Мужчина применяет насилие в отношении женщины. Архивное фото

Ноболиғи 17-сола ҳамсолашро бӯғи карда кушт

1396
(Таҷдидшуда 10:36 04.05.2020)
Кормандони милитсияи Тоҷикистон ноболиғи 17 соларо дар ноҳияи Варзоб, ки дар қатли як ноболиғи дигар гумонбар дониста мешавад, дастгир намуданд

ДУШАНБЕ, 4 мая — Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуои вазорати умури дохилаи Тоҷикистон кормандони милитсия ноҳияи Варзоб ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи Варзобро, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир карданд.

Тавре ВУД Тоҷикистон хабар додааст, ноболиғи 17-сола санаи 2-юми майи соли равон, дар ҳудуди деҳаашон аз сабаби муноқишаи ба миён омада, бо ноболиғи 17-солаи сокини ҷамоати деҳоти Варзоб-қалъаи ноҳияи мазкур ҷангу ҷанҷол кардаааст.

Суиқасд ба ҷони янга: марди қаблан маҳкумшуда зани бародарашро ҳангоми хоб корд зад

“Номбурда ҳамсолашро бо дастонаш ӯро бӯғӣ кардааст”, - таъкид доштааст ВУД Тоҷикистон.

Манбаъ зикр кардааст, ки дар натиҷа ҷавон писари 17-сола, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Дар ҳоли ҳозир, кормандони милитсияи ноҳияи Варзоб аз рӯи ҳодисаи мазкур  тафтишотро идома доранд.

1396
Барчаспҳо:
дастгир, гумонбар, Варзоб, ноболиғ, Тоҷикистон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

101
(Таҷдидшуда 10:55 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли равон, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

101
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд

64
(Таҷдидшуда 18:20 25.05.2020)
Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

64
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ