Деньги с защитной маской

Барномаи рушди СММ барои мубориза бо коронавирус ба Тоҷикистон 600 ҳазор доллар медиҳад

578
(Таҷдидшуда 21:37 02.05.2020)
Барномаи рушди СММ барои мубориза ба COVID-19 ба Тоҷикистон ба таври иловагӣ 600 ҳазор доллар пешниҳод мекунад

ДУШАНБЕ, 2 май — Sputnik. Барномаи Рушди СММ барои мубориза ба коронавирус ба Тоҷикистонро 600 ҳазор доллар ҷудо мекунад, омадааст дар иттилоияи ин ниҳод.

"Барномаи рушди Созмони Милали Муттаҳид  дар Тоҷикистон тарафдори дастгирии ҳама гурӯҳҳои осебпазир ва некӯаҳволии онҳост ва инчунин ваъда медиҳад, ки дар ояндаи наздик барои вокуниши мустақим ба COVID-19 600 ҳазор доллар ҷудо мекунад" гуфт намояндаи доимии БРСММ дар Тоҷикистон Пратибха Меҳта.

Гуфта мешавад, рӯзи шанбе як ҳайати коршиносони ТУТ аз Ҷумҳурии Федеративии Олмон ба Тоҷикистон омад ва 3,6 тонна доруҳо барои беморони ВИЧ ворид карда шуд.

"Бо дастгирии Барномаи Рушди СММ парвози махсус ташкил карда шуд ва маводи дорувории воридшуда ба табобати нафарони гирифтори ВИЧ лозим аст. Ин гурӯҳи одамон аз ҷумлаи табақаҳои осебпазири аҳолӣ барои COVID-19 мебошанд",- иттилоъ медиҳад.

Мутахассисони Созмони ҷаҳонии беҳдошт барои мубориза бо COVID-19 ба Тоҷикистон омаданд

"Дар давраи муборизаи ҳамаҷониба бар зидди сирояти COVID-19, БРСММ дар Тоҷикистон тамоми чораҳои имконпазирро меандешад, то табобати баҳрабардорони лоиҳаро ҷиҳати пешгирии паҳншавии ВНМО идома диҳад, то ки ҳеҷ як аз аҳолии осебпазир сарфи назар нагардад", - омадааст дар хабар.

БРСММ қайд мекунад, ки парвоз бо дастгирии Сафорати Олмон ва ҳайати Аврупо дар Тоҷикистон барои бурдани шаҳрвандони аврупоӣ ба давлаташон ташкил карда шуд.

578
Барчаспҳо:
табибон, ТУТ, кумак, Барномаи Рушди СММ, Тоҷикистон
Старик , архивное фото

Латукӯби пирамард дар кӯча: пулу телефонашро гирифтаанд

390
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз ҳолати латукӯб ва ғорати марди солхӯрда дар шаҳри Душанбе хабар додааст

ДУШАНБЕ, 28 фев – Sputnik. Ба иттилои ВУД, ба идораи милиса дар шаҳри Ваҳдат пирамарди 73-сола муроҷиат карда, арз доштааст, ки дар кӯча мавриди латукӯб ва ғорат қарор гирифтааст.

Муроҷиаткунанда изҳор доштааст, ки  25-уми феврали соли 2021, тахминан соати 21:00, дар кӯчаи Хуросон шахси номаълум бе ягон асос ӯро лату кӯб намуда, бо роҳи зӯроварӣ аз ҷайбаш 1 адад телефони мобилии тамғаи “Алкател”  - ро гирифтааст.

Манбаъ афзуд, ҳамлагар дар баробари телефон инчунин  каме маблағро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, маъмурини милиса дар пайи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ марди 30-сола,  сокини шаҳри Ваҳдатро бо гумони латукӯб ва ғорати пирамард боздошт кардаанд.

Маълум шудааст, ки дастгиршуда пеш бо моддаҳои 237 ва 244-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон суд шудааст.

Мақомоти умури дохилӣ мегӯянд, феълан чораандешӣ барои оғози парвандаи ҷиноятӣ идома дорад. Назари бевоситаи дастгиршуда дар мавриди иттиҳомоти эълонкардаи мақомот маълум нест.

390
Барчаспҳо:
боздошт, латукӯб, Тоҷикистон
Скорая помощь, архивное фото

Садамаи маргбор дар роҳи Душанбе - Чаноқ: ронанда фавтиду мусофирон ҷароҳат бардоштанд

1476
(Таҷдидшуда 15:35 26.02.2021)
Ронандаи 27 - сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расида, мусофирони ӯ ба бемористон интиқол ёфтанд

ДУШАНБЕ, 26 фев — Sputnik. Дар садамаи маргбори нақлиётӣ дар роҳи Душанбе - Чаноқ як нафар ҳалок ва дуи дигар сахт ҷароҳатдор шуданд, хабар медиҳад Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, садама рӯзи 24, тахминан соати 20:30 дақиқа дар киломметри 269 -200 - и шоҳроҳи мошингарди Душанбе - Чаноқ рух додааст.

Гуфта мешавад, ронандаи автомашинаи тамғаи "Мерседес-Бенс", Бектошов Умари 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд аз ӯҳдаи идораи худрави худ набаромадаст.

Зимнан, номбурда ба самти муқобили роҳ баромада, ба автомашинаи тамғаи "Опел-Вектра", таҳти идораи Абдуғаниев Абдурауфи 29 - сола бархӯрдааст.

ВУД Тоҷикистон мегӯяд, дар натиҷа, Бектошов ронандаи автомашинаи "Мерседес-Бенс" ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Садама дар Анзоб: мошин чаппа шуду як нафар ҳалок гашт

Инчунин мусофирони автомашинаи тамғаи мазкур Бектошова Назираи 27 - сола, сокини шаҳри Хуҷанд ва Раҳимов Машраби 24 - сола, сокини ноҳияи Спитамен, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Манбаъ меафзояд, аз рӯи ҳодисаи мазкур таҳқиқот идома дорад.

1476
Барчаспҳо:
роҳ, мошин, садама
Овощи на сельскохозяйственной выставке в Худжанде

Дар хонаи ҳама ҳаст: маълум шуд, ки кадом сабзавот хатари маргро кам мекунад

31
Олимон аз хусусияти ғайриоддии маҳсулоте, ки дар яхдон ҳама ҳаст, дар тааҷҷуб афтодаанд: он хавфи маргро кам мекунад

ДУШАНБЕ, 28 фев — Sputnik. Олимони Иёлоти Муттаҳида маҳсулотеро номбар карданд, ки истифодаи он дар хӯроки ҳамарӯза ба кам кардани хавфи марг то чоряк мусоидат мекунад, менависад Express.

Ҳамин тавр, мутахассисони Ассотсиатсияи қалби амрикоӣ чунин хосиятҳои ғайриоддиро дар қаламфури чили пайдо карданд. Ин сабзавот метавонад хатари мурдан аз бемориҳои дил ва саратонро коҳиш диҳад.

Барои тасдиқи ин далел, олимон таҳқиқоти васеъ анҷом доданд, ки дар ҷараёни он маълумот дар бораи саломатии беш аз 570 ҳазор нафарро санҷиданд.

Ҳангоми таҳлил коршиносон хусусияти аҷиберо муайян карданд: онҳое, ки  дар хӯроки ҳамарӯзаи қаламфур истеъмол мекунанд, хавфи марг дар онҳо аз патологияи дилу рагҳо 26% ва аз саратон - 23% коҳиш меёбад.

Тибқи гуфтаи олимон, ин хусусияти сабзаҷотро бо мавҷудияти моддае бо номи капсатсин шарҳ додан мумкин аст. Он як қатор таъсири судманд дорад.

Капсатсин дорои хосиятҳои зидди илтиҳобӣ, антиоксидант ва зидди саратон мебошад. Ғайр аз он, он сатҳи глюкозаи хунро танзим мекунад.

Қаблан, олимон дар бораи хосиятҳои судманди чормағз барои занони аз 50-сола боло маълумот доштанд. Онҳо сафедаи сабзавот доранд, ки метавонанд ба марги бармаҳал аз бемориҳои дилу раг ва бемории заъиф таъсир расонанд.

Топ - 5 ғизо, ки инсонро ҷавон нигоҳ медоранд

Ва ғизое, ки хавфи маргро аз сабаби бемории девонагӣ то 20% зиёд мекунад, истеъмоли пайвастаи гӯшти сурх номида мешуд.

Қаблан, олимон дар бораи хосиятҳои судманди чормағз барои занони аз 50-сола боло гуфта буданд.

Чормағз дорои сафедаи растанӣ аст, ки метавонанд марги бармаҳалро аз бемориҳои дилу раг пешгирӣ кунад.

Истеъмоли зиёди гӯшти сурх бошад, хатарнок арзёбӣ мешавад.

31