Нож в руке

Сокини 57 - солаи Турсунзода пас аз қатл намудани ҷияни ҷавони худ даст ба худкушӣ зад

1289
(Таҷдидшуда 12:42 13.05.2020)
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз як ҳодисаи нохуш хабар медиҳад, ки ҷавони 27 - сола аз теги амаки худ ба ҳалокат расидаст

ДУШАНБЕ, 13 май — Sputnik. Ҳодисаи мазкур санаи 12-уми майи соли 2020, тахминан соати 10:00 дақиқа дар шаҳри Турсунзода рух додааст, хабар медиҳад котиботи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.

Ба иттилои манбаъ, марди 57-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ҷ.Раҳмонови шаҳри Турсунзода бо ҷиянаш ҷавони 27-солаи сокини ҷамоати деҳоти мазкур ҷангу ҷанҷол карда, бо корд 1-маротиба ба қафаси синааш задааст. 

Сохтмоне, ки поёнаш бо куштор анҷомид: коргарро ба қатл расонидаю пеши хона гӯр кардаанд

Манбаъ меафзояд, ҷабрдида ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
"Сипас, гумонбаршаванда бо мақсади даст ба худкушӣ задан, бо корд 1-маротиба ба бадани худаш задааст", - омадааст дар хабар.

ВУД мегӯяд, дар натиҷа, худи ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот идома дорад.

1289
Барчаспҳо:
худкушӣ, ҷиян, куштор, Турсунзода
Собака, архивное фото

Наҷоти саг аз чоҳ дар Душанбе

137
(Таҷдидшуда 21:46 22.11.2020)
Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегӯяд, сагеро наҷот доданд, ки дар чоҳ афтид

ДУШАНБЕ, 22 ноя – Sputnik. Наҷотдиҳандагон дар шаҳри Душанбе як сагро, ки дар чоҳи умқаш то 5 метр афтода буд, берун оварданд, хабар дод Раёсати КҲФ дар пойтахт.

Ба иттилои манбаъ, ин ҳодиса дар кӯчаи Маяковскии ноҳияи Синои пойтахт иттифоқ афтодааст.

“Ба қисми навбатдории Кумита соҳиби ин саг занг зад ва гуфт, ки сагашро наметавонад аз чоҳ берун орад”, - омадааст дар иттилоия. 

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба ҷои ҳодиса расида, вазъро арзёбӣ кардаанд. Ба иттилои котиботи КҲФ, маълум шуд, ки барои ин кор танҳо метавон аз таҷҳизоти Alpine истифода кард.

“Онҳо ба чоҳ поин шуданд ва сагро беозор боло оварданд. Чун соҳиби саг он ҷо буд, ҳайвон ба наҷотдиҳандагон ҳеч муқовимате ҳам накард”, - таъкид кард манбаъ.

КҲФ илова намуд, ки саги афтода ба чоҳ солим берун оварда шуд ва ба ёрии байторӣ ниёз надошт.

137
Барчаспҳо:
наҷотдиҳӣ, Тоҷикистон
Бокал вина, архивное фото

Се литр вино ва дашном: Нуриддин фавтиду Шайдуло паси панҷара рафт - навор

900
(Таҷдидшуда 16:21 22.11.2020)
Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ аз боздошти як сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафуров хабар медиҳад, ки ҳамгоми мастӣ даст ба одамкушӣ задааст

ДУШАНБЕ, 22 ноя - Sputnik. Бино ба гузориши Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати вазорати корҳои дохила дар вилояти Суғ, бо гумони одамкушӣ кормандони пулис Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдаровичи 45 соларо боздошт кардаанд.

Ба иттилои манбаъ, ҳодисаи куштор санаи 17-уми ноябр дар дохили ошхонаи “Сомғор”-и ноҳияи мазкур дар ҳолати мастӣ сар задааст.

Манбаъ мегӯяд, Шайдуллоев Шайдулло Ҳайдарович бо ошпази ҳамин чойхона Идрисов Нуриддин Ахмедовичи 60-сола истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд якҷо майнӯшӣ карда, дар натиҷаи муноқишаи бамиёномада охиринро то дами марг задааст.

Гуфта мешавад, то лаҳзаи сар задани ҳодиса Шайдуллоев Шайдулло ва Идрисов Нуриддин, ки муносибати дӯстона доштаанд, маслиҳати майнӯшӣ мекунанд. Аз истеъмоли шароби дастӣ омодашуда ҳамқадаҳон ба зудӣ маст мешаванд ва миёнашон мунозираи лафзӣ сар мезанад”,- афзудааст манбаъ.

Шайдуллоев дар бозпурсӣ нишондод додааст, ки дашноми аз ҷониби ошпаз садододаро таҳаммул карда натавониста, бо дасту пой ва мизу курсию ашёҳои дар гирду атроф бударо ба сару рӯи ӯ зада аз пой меафтонад, ки дар натиҷа ҳалок мешавад.

Оқибати майнушӣ: соҳибхона дар ҳолати мастӣ ҳамқадаҳи 50 - солаашро то мурдан куфт

Худи Шайдуллоев мегӯяд, ҳодиса пас аз нӯшидани беш аз се литр вино сар зад.

ВУД мегӯяд, ҳоло нисбат ба Шайдуллоев парвандаи ҷиноӣ оғоз шуда, дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.

900
Барчаспҳо:
ошпазӣ, куштор, Бобоҷон Ғафуров, Суғд, Тоҷикистон
Выборы в Таджикистане

Вазорат: дар 24 соати гузашта марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта нашуд

0
(Таҷдидшуда 20:02 23.11.2020)
Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, шабонарӯзи гузашта ягон ҳолати фавт бар асари коронавирус дар ҷумҳурӣ сабт нашудааст

ДУШАНБЕ, 21 ноя – Sputnik. Тибқи иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, шабонарӯзи охир дар Тоҷикистон 38 ҳолати нави сирояти COVID-19 ба қайд гирифта шуд.

Маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ афзуд,  дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30 апрел то 23 ноябр 11 ҳазору 932 ҳолатро ташкил медиҳад.

“Дар як шабонарӯзи охир 41 нафар пас аз табобат ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, дар маҷмӯъ шумораи шифоёфтагон аз ин беморӣ дар Тоҷикистон ба 11 ҳазору 312 нафар баробар гардид. Бар асари ин беморӣ 86 нафар фавтидаанд”, - омадааст дар иттилоия.

Вазорати тандурустӣ илова намудааст, ки то имрӯз 94,8%-и гирифторон аз коронавирус шифо ёфтаанд.

Таъкид шудааст, ки  Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати пешгирӣ ва табобати коронавируси нави CОVID-19 тамоми тадбир ва чораҳои заруриро амалӣ менамояд.

0
Барчаспҳо:
вазоратхона, марг, ҷумҳурӣ, фавт, вируси корона, Тоҷикистон