Девочка плачет, архивное фото

Саргузашти талхи як муҳоҷир дар замони пандемия: зан дар Русия фавтиду худ дар Ватан монд

2123
(Таҷдидшуда 00:11 21.05.2020)
Хуршеда Ҳамроқулова, роҳбари Маркази фарҳанги тоҷикон аз ҳамватанон хоҳиш кардааст, ба фарзандони як зани аз коронавирус фавтида кумак кунанд

ДУШАНБЕ, 6 май — Sputnik. Хуршеда Ҳамроқулова, дар саҳфаи фесбукияш навирштааст, дар шаҳри Химки Маскав, 4 май, модари чор фарзанд Нурматова Гулшан Расулқуловна аз бемории коронавирус фавтид.

Рӯзи гузашта 5 май ҷасади ӯро ҳамватанон дафн кардаанд.

Ба навиштаи Ҳамроқулова аз ин зан чор фарзанд: духтари калонӣ, нобино - Севара (13 сола), Шерзод (12 сола), Иброҳим (8 сола) ва кӯдаки навзод Муҳаммад Салоҳ, ки 21 апрели соли ҷорӣ таваллуд шудааст. ятим монданд

Номбурда гуфтааст, падари фарзандон Нурматов Дилшод Худойбердиевич дар Тоҷикистон буда бинобар сабаби баста будани роҳҳо омадан наметавонад.

“Падари хонадон тавонистааст, танҳо эътимоднома фиристад ва тибқи он се фарзанди ӯ ҳоло дар оилаи Янгилдина Танзила дар Химки қарор доранд ва тифли навзод Муҳаммад Салоҳ дар беморхонаи ноҳияи Сергей- Посади вилояти Маскав дар суроғаи деҳаи Скоропусковский, 97 зиндагӣ мекунанд.

Ӯ гуфтааст оилае, ки фарзандонро дар нигоҳубини гирифтааст, ба кумаки фаврии молиявӣ ниёз дорад.

Хонум Ҳамроқулова аз кулли ҳамватанони тавонманд хоҳиш кардааст, чи қадре метавонанд ба ин фарзандони ятим кумак кунанд, зеро имрӯз сарнавишт ва ҳаёти ин кӯдакон аз мову шумо низ вобаста аст.

Ӯ гуфтааст ҳисоботи ҳаррӯзари хайрияҳо дар Фейсбук ва саҳифаи Маркази фарҳангии Тоҷикистон дар Русия нашр хоҳад шуд.

2123
Барчаспҳо:
кумак, дархост, Маркази фарҳангии тоҷикон дар Русия, Хуршеда Ҳамроқулова, Русия, Тоҷикистон
Человек в воде, архивное фото

Оғози мавсими оббозӣ ва ҳушдори КҲФ ба сокинон: эҳтиёт кунед

17
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон бо фаро расиии фасли гармо ва мавсими оббозӣ ба сокинон ҳушдор додааст, ки аввал қоидаҳои шиновариро аз худ карда, пасон вориди об шаванд ва аз эҳтиёт кор бигиранд

ДУШАНБЕ, 4  июн — Sputnik. Тибқи иттилои сомонаи Кумита ин ниҳод чанд қоидаҳоро ба шаҳрвандон пешниҳод карда, хостааст дар масими оббозӣ онро риоя кунанд.

 Кумита сабаби ғарқшавии одамонро шарҳ дода гуфтааст, одамон на барои он ғарқ мешаванд, ки шиноварӣ наметавонанд, балки аз он ба фоҷеа мепечанд, ки аз соҳил дур мераванд ва ҳангоми бозгашт қувваташон намерасад. Дар ин ҳол онҳо ба воҳима дода мешаванд ва ҳисси боварӣ ба худ гум мешавад.

Ин ниҳод чандин тавсияҳоро ба сокинон пешниҳод карда гуфтааст, - танҳо баъди 1,5 - 2 соати ғизо хӯрдан, метавон дар обҳои озод дар ҳарорати на камтар аз 15 дараҷа гармии об оббозӣ кард

Барои оббозӣ ҳатман ҷойеро интихоб кард, ки махсус муайян шудааст ва набояд дар ҷойҳое, ки ношиносанд ғаввосӣ кард, зеро ба қаъри он метавонад санг, кундаҳои гурмдор, арматурҳои сохтмонӣ бошанд; 

Дар ҷойҳое, ки обсабзаҳо мерӯянд, набояд шино кард, чунки хатари ба онҳо печидан ва дар гирдоб ғарқ шудан пайдо мегардад.

Ғарқшавии се ноболиғ ва як ҷавондухтари 25 - сола дар Тоҷикистон

Набояд баъди дар офтоб гарм шудан ва ё сардии об, дар ҳоли  мастӣ оббозӣ кардан қаъиян манъ аст.

Тибқи омори Кумита  танҳо дар соли 2019 дар натиҷаи риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ дар обҳо ҳангоми оббозиву шиноварӣ 141 нафар дар кишвар ғарқ шуданд.

Аз ин шумор 11 нафари онҳо бачаҳои то 4-сола буданд. 14 нафар бачаҳои аз 5 то 11-сола; 31 нафарашон аз 11 то 16-сола, 50 тани дигар синнашон аз 17 то 35 буд ва 35 нафари боқимонда афроде буданд, ки синнашон аз 35 сол боло будаанд. 

17
Дуздӣ, акс аз бойгонӣ

Студияи “Тоҷикон групп”-ро дузд зад

65
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, студияи “Тоҷикон групп” дар шаҳри Душанбе ҳадафи дуздон қарор гирифтааст

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Тибқи иттилои ВУД, ба идораи милиса дар доҳияи Фирдавсӣ бо ариза ҷавони 21-сола, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ, муроҷиат намудаа, аз дуздӣ дар студияи “Тоҷикон групп” хабар додаст.

Муроҷиаткунанда арз доштааст, ки санаи 26-уми майи соли 2020, тахминан соати 11:00-дақиқа, шахси номаълум бо тариқи пинҳонӣ ба студияи “Тоҷикон Групп”, воқеъ дар кӯчаи Неъмат Қарабоев ворид шуда, аз он ҷо 1-адад блоки системавиро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

“Зарари расонидашуда 6 ҳазор сомониро ташкил медиҳад, таъкид кардааст Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Бобоҷонов боз 1 миллион сомониро барои мубориза бо COVID - 19 дод

Манбаъ афзуд, ки ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милиса ҷавони 25-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани кирдори дуздӣ дастгир карда шуд.

ВУД илова намуд, ки феълан аз рӯи ин ҳодиса тафишот идома дорад.

65
Барчаспҳо:
боздошт, дуздӣ, Тоҷикистон
Президент Таджикистана Эмомали Рахмон и глава Беларуси Александр Лукашенко

Лукашенко нақл кард, ки чӣ гуна дӯсташ Раҳмон бо пулемёт вориди Душанбе шуд

710
(Таҷдидшуда 18:41 04.06.2020)
Александр Лукашенко, раисиҷумҳури Белорус, дар пайи таъйини ҳукумати нави кишвараш изҳор дошт, ки аз ҳама муҳим ҳифзи сулҳу субот мебошад

ДУШАНБЕ, 4 июн — Sputnik. Лукашенко зимни суханронияш баъди таъйини ҳукумати нав изҳор дошт, ки Белорус ягон кишвари пасошӯравӣ аст, ки мусибатро надид.

Ӯ аз ҷумла танишҳо дар Украина, Гурҷистон, Молдова, Озарбойҷону Арманистон, Литваро зикр карда, солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистонро мисол овард.

Лукашенко нақл кард, ки Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо пулемёт ба пеш вориди Душанбе шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад, хабар дод нашрияи "Беларусь сегодня".

“Касе намедонад, ки чигуна дӯстам Раҳмон бо пулемёт вориди пойтахти Тоҷикистон шуд, то тартиботро ҷорӣ кунад. Чандин нафар он ҷо мурд. Чигуна бо ришдорҳо мубориза мебурданд”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорус инчунин аз он нақл кард, ки чигуна Ислом Каримов, раисиҷумҳури пешини Ӯзбекистон дар Андиҷон бо парондани ҳазор нафар ошӯбро шинонд.

“Ҳама ӯро маҳкум мекарданд, аммо вақте фавтид, ба зону зада фиғон бардоштанд, гиря мекарданд. Мо чунинро аз сар нагузарондаем ва намехоҳем онро дарк кунем. Бархе намехоҳанд, аммо мо ёдрас мекунем”, - гуфт Лукашенко.

Раисиҷумҳури Белорусия дар ҳузури ҳукумати ҷадиди кишвараш аҳамияти ҳифзи сулҳу суботро таъкид намудааст.

710