Жители города Душанбе в защитных масках на улице

Охирин омори CОVID-19 дар Тоҷикистон: 5 фавт ва 293 гирифтор

3256
(Таҷдидшуда 18:39 05.05.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон омори ҳаррӯзаи фавту гирифторӣ аз “вируси корона” дар кишварро нашр кард

ДУШАНБЕ, 5 май — Sputnik.    Бино ба ин манбаъ, теъдоди гирифторони коронавирус дар кишвар имрӯз ба 293 нафар расидааст, ки нисбат ба рӯзи гузашта 63 ҳолат афзоиш ёфтааст.

Ба иттилои манбаъ, имрӯ ҳамчунин 2 нафари дигар аз ин беморӣ фавтидаанд, ки дар умум теъдоди ҷондодагон ба панҷ нафар мерасад.

Тоҷикистон аввалин мавориди гирифторӣ ба коронавирусро 29 апрел эълон карда буд.

Он рӯз дар кишвар 15 ҳодисаи бемории сироятии коронавируси навъи CОVID-19, аз ҷумла дар вилояти Суғд 10 ҳодиса ва дар шаҳри Душанбе 5 ҳодиса ба қайд гирифта шуд.

Аммо вазорат омори гирифторон дар шаҳру вилоятҳои кишварро нагуфтааст.

Манбаъ мегӯяд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  айни замон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир  ва чораҳои заруриро амалӣ намуда истодаанд.

Вазорат аз тамоми сокинони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки ҷиҳати пешгирии сирояти мазкур пеш аз ҳама, қоидаҳои беҳдошти шахсиро қатъиян риоя  намоянд, зеро, дар урфият беҳуда нагуфтаанд, ки табиби ҳар шахс худи ӯст.

3256
Барчаспҳо:
омор, шаҳру вилоятҳо, гирифторон, фавт, вирус, Тоҷикистон
Мавзуҳо:
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон (494)
Портфель с документами, архивное фото

“Боло омад”: барканории прокурори ноҳияи Хуросон

205
(Таҷдидшуда 18:10 05.06.2020)
Саид Сафарзода, прокурори ноҳияи Хуросон, аз вазифа барканор шуд. Аммо ин барканорӣ то ба ҳол расман эълон нашудааст

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Як манбаъ дар мақомоти ҳукумати ноҳияи Хуросон дар таъйиди ин хабар ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, барканории Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ҳоло ӯ  дар Душанбе қарор дорад.

“Аз рӯи маълумоти мо, ӯ дар Душанбе ба вазифаи баландтар гузаштааст. Аммо то ба ҳол дар ҷои ӯ нафари тоза муаррифӣ нашудааст”, - гуфт манбаъ.

Тибқи иттилои сомонаи Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Саид Сафарзода Шараф Мушовири адлияи дараҷаи 1 буда, соли 1985 Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (он замон Донишгоҳи Давлатии Тоҷикистон ба номи В. И. Ленин) – ро хатм кардааст ва соли 2017 прокурори ноҳияи Хуросон таъин шудааст.

Тибқи муқаррароти қонунгузории Тоҷикистон, прокурор ҳуқуқи панҷ сол кор кардан дар як вазифаро дорад ва Сафарзода метавонист ду соли дигар кор кунад.

Ин барканорӣ то куҷо ба ҳаводиси 20 рӯзи ахир дар ноҳияи Хуросон рабт дорад, маълум нест. 14 ба 16 майи соли равон дар пайи боронҳои шадид дар ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон селхезӣ ба вуқӯъ пайваста, даҳҳо хонаро тахриб кард ва даҳҳо нафарро дар кӯча гузошт.

Осебдидагон бо нишони эътироз аз набудани кӯмак роҳи Душанбе - Бохтарро бастанд. "То кӯмак нарасонанд, роҳро боз намекунем!"- шиор доданд онҳо.

Баъдтар ниҳодҳои ҳукуматӣ кӯмаки худро ба осебдидагон расонданд ва вазъ оддӣ шуд.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ, Саид Сафарзода муовини ректори Донишкадаи такмили назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон таъин шудааст.

Иттилои барканорӣ ва таъиноти нави Саид Сафарзода то ба ҳол расман таъйид нашудааст.

БАРКАНОРИИ Саид Сафарзода бо фармони прокурори генералии Тоҷикистон сурат гирифта, ҲОЛО Ӯ ДАР Душанбе ҚАРОР ДОРАД.

205
Скорая помощь

Ҷаримаи ронандаҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта” ва ...: ба мошини ёрии таъҷилӣ роҳ надодаанд

203
Раёсати Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон оид ба нақлиёт дар Душанбе ронандаҳое, ки ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд ҷарима хоҳад кард

ДУШАНБЕ, 5  июн — Sputnik. Дар Тоҷикистон ба ҷаримаи соҳибони мошинҳое, ки сари вақт ба нақлиёти ёрии таъҷилӣ роҳ намедиҳанд, оғоз кардаанд, хабар медиҳад шабакаи телевизиони Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, танҳо давоми як санҷиш дар масофаи 15 киллометир 43 ҳолат ба қайд гирифта шудааст, ки автомобилҳои шахсӣ, мусофиркашҳо, микроавтобусҳои оддии ҷамъиятӣ ва ҳатто нақлиёти хидматӣ ба садои ёрии таъҷилӣ ва чароғакҳои равшани он тамоман аҳамият намедиҳанд.

Гуфта мешавад,  бо шарофати сабтҳои камераҳои назорати видеоӣ, Раёсати ВКД дар Душанбе тавонист тамоми ронандаҳое, ки ба чунин амал даст задаанд пайдо кардааст, ки миёнашон ронандаҳои худравҳои “Ренҷ Ровер”, “Тайёта”, “Мерседес” низ будаанд.

Барои ҳар як ронанда протокол тартиб дода шуд ва барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ҷарима ситонида шуд.

Қайд мешавад, ки ҳангоми сафарҳои таъҷилӣ, кормандони гуруҳи ёрии таъҷилӣ тамоми таҷҳизоти огоҳӣ, аз ҷумла чароғаки кабуд ва садоро (сигнал) истифода мекунанд, аммо ҳатто баъзан ин ба духтурон имкон намедиҳад, ки ба зудӣ ба ҷойи даъватшуда бирасанд.

Тибқи гузориш қоидаҳо на танҳо дар роҳҳо ва ҳатто дар назди биноҳои истиқоматӣ вайрон мешавад, ки сокинон дар назди дари биноҳо нақлиёти худро гузоштаанд, ки ворид шуданро душвор месозад.

Дар робита ба ин, Вазорати корҳои дохилӣ аз тамоми сокинони шаҳр хоҳиш менамояд, ки ба сигналҳои ёрии таъҷилӣ бодиққат бошанд ва ба гузариши бригада монеа нашаванд, зеро ин метавонад ба ҳаёти инсон арзиш дошта бошад.

Роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар пайтахт аз ҳама ронандагон даъват кардааст, ки тамоми қоидаҳои роҳро риоя намоянд ва ба ҳаркати бемамониати нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ халал нарасонанд.

 

 

203
Мэр города Душанбе Рустам Эмомали

Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони мактабу боғча шинос шуд

0
Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолият бунёд шуда, дар соли таҷлил аз 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад

ДУШАНБЕ, 5 июн – Sputnik. Имрӯз раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ бо ҷараёни сохтмони як қатор муассисаҳои соҳаи маорифи ноҳияи Шоҳмансур шинос шуд, гузориш медиҳад шаҳрдории Душанбе.

Бино бар иттилои манбаъ, раиси шаҳр аз сохтмони мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102 барои 1200 ҷойи нишаст дар як баст, дар кӯчаи Дӯстии Халқҳо ва Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш дидан кардааст.

"Иншооти мазкур дар доираи тадбирҳои бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд шуда, дар соли таҷлил аз 29-уми солгарди Истиқлолияти давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад", - тавзеҳ медиҳад манбаъ.

Ҷараёни шиносоӣ ва боздиди Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз рафти корҳои сохтмонӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102, воқеъ дар кӯчаи Дӯстии Халқҳои ноҳияи Шоҳмансур оғоз ёфт.

 

Ба раиси шаҳр иттилоъ дода шуд, ки то имрӯз дар иншоот корҳои асосии сохтмонӣ ба анҷом расида, ҳоло бинокорон ба  рангу бори дохил ва намои берунаи бино, васлу насби шабакаҳои муҳандисӣ ва ободонии ҳудуди Муассиса машғул мебошанд.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 102-и ноҳияи Шоҳмансур тибқи лоиҳа дар масоҳати 0,68 г. бунёд шуда, аз 4 бинои ҷудогона иборат мебошад.

Муассиса 4 ошёна буда,  51 синфхона, аз ҷумла 38 синфхонаи таълимӣ, 8 синфхонаи лабораторӣ, ба шумули синфхонаи компютерӣ, синфхонаҳои фаннии физика, кимиё, ҷуғрофия, алгебра ва омодагии дифоии ҳарбӣ, синфхонаҳои таълими меҳнат барои духтарону писарон, синфхонаҳои лингафонӣ, мусиқӣ, ҳайкалтарошию расмкашӣ, озомишгоҳ, толори варзишӣ, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхона барои 180 ҷой ва китобхона иборат мебошад.

Раиси шаҳр ҳамзамон бо ҷараёни сохтмони бинои Муассисаи томактабӣ барои 600 нафар кӯдак, воқеъ дар кӯчаи Аҳмади Дониш  шинос шуд.

Сохтмони ин муассисаи томактабӣ дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 12-уми ноябри соли 2019 оғоз гардидааст.

Масоҳати умумии қитъаи замин барои бунёди кӯдакистон 1,4 гектарро ташкил медиҳад.

Муассисаи томактабӣ аз таҳхона ва 3 ошёна бо болохона иборат буда, дорои 24 толор, аз ҷумла  толорҳо барои бозӣ ва дарсҳои мусиқию рассомӣ, ошхона барои 275 нафар, ду адад ҳавзи шиноварӣ барои 48 нафар, маҷлисгоҳ бо 224 ҷойи нишаст, китобхонаи маъмулӣ ва электронӣ, утоқҳои роҳбарият ва идоракунӣ, маркази тиббӣ, майдончаҳои варзишӣ, фаввораву соябон ва гулгашт  мебошад.

Ҳар як ошёна барои 8-гурӯҳ кӯдакон тарҳрезӣ гардидааст.

 

Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар иншоот 600 нафар бинокорон ва дигар мутахассисони соҳа дар ду баст фаъолият доранд.

Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ масъулинро вазифадор намуданд, ки  дар иншоот ситоди доиамалкунанда ташкил карда, корро дар се баст ба роҳ монанд ва иншоотро то муҳлати пешбинишуда мавриди истифода қарор диҳанд.

Бо ташаббуси Рустами Эмомалӣ “Тоҷикгидроэлектромонтаж” ба вазорати тандурустӣ кумак кард

Дар ин робита Роҳбарияти мақомоти иҷрояи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансур муваззаф гардид, ки дар ободонии гирду атрофи Муассиса ва рангу бори биноҳои ҳамшафати он саҳмгузор бошанд.

 

0