Девушка в наручниках, фото из архива

Қатли бераҳмонаи шавҳар аз сӯи зан дар пойтахт

1863
(Таҷдидшуда 11:23 10.05.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як зан хабар медиҳад, ки дар пайи рашки бемаврид шавҳари худро ба қатл расонидааст

ДУШАНБЕ, 10 май – Sputnik. Бино ба гузориши Вазорати умури дохилии Тоҷикистон боздоштшуда Эшонқулова Мавлудаи 38 сола сокини кӯчаи Аминҷон Шакуҳии пойтахт будааст

Тибқи иттилои манбаъ, гумонбар бо бераҳмии махсус бо 5 зарби корд шавҳарашро куштааст.

Ба иттилои манбаъ, тибқи нишондоди боздоштшуда ӯ бо ҳамсараш шаҳрвандр Хайрулин Вгаршаги 57 сола муддати тӯлонӣ зиндагии муштарак дошта, пайваста ба майнӯшӣ машғул будаанд.

Манбаъ мешӯяд, ҳодисаи куштор пас аз майнӯшии зиёд ва дар пайи муноқишаи лафзӣ ба амал омада, Эшонқулова Мавлуда ҳамзисташро бо чанд зарбаи корд  бераҳмона ба қатл расонидааст.

ВУД мегӯяд, нисбат ба боздоштшуда аз суи мақомоти прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур парвандаи ҷиноӣ бо иттиҳоми одамкушӣ боз шуда, номбурда дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

 

1863
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

140
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

140
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Бокал вина, архивное фото

Се литр вино ва дашном: Нуриддин фавтиду Шайдуло паси панҷара рафт - навор

914
(Таҷдидшуда 16:21 22.11.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки ҳамгоми мастӣ даст ба одамкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ, бо гумони одамкушӣ кормандони пулис Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдаровичи 45 соларо боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор санаи 17-уми ноябр дар дохили ошхонаи “Сомғор”-и ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдарович бо ошпази ҳамин чойхона Идрисов Нуриддин Ахмедовичи 60-сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд якҷо майнӯшӣ карда, дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада охиринро то дами марг задааст.

Гуфта мешавад, то лаҳзаи сар задани ҳодиса Шайдуллоев Шайдулло ва Идрисов Нуриддин, ки муносибати дӯстона доштаанд, маслиҳати майнӯшӣ мекунанд. Аз истеъмоли шароби дастӣ омодашуда ҳамқадаҳон ба зудӣ маст мешаванд ва миёнашон мунозираи лафзӣ сар мезанад”,- афзудааст манбаъ.

Шайдуллоев дар бозпурсӣ нишондод додааст, ки дашноми аз ҷониби ошпаз садододаро таҳаммул карда натавониста, бо дасту пой ва мизу курсию ашёҳои дар гирду атроф бударо ба сару рӯи ӯ зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ҳалок мешавад.

Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

Худи Шайдуллоев мегӯяд, ҳодиса пас аз нӯшидани беш аз се литр вино сар зад.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Шайдуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

914
Барчаспҳо:
ошпазӣ, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
Сомони и рубли, архивное фото

Аз болоравии рублу доллар ва евро то уфти сомонӣ: эълони қурби асъор

0
(Таҷдидшуда 23:47 23.11.2020)
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ барои имрӯз, 24 ноябр эълон кард

ДУШАНБЕ, 24 ноя — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1472 сомонӣ нишон дода шудааст.

Ин ниҳод қурби миёнаи фурӯши 1 доллари ИМА дар муассисаҳои қарзии Тоҷикистонро аз 11.3000 то 11.3300 сомонӣ арзёбӣ кардааст. 

Бонки миллӣ қурби миёнаи фурӯши 1 евроро 13.4567 то 13.6000 сомонӣ арзёбӣ кардааст.

Хариду фурӯши 1 рублро бошад, Бонки миллӣ имрӯз аз 0.1480 то 0.1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" нишондоди асъор нисбат ба дигарон каме болотар нишон дода шудааст.

Ин бонк хариду фурӯши 1 рублро имрӯз аз 0,1480 то 0,1500 сомонӣ муқаррар кардааст.

Дар “Спитаменбонк” бошад арзиши 1 рубл аз 0.1490 то 0.1510 ва дар “Алифбонк” бошад 1 рубл аз 0,1490 то 0,1515 сомонӣ нишон дода шудааст.

Пешгӯии коршиносон: қурби доллар ва рубл дар ноябр чанд хоҳад буд?

БМТ огоҳ менамояд, ки "берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад".

0
Барчаспҳо:
қурби асъор, Бонки Миллӣ, Тоҷикистон