Свидетельства о рождении, архивное фото

Дар Тоҷикистон номгузориро бо пасвандҳои русӣ манъ карданд

4220
(Таҷдидшуда 15:54 29.04.2020)
Дар Тоҷикистон минбаъд шаҳодатномаи таваллуд бидуни истифодаи бандакҳои русии “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна” дода мешавад

ДУШАНБЕ, 29 апр — Sputnik.  Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон рӯзи гузашта лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ”-ро қабул намуд,  ки бар асоси он истифодаи пасвандҳои русӣ пурра манъ гардиданд. 

Дафтари матбуотии палатаи поёнии Парлумони кишвар гуфтааст, мақсади асосии лоиҳаи Қонуни мазкур дар амал ҷорӣ  намудани номгузории фарзандон дар доираи феҳристи номҳои миллии тоҷикӣ мебошад.

Ба иттилои манбаъ,  минбаъд пас аз мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур дар насаб истифода намудани пасвандҳои – ов, - ова, - ев , - ева ва дар номи падар истифодаи пасвандҳои - овна, - евна, - ович, - евич пурра манъ карда мешавад.

Музаффар Ашуриён, вазири адлияи Тоҷикистон, зимни муаррифии лоиҳаи қонун гуфт, ки ин нисбати он шахсоне, ки аллакай шаҳодатномаи таваллуд бо зикри “вич”, “ов”, “ев”, “ева”, “овна”-ро дар насаб ва номи падарашон гирифтаанд, татбиқ намегардад ва  бо худи ҳамон номҳо метавонанд шиноснома гиранд.

Номбурда гуфт, минбаъд дар насаби кӯдакони навзод ҳангоми додани шаҳодатнома ов, ова, ев, ева сабт карда намешаванд ва ба ҷойи он пасвандҳои "пур", "духт", пасвандҳои "ӣ", "зод", "зода", "он", "ён", "иён", "ёр", "ниёр", "фар" истифода шаванд.

  Манбаъ мегӯяд лоиҳа бо дастури Эмомалӣ Раҳмон, ки зимни мулоқот бо намояндагони аҳли зиё ба муносибати Рўзи забони давлатӣ  4 октябри соли 2019 баён доштаанд, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.

Моҳи март Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо олимони кишвар изҳор дошта, бо нигаронӣ гуфт, 90 фоизи олимон номи тоҷикӣ надоранд ва ӯ тоҷикӣ набудани номро беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик хонд.

“Олимон хафа нашавед, ман таҳлил кардам, 90 фисади олимони мо номи тоҷикӣ надоранд. Ҳоло он ки роҳбари давлат кард ин корро кард. Қонун як аст. Чаро аз тоҷикияти худ мо метарсем” ,- гуфт раисиҷумҳури кишвар.

Президент худро мисол оварда гуфт, роҳбари давлат номашро иваз кард, магар ягон чиз шудаст!

Ба гуфти раҳбари давлат, тоҷикӣ кардани ном ин  ҳам ҳисси миллӣ ҳисси вантандустиву ватанпарастии мардум ва аҳли зиёро нишон медиҳад вагарна ин беҳурматӣ нисбат ба миллату тамаддуни мардуми тоҷик аст.

4220
Барчаспҳо:
шаҳодатнома, қабул, қонун, Маҷлиси Намояндагон - палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон
Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Бидуни фавт: афзоиши гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон

258
(Таҷдидшуда 20:24 19.10.2020)
Вазорати тандурустии Тоҷикистон омори тозаи сироят, шифоёбӣ ва марг аз коронавирус дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иттилоъ додааст, ки дар як шабонарӯзи охир дар ҷумҳурӣ 40 ҳодисаи нави бемории COVID-19 дарёфт гардида,  дар маҷмӯъ шумораи гирифторони ин беморӣ дар мамлакат ба  10533 нафар баробар гардид.

Пешбинии анҷоми ҳамагирии коронавирус: як соли дигар "сабр"

Ҳамзамон,  дар як шабонарӯзи охир 52 нафар пас аз табобат ба хонҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 9563  (90,8%)  баробар гардид. Инчунин, бар асари ин беморӣ  80 нафар фавтидаанд.

Путин аз сабти номи ваксинаи дуввуми Русия алайҳи COVID-19 хабар дод: сеюмаш дар роҳ аст

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал меорад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама  қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя намоянд.

258
Барчаспҳо:
вируси корона, омор, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҶТ, Тоҷикистон
Мужчина с ножом в руках, архивное фото

Ҳасибфурӯш роҳгузарро корд заду додарзода амакро: парванда алайҳи ду тан дар Хуҷанду Норак

190
(Таҷдидшуда 18:53 19.10.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти ду нафар, яке сокини Хуҷанду дигаре шаҳри Норак хабар медиҳад, ки дар қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ муттаҳам мешаванд

ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуотии ин ниҳод, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ  бо чунин ҷурм марди 30-солаи сокини шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст.

Ба иттилои манбаъ, номбурда, санаи 9-уми октябр тахминан соати 15:30-дақиқа ҳангоми дар роҳи пиёдагарди назди мағозаи “Азим”, воқеъ дар бозори “Панҷшанбе”-и шаҳри мазкур ба фурӯши ҳасиб ва ҳасибчаҳо машғул буданаш, аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо марди 38-солаи сокини ҳамин шаҳр ҷангу ҷанҷол карда, бо корди дар дасташ буда, 1-маротиба ба гардан ва 1-маротиба ба шикамаш задаст.

“Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст”,-афзудааст манбаъ.

Манбаъ мегӯяд, ҳамзамон кормандони пулис марди 35-солаи сокини ҷамоати деҳоти Дӯконии шаҳри Норакро боздошт кардаанд, ки дар пайи як муноқиша амакаш, марди 52-солаи сокини шаҳри мазкур 4-маротиба ба корд задааст.

Бесабаб ба синаам корд зад: шикояти як сокини Бохтар ба милиса

Гуфта мешавад, ҳодиса санаи 16-уми октябри соли 2020, тахминан соатҳои 19:10-дақиқа рух дода, дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.

Марди маст дар шаҳри Норак ҳамқадаҳи 50 - солаашро корд зад

ВУД мегӯяд, аз рӯи ҳарду ҳолат парванда боз шуда, тафтишот дидома дорад.

190
Барчаспҳо:
кордзанӣ, парванда, Норак, Хуҷанд, Тоҷикистон
футзал, акс аз бойгонӣ

Барои "Сипар" як ғалабаи дигар даркор то чемпиони Тоҷикистон шавад

0
(Таҷдидшуда 22:27 19.10.2020)
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мегӯяд, барои дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд як пирӯзии дигар даркор аст, то қаҳрамони кишвар дар риштаи футзал шавад

ДУШАНБЕ, 19 окт – Sputnik. Тибқи иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, дастаи “Сипар”-и шаҳри Хуҷанд бар тими “Соро компания”-и пойтахт дар ду силсилабозиҳои финали лигаи касбии футзали Тоҷикистон -2020 ғалаба карда, ба дарёфти унвони чемпионӣ наздик шуд.

"Бозии аввали дастаҳои мусовӣ (1:1) анҷом ёфт, вале дар задани силсилаи пеналтӣ бахти хуҷандиҳо омад кард – 4:3. Дар бозии дуюм бошад, “Сипар” бо ҳисоби 6:2 бар “Соро компания” ғолиб омад. Ҳар ду бозии аввал дар шаҳри Хуҷанд баргузор шуданд", - омадааст дар иттилоия.

Кумитаи миллии олимпӣ афзуд, ки ҳамин тариқ, клуби Хуҷанд дар силсилаи бозиҳо бо ҳисоби 2:0 пешсаф аст ва пас аз як ғалабаи дигар аввалин бор чемпион хоҳад шуд.

Зикр гардид, ки бозии навбатии дастаҳо 24 октябр сурат мегирад. “Соро компания” дар Душанбе “Сипар”-ро қабул мекунад.

Инчунин дар ду бозӣ барои ҷои сеюм бошад, дастаи “Муҳоҷир”-и шаҳри Душанбе бар тими “Истаравшан” ғалаба кард. Дар бозии аввал бо ҳисоби 8:5, дар бозии дуюм бо ҳисоби 6:5, тавзеҳ дод Кумитаи миллии олимпӣ. 

Футболбозони “Муҳоҷир” дар силсилаи бозиҳо барои ҷои сеюм бо ҳисоби 2:0 пешсафанд ва мумкин аст дар бозии навбатӣ медалҳои биринҷии лигаи касбии футзали Тоҷикистонро ба даст биёранд.

0
Барчаспҳо:
футзал, Кумитаи миллии олимпӣ, Тоҷикистон