Шлагбаун, архивное фото

Ӯзбекистон се гузаргоҳи марзияшро бо Тоҷикистон барои нақлиёти боркаш кушод

2145
(Таҷдидшуда 12:19 02.05.2020)
Ӯзбекистон шурӯъ аз 30 апрел ҳаракати нақлиёти боркашро аз Тоҷикистон тавассути қаламраваш ба дигар кишварҳо иҷозат додааст

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Дафтари матбуотии Вазорати нақлиёти ин кишвар иттилоъ дода гуфтааст, тасмими мазкур аз ҷониби ситоди махсуси давлатии Ӯзбекистон оид ба мубориза бо коронавирус гирифта шуд.

Ба иттилои манбаъ,  ҳаракати нақлиётҳои боркаш қаламрави давлатҳои дигар танҳо ҳоло тавассути се гузаргоҳи марзӣ - Саросиё, Ойбек ва Плотина иҷозат дода шудааст.

Гуфта мешавад,  ҳангоми убури сарҳад кормандони хадамоти гумруки Ӯзбекистон ба ронандагон масири ҳаракатро бо нишон додани ҷойҳое, ки таваққуф кардан ва харидорӣ кардан мумкин бошад, пешниҳод мекунанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳамчунин ронандагони мошинҳои транзитӣ дар Ӯзбекистон дар таваққуфгоҳҳои махсус бояд аз санҷиши коронавирус гузаранида хоҳанд шуд.

Ба таъкиди манбаъ, аз ронандагони транзитӣ инчунин талаб карда мешавад, ки замони ҳаракат дар Ӯзбекистон пӯшоки муҳофизатӣ, дастпӯшакҳо ва ниқобҳои тиббӣ пӯшанд.

Дар умум Тоҷикистон бо Ӯзбекистон 17 гузаргоҳи марзӣ дорад, ки дар ҳоли ҳозир 14 тои дигараш баста боқӣ мондаанд.

Беш аз ҳазор дардманди коронавирус дар Ӯзбекистон шифо ёфт

Ёдовар мешавем, Ӯзбекистон  баъди дарёфти нахустин гирифтори коронавирус  16 март марзҳояшро бо дигар кишварҳо баст.

Тибқи оморҳои ахир, мубталоёни коронавирус имрӯз дар ин кишвар ба 2094 нафар мерасад.

2145
Барчаспҳо:
транзит, нақлиёт, гумрук, гузаргоҳи марзӣ, Ӯзбекистон
Тонущий человек, архивное фото

Ғарқшавии ду ҷавон дар Хатлону Ҳисор: ҷасади яке ёфт ва дигаре то ҳол бедарак аст

12
(Таҷдидшуда 16:04 04.06.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон аз ду ҳодисаи ғарқшавии сокинони Хатлон ва Ҳисор хабар медиҳад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Наҷотбахшони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон давоми ду рӯз ҷасади дар об ғарқшудаи як сокини  23 - солаи деҳаи Пахтакори ноҳияи Кушониёнро меҷӯянд.

Ба иттилои котиботи КҲФ, Дониёр Азизов сокинои ноҳия Кушониён ҳангоми оббозӣ дар дарёи Вахш аз беэҳтиётӣ ғарқ шудааст.

"Хабари ғарқи дарё шудани ӯ ба Раёсати КҲФ дар Хатлон рӯзи 3-уми июн расид ва худи ҳамон лаҳза кормадони наҷот, ба ҷойи ҳодиса рафтанд ва то бегоҳ ҷасадро кофтанд. Вале ҷустуҷӯҳои рӯзи аввал натиҷа надод ва имрӯз, 4-уми июн корҳои кофтуков аз сар гирифта шуданд", - таъкид мешавад дар хабар.

Манбаъ аз ғарқшавии як ҷавони 18 - солаи дигар дар ноҳияи Ҳисор хабар медиҳад, ки баъди аз зуҳри рӯз 3 - уми май иттифоқ афтодааст.

Гуфта мешавад, сокини 18 - солаи деҳаи Мирзочӯли ноҳияи Рӯдакӣ ҳангоми оббозӣ дар канали калони Ҳисор ғарқ шуд.

Боқимондаҳои ҷасади сайёҳи рус, ки дар рӯди Хингоб ғарқ шуда буд, пайдо гардид

"Корҳои ҷустуҷӯи ҷасади ғарқшуда дирӯз то соати 20:05 дақиқа идома дошт, вале он бенатиҷа анҷомид", - омадааст дар хабар.

Зимнан, субҳи имрӯз, соати 03:00 сокинони деҳа ҷасадро тақрибан 70 метр поёнтар аз ҷойи ҳодиса мушоҳида карданд ва он аз об берун оварда шуда, ба пайвандонаш супурда шуд.

12
Милисаҳо, акс аз бойгонӣ

“Занма рӯз намедиҳад”: чаро Холалӣ падарашро кушт-видео

834
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон бо нашри гузориши видеоӣ тафсилоти бештари марги падар аз ҷониби писарро дар ноҳияи Вахш ироа кард

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи гузориши ВУД, маъмурини милиса Тӯхтаев Холалӣ, сокини 35 - солаи ноҳияи Вахшро барои даст доштан дар марги падараш, Тӯхтаев Холбобои 58 – сола боздошт кардаанд.

Манбаъ афзуд, Холалӣ ба далели он, ки падараш қаблан зани 30-солаашро латукӯб кардааст,  шаби 28-уми майи соли 2020, тахминан соати 23:30-дақиқа, ӯро бо офтоба чанд бор задааст. Дар натиҷа падари маҷруҳ дар беморхона ҷон додааст.

Писари муттаҳам дар гузориши видеоӣ изҳор медорад, ки “занма рӯз намедиҳад. Задай, кӯдаки майдаакима тарсондай. Боз занам ҳаштмоҳа ҳомиладорай. Ғам медиҳад, аз хона буро мегӯяд”. Ӯ илова намуд, ки бо офтоба чанд бор ба сари падараш зад.

Дар натиҷа ҷабрдида ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона  ба ҳалокат расидааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

834
Барчаспҳо:
писар, падар, ҷиноят, Тоҷикистон