки дар ноҳияи Восеъ боди шадид мевазид ва раъду барқ осмонро гоҳ рушану гоҳ торик мекард,  сокини 11-солаи ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳия  аз хона баромад ва дигар касе намедонист ӯ куҷо рафтааст. Волидонаш ҳадс мезаданд, ки ӯ дар дарёи Сурхоб ғарқ шудааст. 

Ба ҷои ҳодиса гурӯҳи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар минтақаи Кулоб дар ҳайати 12 нафар ҳамроҳ бо кормандони ШВКД-и ноҳия ва сокинони деҳа сафарбар шуда буданд ва ҷустуҷӯи ӯро оғоз карданд. Вале ин кофтуков он рўз натиҷа надо два дирўз аз сари субҳ кофтуков оғоз гардид ва ҳоло ҷасад ба волидонаш супурда шудааст.

5
Барчаспҳо:
ҷасад, пайдо, ғарқшавӣ, Тоҷикистон
Район Мургаб - ГБАО

Марги кӯдаки 3-сола ва захмӣ шудани навраси дигар дар Мурғоб: зери девор монданд

135
(Таҷдидшуда 15:16 30.05.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқуллодаи Тоҷикистон аз марги кӯдаки се сола ва захмӣ шудани навраси дигаре хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 30  май — Sputnik. Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттило дод, ки рўзи 29-уми май дар рустои Аличури ноҳияи Мурғоби ВМКБ девори ҳавлии як сокини ин деҳа чаппа шуд ва ду кӯдаки соҳиби хона зери он монданд.

"Дар натиҷа тифли сесола бо номи Абдурашид дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид ва Абдумалики 11-сола бо ҷароҳати вазнин ба бемористони вилоятии шаҳри Хоруғ интиқол дода шуд", - омадааст дар хабарнома.

Манбаъ афзуда, ки сабаби афтиши девори ҳавлӣ маълум нест.

Ғарқшавии кӯдаки 12-сола дар кӯли "Комсомол": ҷасадаш ба хешовандонаш супурда шуд

Ёдрас мешавем, ки КҲФ дирўз аз ғарқи об шудани ду ноболиғ - яке дар ноҳияи Восеъ ва дуюм дар Рашт хабар дода буд.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Ҳамчунин рӯзи 27-уми майи соли равон, дар шаҳри Норак, тахминан соати 16:00 як кӯдаки 12-солаи деҳаи Туғмазор - 4 ҳангоми оббозӣ дар кӯли "Комсомол" аз беэҳтиётӣ дар об ғарқ шуда буд.

135
Барчаспҳо:
марг, чаппа шудани девор, Мурғоб