Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон

Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҶБВ-ро табрик кард: мо онҳоро фаромӯш нахоҳем кард

170
(Таҷдидшуда 09:51 08.05.2020)
Эмомалӣ Раҳмон зимни як паём ба муносибати таҷлил аз 75 солагии ғалаба бар фашизм тамоми собиқадорони ҷангу меҳнатро  ва мардуми кишварро табрик кард

ДУШАНБЕ, 8 май – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуотии президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, дар таърихи башарият санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳаммият ва ҷойгоҳи онҳо дар сарнавишти инсоният боз ҳам бештар аён мегардад.

Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, рӯзи Ғалаба бар фашизм дар радифи чунин санаҳои фаромӯшнашавандаи таърихӣ мақоми махсус дорад ва Тоҷикистон, ба далериву корнамоӣ ва ҷонбозиҳои дар майдони набард нишондодаи фарзандони бонангу номуси худ арҷ мегузоранд ва ҳар сол ин санаи таърихиро ҳамчун рӯзи ғалаба бар фашизм таҷлил менамоянд.

Ӯ гуфтааст, сокинони Тоҷикистон хотираи онҳоеро, ки аз ҷанг барнагаштаанд, яъне ҷони худро ба хотири озодӣ аз истеъмори фашистӣ қурбон кардаанд, ҳеҷ гоҳ аз хотир фаромӯш намекунанд ва эҳтироми онҳоеро, ки бо пирӯзӣ ба Ватан баргаштаанд, ҳамеша ба ҷой меоранд.

"Мо дар оянда низ бо сарфарозӣ иброз хоҳем дошт, ки дар таъмини ғалабаи бузург дар баробари фарзандони дигар халқу миллатҳо ҷавонмардони бонангу номуси Тоҷикистон нақши арзишманд гузоштаанд"- уфтааст раисиҷумҳур.

Ба таъкиди Эмомалӣ Раҳмон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ба аҳли башар бори дигар собит месозад, ки мустаҳкам намудани дӯстиву ҳамкорӣ ва робитаҳои неку созандаи халқу давлатҳои гуногун омили асосии таъмин намудани сулҳу суботи сайёра, рушди давлату халқҳои ҷаҳон ва рӯзгори орому осудаи мардуми олам буда, инсоният танҳо бо саъю талоши муштарак метавонад бар зидди ҳама гуна нерӯҳои бадхоҳ истодагарӣ намояд.

Дар он солҳо беш аз 300 ҳазор нафар шаҳрвандони кишвари мо ба ҷанг сафарбар гардида, дар майдони муҳориба зиёда аз 90 ҳазор нафари онҳо ҳалок ва беш аз 60 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд.

170
Барчаспҳо:
Тоҷикистон, табрикот, ҶБВ, Эмомалӣ Раҳмон
Арест, архивное фото

ВУД: мақомдор барои ситонидани 5 ҳазору 400-сомонӣ пора дастгир шуд

506
(Таҷдидшуда 12:07 26.05.2020)
Кормандони вазорати умури дохилаи Тоҷикистон сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳияро барои ситонидани пора дастгир карданд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Бино бар иттилои дафтари матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, кормандони милитсия марди 52-солаи сокини ноҳияи Дӯстӣ, сармутахассиси заминсози ҷамоати шаҳраки 20-солагии Истиқлолияти ҳамин ноҳия бо гумони гирифтани пора дастгир намуданд.

ВУД Тоҷикистон  таъкид доштааст, ки номбурда, аввалҳои моҳи ноябри соли 2019, барои тартиб додани санад ва пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ба мақомоти дахлдори ноҳияи Дӯстӣ аз марди 65-солаи ноҳияи мазкур 5 ҳазору 400-сомониро ҳамчун пора талаб карда гирифтааст.

Ҳамзамон манбаъ қайд намудааст, ки дар ҳоли ҳозир оид ба ин ҳолат нисбати гумонбаршаванда аз ҷониби Прокуратураи ноҳияи Дӯстӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Ёдрас мешавем, ки чанде пеш Оҷонсии мубориза бо коррусияи Тоҷикистон аз боздошти як корманди ҳукумати шаҳри Кӯлоб хабар дод, ки дар фиреби 12 сокини аҳаллӣ муттаҳам мешавад.

Ба иттилои манбаъ, Саидмумин Давлатов, мутахассиси пешбари мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кулоб моҳҳои май-июни соли 2019 ба боварии шаҳрванд Умаров Ҷ.О. даромада аз ӯ барои аз ҳудуди заминҳои шаҳри Кулоб ҷудо карда додани 0,06 га. қитъаи замини наздиҳавлигӣ, маблағи 9000 сомонӣ талаб карда гирифта, ба фоидаи худ сарф кардааст.

“Ғайр аз ин, номбурда. бо ҳамин тарзу усул аз 12 нафар шаҳрвандони дигар дар маҷмуъ маблағи 139000 сомонӣ талаб карда гирифта тасарруф намудааст”,-афзуд Оҷонсӣ.

Гуфта мешавад, вобаста ба ин ҳолат нисбат ба Саидмумин Давлатов бо моддаи 247 қисми 4 банди “б” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиши пешакии он идома дорад.

506
Барчаспҳо:
сомонӣ, ришва, дастгир, пора, вазорати умури дохила, Тоҷикистон
Афганские заключенные готовятся к освобождению из тюрьмы, архивное фото

Ашраф Ғанӣ 2 ҳазор ҷангҷуёни Толибонро афв мекунад: 100 нафар аллакай озод шуданд

66
(Таҷдидшуда 18:20 25.05.2020)
Рӯзи якшанбе раисҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки то 2000 нафар аъзои ҷунбиши радикалии Толибон ба озодӣ мебароянд

ДУШАНБЕ, 25 май – Sputnik. Мақомоти Афғонистон ба иҷрои нақшае пардохтанд, ки бояд 2 ҳазор узви ҷунбиши радикалии Толибон аз зиндон ба озодӣ бароянд.

Ба иттилои сухангӯйи Шӯрои Амнияти Миллии Афғонистон Ҷовид Файсал, рӯзи душанбе аллакай 100 ҷангии маҳкумшудаи Толибон маҳбасҳоро тарк намуда ба озодӣ баромаданд.

"Имрӯз ҳукумат 100 маҳбуси Толибонро аз зиндон озод кард, ки ин як иқдоми нек барои пешбурди талошҳои сулҳ, аз ҷумла дароз кардани оташбас (режим) ва фавран оғоз кардани музокироти мустақим аст", - навиштааст Фейсал дар Твиттер.

TOLO News бо истинод ба як сухангӯи ин шӯро гуфт, ки маҳбусон аз зиндони Баграм раҳо шудаанд.

Мақомдори афғон: Толибон ҳеҷ нияте барои сулҳ дар Афғонистон надорад

Рӯзи якшанбе президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ амр дод, ки 2000  аъзои ҷунбиши радикалии Толибонро дар арафаи Иди Фитр афв мекунад.

Дар охири моҳи феврал, дар як маросим дар Қатар, Амрико ва Толибон аввалин созишномаи сулҳро пас аз 18 соли ҷанг имзо карданд.

Шарти асосии ин созишнома хориҷ шудани низомиёни амрикоӣ аз хоки Афғонистон ва табодули маҳбусон ба ҳисоб меравад.

66
Барчаспҳо:
афв, Толибон, Афғонистон, Ашраф Ғанӣ
Доставка гуманитарного груза медикаментов из Индии в Таджикистан

Ӯзбекистон ба Тоҷикистон 24 тонна маводи доруворӣ фиристод

0
24 тонна маводи доруворӣ аллакай аз Ӯзбекистон фиристода шуд ва ба Раёсати тандурустии Тоҷикистон дастрас шуд

ДУШАНБЕ, 26 май – Sputnik. Ӯзбекистон ба Тоҷикистон кумаки башардӯстона равон кард, хабар медиҳад ожонси Тоҷик.ТА.

Қайд мешавад, ки кишвари ҳамсоя ба Тоҷикистон 24 тонаа маводи доруворӣ фиристод.

Ин кумак аслан аз маводҳои доруворӣ аз ҷумла интибиотикҳо иборат аст.

"Кумаке, ки аз ҷониби Ҳукумати Ӯзбекистон ба Тоҷикистон расид аллакай дар ихтиёри тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ гузошта шуд", - омадааст дар хабарнома.

Пештар Ӯзбекистон барои сохтани беморхонаи сайёр дар Душанбе ба кишвар 120 контейнер кумак карда буд.

Ин табобатхона аллакай дар ҳудуди майдони "Бофанда" сохта шуда, ба қабули мазирони коронавирус омода аст.

Ҳамчунин рӯзи 8 май аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ҳашт пизишк омаданд, ки барои ҳамтоёни тоҷики худ аз таҷрибаи андӯстаи худ дар самти мубориза бар зидди коронавирус, нақл карданд.

 

 

0
Барчаспҳо:
маводи доруворӣ, кумаки башардӯстона, Тоҷикистон, Ӯзбекистон